(Идома аз шумораи №34 (4774), 15 марти соли 2024)
Пайдоиши падидаи Конститутсия ва рушди он дар Тоҷикистон бо таърихи соҳибдавлат гаштани миллати тоҷик дар давраи ҳокимияти шуравии сотсиалистӣ рост меояд. То давраи аз тарафи Россияи подшоҳӣ забт гардидани Осиёи Миёна ва паҳн кардани низоми ҳуқуқии ҳокимияти подшоҳӣ низоми ҳуқуқӣ дар ин сарзамин шариат ба ҳисоб рафта, рукнҳои он ба тарзи ҳаёти мардум роҳ ёфта буд. Аз ин рӯ, зарурият ба низоми ҳуқуқ ва қоидаҳои дунявӣ ҷой надошт. Бо ғалабаи инқилоби пролетарӣ дар Россия ва ташаккулёбии ҳуқуқи типи нави сотсиалистӣ доираи амали он ба ҳамаи мулкҳои дар ихтиёри Россия қарордошта паҳн карда шуд. Минбаъд бо забт шудани Аморати Бухоро ва хонигарии Хива дар Осиёи Миёна мавқеи шариат батадриҷ маҳдуд ва оқибат тамоман бекор карда шуд. Бо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ҳамчун ҷумҳурии мухтор (соли 1924) ва табдилёбии он ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ (соли 1929) низоми қонунгузории шуравӣ дар Тоҷикистон пурра пойдор ва то татбиқи расмиёти конститутсионӣ расид. Вазъи ҳуқуқии ҶМШС Тоҷикистон дар Конститутсияи соли 1929 танзим ёфт, аммо ин воқеа бо ҳодисаи тағйирёбии сохтори давлатии Тоҷикистон рост омад. Кӯшиши халқи тоҷик ба устувор намудани давлатдории миллии худ тавассути санадҳои давлати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ дар моҳи октябри соли 1929 асоси ташкилёбии (табдилёбии ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии иттифоқӣ) Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид. Ин ҳодиса тавассути санадҳои таъсисдиҳандаи Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд.
Конститутсияи соли 1929. Конститутсияи мазкур давраи нахустини соҳибдавлат гардидани халқи тоҷикро ҷамъбаст ва тавассути санадҳои сиёсӣ-ҳуқуқии дар анҷумани якум ва дуюми шуроҳои ҷумҳурӣ қабулшуда расмӣ гардиданд. Мувофиқи супориши анҷуманҳои якуми таъсискунандаи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ (декабри соли 1926) ҳукумати ҷумҳурӣ ба Анҷумани дуюми умумитоҷикистонии шуроҳо лоиҳаи Конститутсияи аввалинро тайёр ва пешниҳод намуд. Моҳи апрели соли 1929 Конститутсияи мазкур қабул карда шуд ва дар он, дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон бо ҳуқуқи мухторӣ қарор доштани Тоҷикистон ва тавассути он ба ҳайати ИҶШС дохил будани он инъикос карда шуд. Дар рӯзи хотимавии кори Анҷумани дуюми умумитоҷикистонии шуроҳо баробари қабули Конститутсия, инчунин, қарор дар бораи қонеъ гардондани муроҷиати ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон қабул кардани округи маъмурии Хуҷанд тасдиқ ёфт. Қарори мазкур вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷумҳуриро куллан тағйир дод. Дар ҳамин замина бо анҷомёбии кори Анҷумани дуюми умумитоҷикистонии шуроҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ маъракаи сиёсии тарафдорӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон идома ёфт ва мардум онро бо рӯҳбаландӣ маъқул шумориданд. Моҳи октябри соли 1929 Анҷумани сеюми фавқулодаи шуроҳои ҷумҳурӣ тавассути Эъломия, Изҳорот ва Қарори табдилёбӣ ҶМШС Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии шуравии Сотсиалистӣ ва бевосита дар ҳайати ИҶШС қарор доштани он расмӣ гардонд. Ин қарорҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶШС Ӯзбекистон ва ИҶШС дастгирӣ ёфтанд. Бо сабабҳои мазкур расман ба амал даромадани аввалин Конститутсияи Тоҷикистон аз байн бардошта шуд.
Конститутсияҳои солҳои 1931, 1937 ва 1978. Мувофиқи супориши Анҷумани сеюми шуроҳо Раёсати КИМ-и ҶШС Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи ҶШС Тоҷикистонро пешниҳод намуд ва он моҳи феврали соли 1931 аз тарафи Анҷумани чоруми умумитоҷикистонии шуроҳо баррасӣ ва қабул гардида, аммо таҳрири хотимавии он хеле кашол ёфт. Барои таҳрир ва такмили меъёрҳои он комиссияи махсус ташкил ёфт ва фақат моҳи декабри соли 1932 бо қарори Раёсати КИМ матни Конститутсия ба чоп расида, аммо кори мукаммал гардондани Конститутсияи мазкур идома ёфта, 16-уми ноябри соли 1934 Раёсати КИМ-и ҷумҳурӣ комиссияи навро барои омода кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мазкур ташкил кард. Таклифҳои комиссия дар ин бора аз тарафи Раёсати КИМ омӯхта ва ба Анҷумани 5-уми умумитоҷикистонии шуроҳо пешниҳод карда шуд. 16 январи соли 1935 таҳрири нави Конститутсияи соли 1931 тасдиқ гардид, ки дар он бисёр меъёр ва ҳолатҳо, таркиби он ба тарзи нав муқаррар гардида буданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳамин давра Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва конститутсияҳои дар асоси он қабулгардидаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шуравӣ низ дар таҳрири нав тасдиқ карда шуданд. Дар ҳамин асос баъзе олимони шуравӣ Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931-ро дар таҳрири соли 1935 Конститутсияи нави ҷумҳурӣ шуморида, иддао мекарданд, ки гӯё дар ҶШС Тоҷикистон чор Конститутсия қабул шуда бошад, вале ин ғалати маҳз буда, он дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1924 қабул шуда, то дар амал будани он бекор нашуда буд. Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 дар таҳрири соли 1935 ҷойи Тоҷикистонро дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ муайян карда, ҳуқуқҳои соҳибихтиёронаи онро дар ҳайати ИҶШС танзим намуд.
Конститутсияи дуюми ҶШС Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1936 дар Анҷумани шашуми шуроҳои ҶШС Тоҷикистон 1-уми марти соли 1937 қабул карда шуд. Дар он раванди баанҷомрасии давраи гузариш аз сохтори куҳнаи ҷамъияти сотсиалистӣ ба давраи нави рушди давлатдорӣ расмӣ гардид. Мазмун ва таъйиноти асосии Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937 ба ҳамин омилҳо робита дошта, раванди рушди давлатдорӣ ва заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давраи сотсиализмро инъикос намуд.
Конститутсияи охирини давраи ҳокимияти шуравии ҶШС Тоҷикистон 14 апрели соли 1978 аз тарафи Шурои Олии ҷумҳурӣ мувофиқи Конститутсияи ИҶШС аз 7 октябри соли 1977 қабул карда шуд. Конститутсияҳои мазкур мувофиқи барнома ва хулосаҳои ҳизби коммунист дар бораи давраҳои рушди ҷомеа ва давлати шуравӣ қабул гардиданд. Дар онҳо ҳолатҳо дар бораи аз давраи сотсиализм ба давраи нави рушди он сотсиализми мутараққӣ, давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, тағйирёбии асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таркиби иҷтимоии давлат ва ҳоказо инъикос шуданд.
Конститутсияҳои иттифоқии давраи ҳокимияти шуравӣ. Бо таъсисёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сосиалистӣ (ИҶШС) дар соли 1922 зарурияти қабули аввалин Конститутсияи умумииттифоқӣ ба вуҷуд омад. То он вақт ҳар як ҷумҳурии нави шуравӣ конститутсияи худро қабул карда, дар асоси он фаъолияти худро ба роҳ мемонд. Дар байни онҳо конститутсияи аввалини шуравии сотсиалистӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Федеративии Сотсиалистии Россия соли 1918 ҳамчун конститутсияи типи нави намунавӣ аҳамияти хос дошт. Конститутсияи якуми ИҶШС 6 июли соли 1923 аз тарафи КИМ-и ИҶШС қабул ва ба амал дароварда шуд ва 31 январи соли 1924 онро Анҷумани дуюми шуроҳои ИҶШС тасдиқ кард ва бо ин сабаб он «Конститутсияи (Қонуни асосии) Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ» (соли 1924) ном гирифт. Таркиби Конститутсияи мазкур аз ду ҳуҷҷати таъсиснамоии ИҶШС: Эъломия ва Шартнома дар бораи ташкилёбии ИҶШС иборат гардид. Дар онҳо ҳамаи асосҳо ва усулҳои ташкилёбии давлати нави умумииттифоқӣ, аз ҷумла дар асоси баробарҳуқуқии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъсис ёфтани давлати умумииттифоқӣ, аз намояндагии баробари ҷумҳуриҳо иборат будани ҳайати мақомоти олии намояндагии иттифоқӣ, ҳуқуқи озодона аз ҳайати ИҶШС баромадани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ғайра муқаррар ва танзим ёфта буданд. Конститутсияи мазкур меъёрҳои ба давраи гузариш аз сохтори куҳнаи капиталистӣ ба сохти нави сотсиалистиро танзим кард.
Миёнаи солҳои 1930 аз тарафи ҳизби болшевикон ва ҳукумати шуравӣ хулоса бароварда шуд, ки дар ИҶШС давраи гузариш анҷом ёфт ва акнун муносибатҳои ҷамъияти сотсиалистӣ асосан пойдор гардида, дар заминаи худ ривоҷ меёбад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи нави ИҶШС зарур дониста шуд. Анҷумани 8-уми шуроҳои ИҶШС 5 декабри соли 1936 Конститутсияи дуюми ИҶШС-ро қабул кард. Дар он муносибатҳои нави ба ҷамъияти сотсиалистӣ хос танзим гардиданд. Муқаррар карда шуд, ки асоси иқтисодии давлатро моликияти сотсиалистӣ ба олот ва воситаҳои истеҳсолот дар шакли моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, асоси сиёсии ҳокимияти давлатиро шуроҳои вакилони меҳнаткашон ва асоси иҷтимоии давлатро иттифоқи байни коргарон ва деҳқонон ташкил менамоянд. Дар асоси Конститутсияи мазкур ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шуравии сотсиалистӣ соли 1937 конститутсияҳои худро қабул намуданд, ки ҳар кадом зиёда аз 41 сол мавриди амал қарор дошт.
Конститутсияи сеюми охирини ИҶШС соли 1977 ба як навъ Барномаи ҳизбию давлатӣ шабоҳат пайдо карда, дар он бисёр ҳолатҳои назариявию мафкуравии давраи нави рушди ҷомеаи сотсиалистӣ ва давлати шуравӣ танзим карда шуданд. Дар қисми даромади он ки дебоча (преамбула) ном гирифт, музаффариятҳои ИҶШС дар сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ зикр шуда, чандин хулосаҳо дар бораи дурнамои рушди ҷомеа ва давлат қайд ёфтанд. Аз ҷумла, ягонагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравии ҷамъияти сотсиалистӣ, табдилёбии давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, барпоёбии ҷамъияти мутараққии сотсиалистӣ, баланд гардидани нақши ҳизби коммунистӣ ҳамчун неруи тавонои халқ қайд карда шуд. Дар дебоча тавсифи муфассали сифатҳои ҷомеаи мутараққии сотсиалистӣ дарҷ шуд, ҳадафи олии давлати шуравӣ барпо кардани ҷамъияти бесинфи коммунистӣ, ки дар он худидоракунии ҷамъиятии коммунистӣ ривоҷ меёбад, дода шуд. Вазифаҳои дар назди халқи шуравӣ дар ин марҳила истода номбар карда шуданд. Дар матни Конститутсияи ИҶШС соли 1977 кӯшиш карда шуда буд, ки ба ҳолатҳои қайдёфта меъёр ва ҳолатҳои он мувофиқат дошта бошанд. Мувофиқи нақшаи ҳизбию давлатии шуравии сотсиалистӣ конститутсияи мазкур бояд конститутсияи охирин мегардид, зеро ки дар давраи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи коммунистӣ бояд давлат ва мақомоти давлатӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бекор шуда, ҷойи онҳоро ҷамъияти худидоракунии коммунистӣ ва кодекси бинокори коммунистӣ ишғол мекарданд, аммо бо гузашти ҳамагӣ чордаҳ сол давлати шуравӣ пош хӯрд, конститутсияю қонунҳои он бекор шуданд. Ҳамаи понздаҳ ҷумҳурии иттифоқии дар ҳайати ИҶШС қарордошта соҳибистиқлол гардиданд ва конститутсияю низоми қонунгузории худро таъсис доданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994. Ҳанӯз дар давраи дар ҳайати ИҶШС қарор доштани Тоҷикистон, тибқи сиёсати бозсозӣ ва кӯшиши навгардонии асосҳои сохтори конститутсионии давлати умумииттифоқии шуравии сотсиалистӣ дар миқёси ИҶШС таҳияи лоиҳаи шартномаи иттифоқӣ ва лоиҳаи Конститутсияи ИҶШС пеш гирифта шуд. Аз оғози соли 1990 дар Тоҷикистон низ кор оид ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурӣ суръат гирифт. Рафти таҳия ва анҷоми кор аз болои конститутсияи нави ҷумҳуриҳо бо қабули шартномаи нав ва Конститутсияи иттифоқӣ вобаста буд, бо сабабҳои гуногун ин кор кашол ёфта, охири охирон боиси барҳамхӯрии ИҶШС гардид. Аз соли 1992 дар давлатҳои собиқ шуравии нав соҳибихтиёргардида кори таҳияи лоиҳаи Конститутсияҳо ба анҷом расонда шуда, қабули онҳо суръат гирифт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ лоиҳаи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 1992 ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод ва дар рӯзномаҳо чоп шуданд. Бо оғоз ва тезутундшавии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ масъалаи қабули Конститутсияи нав ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Ҳамзамон, масъалаҳои таъҷилии танзими сохтмони давлатӣ тибқи қабули қонунҳо дар бораи тағйироту иловаҳо дохил кардан ба Конститутсияи ҷумҳурӣ соли 1978 ҳал карда мешуданд.
Давраи нави кор аз болои лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Иҷлосияи XVI даъвати дувоздаҳуми Шурои Олӣ ва интихоби ҳайати нави роҳбарияти ҷумҳурӣ робита дорад. Роҳбарияти нави сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон зуд дарк намуданд, ки ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба қабули Конститутсияи нав вобаста аст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 1994 зарурияти ҳар чӣ зудтар қабул кардани Конститутсияи нав асоснок муҳлат ва тартиби қабули он муайян карда шуд. Моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот барои муҳокима чоп шуд. 22 июли соли 1994 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи нав ва натиҷаи муҳокимаи умумихалқии онро баррасӣ намуда, онро маъқул шуморид ва барои қабул ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод кардани онро тавсия кард. Аз ду лоиҳаи пешниҳодшуда лоиҳаи идораи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раъйпурсӣ пешниҳод гардида, лоиҳаи идораи парлумонии ҷумҳурӣ беэътибор дониста шуд. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 тибқи расонаҳои ахбор чунин буд: аз 2685724 шаҳрванди ба рӯйхат гирифташуда 2535437 нафар, яъне 94,4 % дар овоздиҳӣ иштирок карда, ба тарафдории қабули Конститутсия 2352554 нафар, яъне 87,59 % ва муқобил 105300 нафар ё 3,92 нафар овоз доданд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 давраи муайяни таърихи нави пайдоиши давлатдории миллати тоҷикро аз соли 1924 то соли 1994, яъне 70 соли давраи ҷамъияти сотсиалистӣ ва рушди онро ҷамъбаст карда, давраи нави камолоти давлатдории миллӣ, давраи соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард. Акнун дар заминаи он ҷомеа ва давлати Тоҷикистон давра ба давра барои ноил гаштан ба қуллаҳои баланди соҳибихтиёрии миллӣ, давлатӣ ва таъмини устувории ваҳдати миллӣ кӯшиш менамоянд.
Ашӯрбой ИМОМОВ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,
Ҷурахон МАҶИДЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ