Наврӯз муъҷиза аст

№36 (4776) 20.03.2024

mrxVZuWoQTwДар дунё халқияту миллатҳои гуногун зиндагӣ менамоянд, ки урфу одат, расму оин ва арзишҳои муқаддаси миллии худро доранд. Вале дар миёни ин ҳама ҷашни Наврӯз бо собиқаи худ мақоми шоиста касб намуда, аз ҷониби бисёр халқияту миллатҳои дунё нек истиқбол гардидааст.

Наврӯз иди хеле қадимаи мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, буда, таърихи он ба беш аз шаш ҳазор сол тӯл мекашад. Бо ривояте ин ҷашнро Ҷамшед дар моҳи аввали баҳор — Фарвардин асос гузоштааст:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Новобаста аз муқобилияту оштинопазирии аҷнабиён тӯли таърих ва аҳли хурофоту таассуб ин ҷашни бузурги аҷдодӣ, ин ҷашни рӯшноӣ, зебоӣ, ҳаёту меҳнат, киштукори деҳқонӣ ва дур аз ҳама гуна ангезаю манфиатҳои муғризонаи динию мазҳабӣ ва сиёсӣ пойбарҷо монд. Расман мақоми ҷаҳонӣ касб намудани Наврӯз муште ба даҳони бадхоҳон гардида, ба таври қотеъ бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани онро ба намоиш гузошт.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯзи оламафрӯз нафаси тоза ёфт. Агар замоне онро Ҷамшед асос гузошта бошад, пас бо талошҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он умри дубора ёфт.

Ба табиат Наврӯз тантанаи хайр бар шарр, рӯшноӣ бар торикӣ, сафедӣ бар сиёҳӣ, хирад бар ҷаҳолат, сулҳ бар ҷанг, дӯстӣ бар душманӣ, созандагӣ бар харобкорӣ ва оинаи равшани мақсаду мароми мардуми онро асосгузошта мебошад. Намунаи беҳтарини амалии даъвату ҳидоят ба ҳамзистии осоишта дар рӯи замин, бо хираду заҳмати ҳалол пайдо кардани ризқу рӯзӣ, беҳбуд бахшидани рӯзгор ва ободу зебо сохтани меҳвари ягонаи мо — Замин мебошад. Наврӯз бо маънои том муъҷиза аст.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»