Суҳбати сарироҳӣ

№36 (4776) 20.03.2024

1666306893_2-podacha-blud-com-p-prazdnichnii-stol-na-novruz-bairam-foto-4Гузаштагонамон Наврӯзро ҳамчун иди баҳор, рӯзи аввали соли нав, бо меҳру муҳаббат ва зебоию покӣ ҷашн мегирифтанд. Ҳар кӣ дар ин рӯз бо дили пок орзуе намояд, албатта, ба мақсадаш мерасад. Дар арафаи таҷлили ин иди бузурги байналмилалӣ бо чанде аз ҳамватанонамон суҳбати сарироҳӣ анҷом додем.

Садбарг ҲАЙДАРЗОДА,

мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак:

- Наврӯз моро ба гузаштагони дурамон беҳтару бештар ошно месозад, зеро мо аз Наврӯз дармеёбем, ки онҳо чӣ гуна анъанаю маросим доштанду сарсабзӣ, покӣ ва меҳрро васф менамуданд. Шайх Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Одамӣ нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,

 Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад, ҳатаб аст.

 Воқеан, Наврӯз иди бедорӣ, иди сарсабзӣ аст. Бо бедор шудани табиат одамӣ низ бедор шуда, нумӯи тоза мегирад. Бояд ӯ донад, ки сабзаҳо, гулҳо чӣ гуна синаи хокро мешикофанду сар боло мекунанд, зебоию тароват меоранд. Агар ба дарахтон ҳам бингарем, ин асарро дар онҳо низ мебинем.

 Насими форами наврӯзӣ медамад ва ҷони одамӣ низ аз он ҳаловат мебарад. Пас, бояд ба қадри ин ҳама неъматҳо, ки бароямон ато намуданд, расем. Инсонҳоро дӯст дорем.

Суҳроб ҶОБИРОВ,

сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод:

- Наврӯз аз идҳои бузурги мо-тоҷикон аст. Он шукӯҳу шаҳомати хоса дорад. Кас наметавонад ин идро дӯст надорад ва хуб ҷашн нагирад. Сол аз Наврӯз оғоз ёфта, рӯзу шаб дар он баробар мешавад, фасли зебои табиат — баҳор оғоз меёбад.

 Гузаштагони мо дар арафаи Наврӯз хонаҳоро рангубор мекарданд, то тозаю озода ва пок бошанд. Пиру барно ба ҷашнгоҳ мерафтанд. Гӯштингирӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, аспдавонӣ ва дигар бозию озмунҳо баргузор мегашт. Барои ин ҳама, албатта, омодагӣ мегирифтанд ва он гувоҳи пешрафт, тандурустии мардуми мо буд.

Мунира ҲАКИМЗОДА,

мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Варзоб:

- Шукр, боз ба Наврӯз, ба соли нав, айёми сарсабзию ҷавонии табиат расидем.

 Ман аз он шодам, ки чандин баҳори сулҳу оштиро мебинам. Мебинам, ки ҷумҳурии азизамон сол то сол зебою обод мегардад. Албатта, наметавон дар ин ҳол аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар нашавем.

 Шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Варзоб ҳамасола барои ин иди бузург, иди соли нав, иди ҷавонӣ, иди меҳру муҳаббат ва сарсабзӣ корҳои зиёдро ба сомон мерасонад. Мехоҳам ҳар рӯзи мардуми Тоҷикистони азизамон Наврӯз бошад.

Муҳиддин НОРБУТТАЕВ,

собиқадори меҳнат, сокини деҳоти «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ:

- Ҳикояҳо ва ривоят оид ба пайдоиш ва суннатҳои иди Наврӯз хеле зиёданд. Фирдавсии бузург пайдоиши иди Наврӯзро ба қалам дода, чунин мегӯяд:

Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Мо бо такя ба гуфтаҳои гузаш­тагон, ҳар сол иди Наврӯзро аз рӯи урфу одат бо шукӯҳу шаҳомати баланд баргузор менамоем.

Бонувон иди Наврӯзро бо анъа­наҳои хос таҷлил менамоянд. Аввалан, хонаву ҳавлиҳоро тамиз гардонида, анҷоми хонаро бароварда, ба гармии офтоб мегузоранд. Ду ҳафта қабл то оғози Наврӯз гандумро тоза карда, дар табақҳои чӯбин бо оби борон тар карда, дар ҷои гармтар нигоҳ медоранд ва дар ин муддат сабзаи гандум тайёр мешавад. Сипас, бонуҳои чирадасти деҳа як рӯз пеш аз таҷлили Наврӯз дар як хона ҷамъ шуда, онро бо решаю боқимондаи сабзааш кӯфта, дар давоми як шабонарӯз дар васфи суманак ва Наврӯз бо қироати шеър­ҳо сурудхонию рақсу бозӣ карда, аз он суманак мепазанд. Гурӯҳи дигари бонуҳо субҳи барвақти рӯзи иди Наврӯз дар майдони сабзазори байни деҳа дастархони идонаро оро медиҳанд. Дар ин рӯз чун анъана хонаи наварӯсонро бо либосҳои миллию дигар анҷом оро дода, ҷавондухтарони деҳаро барои дидан ба ин хонаҳо меоранд.

Суҳбаторо Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»