Суҳбати телефонӣ

№36 (4776) 20.03.2024

1Стандарти Садои мардум ПутинҲаждаҳуми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо дар ибтидои суҳбат Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии дар Федератсияи Россия доиргардида сидқан табрик гуфтанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои нави рӯзафзун дар роҳи рушди босубот ва шукуфоии Россияи дӯст орзу намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикис­тон ва Россия бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои тиҷоратию иқтисодии муносибатҳои ҳар ду кишвар табодули афкор намуданд.

Пешвои миллат ба Президенти Федератсияи Россия дар иртибот ба пирӯзиаш дар интихобот, инчунин, барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

www.prezident.tj