18-уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Шуморо дар робита ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи президентӣ самимона табрик менамоям.
Натиҷаҳои овоздиҳии доиргардида боз як далели возеҳи тасдиқи обрӯю эътибори баланди сиёсии Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Россия ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати давлатиатон ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи байналмилалии он мебошад.
Мо ба густариши бемайлони шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Россия аҳамияти пайваста медиҳем.
Саҳми назарраси Шуморо дар таҳкими тамоми маҷмӯи муносиботи давлатҳоямон қадр мекунем.
Омодаем, ки якҷо бо Шумо дар оянда низ ҷиҳати ба сатҳи баланди нав баровардани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар ба нафъи мардумонамон талошҳои муштарак ба харҷ диҳем.
Сидқан ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, сиҳатмандии комил ва дар татбиқи нақшаҳое, ки дар роҳи некуаҳволӣ ва шукуфоии Россияи бародар муайян кардаед, комёбиҳои нави барҷаста орзумандам».
www.prezident.tj