Наврӯз ва Истиқлолият

Ҷашни одамияту фарҳангсолорӣ

№36 (4776) 20.03.2024

25438565044_3d2a44c148_oБа шарофати истиқлолияти давлатӣ ва муттаҳидию сарҷамъии миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллиро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад.

Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму оини он соҳиби рамзҳоест, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз дар рӯзгори мардум мақоми хоса дорад.

Расми хубе, ки тоҷикон дар ҷашнгирии Наврӯз анҷом медиҳанд, суннати густурдани суфра ё дастурхони идона аз боигарии табиати диёр мебошад, ки ифодагари саховатмандии табиат буда, ишора бар он аст, ки инсон низ мисли табиат бояд саховатпеша бошад.

Ин ҷашн дар омад-омади худ як пайки хосеро доро мебошад. Дар ин рӯзҳо ҳама, бахусус гулдухтарон, либосҳои атласу чакан ба бар намуда, модарон ба тайёр кардани суманаки наврӯзӣ омодагӣ мегиранд ва деҳқонон ба киштукор оғоз мекунанд.

Дар айёми Наврӯз табиат эҳё гардида, инсон неруи нав мегирад, одамон амалҳои саховату накукорӣ ва хайру савобро ба ҷо меоранд ва ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад ва Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.

Аз абёти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бармеояд: «Вақте ки Ҷамшед аз корҳои давлатдорӣ биёсуд, бар тахти каёнӣ биншаст ва тамоми бузургони кишвар ва лашкар бар атрофи тахти ӯ давра нишастанд ва бар ӯ гуҳар пошиданд. Шоҳ Ҷамшед ин рӯзро, ки нахустин рӯзи Фарвардин ва оғози сол буд, Наврӯз номид».

Мардуми ориёӣ дар тӯли қарнҳо бо тамоми роҳу воситаҳо тавонистанд, ки ин мероси фарҳангии худ, аз ҷумла анъанаи ҷашни Наврӯзро нигоҳ доранд. Онро аз хурофот дифоъ карданд ва ин анъанаро то ба насли имрӯз расонданд. Айни ҳол ҷашни Наврӯзро ғайр аз кишвари мо боз дар бисёр манотиқи олам, ба мисли Эрону Озарбойҷон, Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон, Афғонистону Албания, Туркияю Македония, Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, таҷлил менамоянд.

Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз далели он аст, ки ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии насли башар буда, инсонро ба сӯи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, хирадмандию ақлгароӣ ва худшиносию худогоҳӣ ҳидоят намудааст.

Боиси ифтихори ватандорони Наврӯз, аз ҷумла миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик Наврӯз чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Зеро бо ташаббусу пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони як зумра кишварҳои ҳавзаи Наврӯз 30-юми сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва дар ин асно Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Маҳз бо ҷаҳонӣ гардидан Наврӯз ҳамчун ҷашни созандаю сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо, таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ ва таъминкунандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ эътироф гардид.

Яке аз сабабҳои зуд истиқбол шудани Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ дар он аст, ки ҷашни фарҳангию сулҳофар аст ва ба дину оине рабт надорад. Аҷдодони мо мегуфтанд, ки дар рӯзи таҷлили ин ҷашн бояд дилҳо аз кинаю нафрат пок бошанд ва бо миёнаравии шахсони рӯзгордида қаҳриҳо бо ҳам оштӣ мекарданд.

Боиси хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ифтихор аз яксолагии амалӣ гардидани панҷумин ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд. Аз ҷониби СММ эълон шудани 21-уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар пасманзари Ҷашни байналмилалии Наврӯз рамзу ҳикмат дошта, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фарҳанг, таърих, осори ниёгони миллати тоҷик ва шахсияти Пешвои миллат, эҳёгари расму оинҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамин гуна, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва оини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард.

Дар ин рӯз ҳунарҳои миллии мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишҳои дастаҷамъии ҳунармандон, бозиҳои миллӣ, аз қабили гӯштин, бузкашӣ, аспдавонӣ, баргузор мегарданд.

Инчунин, бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон бисёре аз маросими наврӯзӣ, суннатҳои ин оини бостонӣ бо шаклу шеваи нав роиҷ шуда истодаанд. Аз ҷумла, бо ибтикори Пешвои миллат тарҳи арчаи наврӯзӣ ва халтачаҳои солинавӣ таҳияву тасдиқ шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»