Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

№37-38 (4777-4778) 28.03.2024

20.03.2024 18:53, шаҳри Душанбе

Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид мешаванд. Дар онҳо, аз ҷумла чунин омадааст:

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба Шумо барои табрикоти гарматон ба муносибати Соли нави тақвими чинии қамарӣ самимона арзи сипос менамоям. Дар робита ба фарорасии ҷашни анъанавии Тоҷикистон – Наврӯз иҷоза фармоед, то аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мардуми Чин ва ҳамзамон шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти сидқӣ иброз намоям.

Дар моҳи майи соли гузашта Шумо ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари давлатии муваффақ анҷом додед. Мо бо Шумо мулоқоти сермаҳсул ва натиҷабахш баргузор намуда, барпо намудани Ҷомеаи тақдири умумии Чину Тоҷикистонро эълон кардем, ки имкониятҳои нави таърихиро барои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун фароҳам меоварад.

Ман рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистонро баланд қадр менамоям ва омодаам ҳамроҳ бо Шумо ҷиҳати пешбурди таҳкими дӯстии анъанавӣ миёни кишварҳоямон, таъмиқи ҳамкории ҳамаҷонибаи судманд иқдом намоям, то ба навсозии Чин ва Тоҷикистон ба мақсади ворид намудани муҳтавои бештар амалӣ дар роҳи якҷоя барпо намудани Ҷомеаи тақдири умумӣ такони тоза бахшида шавад.

 Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар корҳоятон комёбиҳои назаррас хоҳонам!

 Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон саодатмандӣ ва некӯаҳволӣ орзу мекунам!».

Дар табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти гарму самимиро ба муносибати ҷашни Наврӯз изҳор медорам.

Миллатҳои мо соли гузашта ба таври ҳамбастагӣ ҳамкориҳоро ҷиҳати афзунгардонии ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳаллу фасли буҳрони иқлимӣ таҳким бахшиданд. Маъмурияти ман пойбанди ҳамёрӣ дар пешбурди сулҳу амният ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ боқӣ хоҳад монд. Дар айёми оғози ибтикорот ва имкониятҳои нав ман барои дарёфти роҳҳои ҷадиди амиқтар гардонидани шарикиамон талош хоҳам варзид».

Дар номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бародари азизам!

Хушҳолам, ки Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии ҷашни эҳё ва навшавии баҳорӣ, Соли нави шарқӣ – Наврӯз самимона табрик бигӯям ва таманниёти беҳтарини худро иброз намоям.

Мардумони ба ҳам дӯсти мо, ки аз таъриху фарҳанг ва анъанаҳои муштарак бархурдоранд, ҷашни Наврӯзро, ки тули садсолаҳо инсонҳоро ҳадафмандона муттаҳид сохта, дар дилҳо фазилатҳои бузургро бедор мекунад ва таҷассумгари ғояҳои инсондӯстиву некӣ мебошад, ҳамеша бесаброна ва бо хушҳолии зиёд интизор мешаванд.

Мехостам алоҳида таъкид намоям, ки мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаи мо ва татбиқи пурраи амалии тамоми мувофиқаҳои дар ин зимн байни мо бадастомада ҳамчун заминаи устувор барои иҷрои чунин ормонҳои мардумонамон ва таъмини шукуфоии кишварҳоямон хизмат хоҳанд кард.

Бар ин боварам, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштаракамон муносибатҳои мо дар рӯҳияи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ минбаъд низ пайваста инкишоф хоҳанд ёфт.

Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои нав, ба мардуми гуногунмиллати Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Табрикоти таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимонаи инҷонибро ба муносибати Иди баҳории барои ҳамаи мо умумӣ – Наврӯз бипазиред.

Иди Наврӯз, ки ба он мардумони ба ҳам бародари мо ҳамчун оғози некӯаҳволӣ ва ягонагӣ, муждарасони некӣ ва созандагӣ ба таври хосса эҳтиром мегузоранд, бо ниятҳои нек ва умеду ормони азим истиқбол мешавад. Бигзор ин иди дурахшон мардумони моро, ки бо тақдири муштарак пайванданд, бо гармии худ мунаввар гардонад, ба онҳо рифоҳ бахшад ва хушӣ оварад.

Итминон дорам, ки робитаҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду кишвар, ки бар дӯстии қавӣ ва дастгирии байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд,  рушди босуръати худро ба манфиати мардумони ба ҳам наздики мо идома хоҳанд дод.

Дар ин рӯзи ҷашнӣ, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо дар фаъолияти сермасъулияти давлатиатон комёбиҳои нав ва ба ҳар хонадони Тоҷикистон саодатмандӣ ва некуаҳволӣ хоҳонам».

Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шуморо бо ҷашни бошукӯҳи баҳор – Наврӯз табрик мегӯям!

Бигзор ин ид, ки анъанаи муштараки мо буда, асрҳо боз идома дорад ва муждаи баҳору ибтикороти нав, рамзи бародарию ҳамкорӣ мебошад, бо гармиаш моро мунаввар гардонида, ба кишварҳоямон шодию шукуфоӣ оварад.

Бо истифода аз ин фурсати гуворо, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтии беканор ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шумо ва тамоми мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз самими қалб табрик менамоям!

 Ин иди фируз, ки дар бисёр кишварҳои олам ба таври фарогир ҷашн гирифта мешавад, аз оғози баҳор ва эҳёи табиат дарак медиҳад. Анъанаҳои шарафманд ва суннатҳои фарҳангии Наврӯз ёрманди пешбурди ҳамраъйиву ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба таҳкими сулҳу дӯстӣ миёни халқҳо, ки аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир маҳсуб меёбанд, мусоидат менамоянд.

Дар ин рӯзҳои идона ба Шумо ва тамоми мардуми кишваратон саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар номаи табрикии Раиси Халк Маслахати Милли Генгеши Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Навруз табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро бипазиред!

 Иди Навруз арзишҳои абадии инсоният – сулҳ, ризоят ва дӯстиро таҷассум мекунад. Навруз анъанаҳои шарифи тайи ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаро дар бар гирифта, имрӯзҳо ба ҷашне мубаддал гардидааст, ки пирӯзии усулҳои олии инсондӯстиву меҳнатдӯстиро ба намоиш гузошта, ба дӯстӣ, хайрхоҳӣ ва ҳамзистии осоишта даъват мекунад.

Бигзор ин ҷашни накӯ барои Шумо ва тамоми мардуми кишваратон сулҳу шодӣ ва ибтикороти нав оварад!».

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ, аз ҷумла чунин омадааст:

«Фаро расидани растохези табиат, гоҳравиши замину оғози соли 1403(2024) ҳиҷрӣ хуршедиро ба миллати дӯсту мутамаддини Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош мегӯям.

Наврӯз ин ойини саросари меҳру куҳан, ки реша дар фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва ҳазорсолаи мардумони ин паҳнаи бостонӣ дорад, меросе гаронбаҳо ва нишон аз фазилату фарҳехтагии ниёконӣ аст, ки дар ҳавзаи тамаддунии Наврӯз мезистанд.

Паёми Наврӯз, паёми сулҳу ҳамзистии мусолиматомезу намоди пайванду оштӣ аст. Умедворам, ки бо омадани эътидоли баҳорӣ ва шукуфо шудани табиату дигаргунии замин, ҳасоиси неку писандида дар дилу ҷони ҳама инсонҳо шукуфо гашта, нопокиҳо аз рафтору кирдори башар рахт барбанданд ва таҳаввуле жарф дар аҳволи одамиён падидор гардад, то шоҳиди рушду камоли ҷомеаи башарӣ бошем…..

Бо умед ба барқарории равобити беҳтару густардатар миёни ҳамсоягони ҳавзаи Наврӯз ва орзуи соле пур аз баракату шодкомӣ, аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва беҳрӯзӣ ва саодати мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро хосторам».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

 Дар робита ба ҷашни Наврӯз, ки таҷассумгари мероси ғании таърихӣ ва фарҳангии мардумони мо мебошад, самимонатарин табрикотро ба Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистон иброз менамоям.

Ин ҷашн, ки нишонаи равшани меҳри бепоён ба модар-табиат аст, ба барандаи арзишҳои олӣ табдил ёфта, ҳамеша одамонро ба ҳам наздик мегардонад. Риояи анъанаҳои бостонии Наврӯз, ки ҳадягари кайфияти баҳорӣ мебошанд, бо гуногунрангии худ эҳтиром ба мероси фарҳангии чандинасраи моро ифода менамояд.

Бовар дорам, ки мо талошҳои муштараки худро ба хотири таҳкими минбаъдаи дӯстиву бародарии Озарбойҷону Тоҷикистон муваффақона идома хоҳем дод.

Бо истифода аз фурсат мехостам ба Шумо барои табрикоти самимӣ ва таманниёти некатон ба муносибати интихоби дубораи ман ба маснади Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳори сипос намоям.

 Дар ин рӯзҳои фирӯз ба Шумо саломатии бардавом ва саодатмандӣ, ба мардуми бародари Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва шукуфоии доимӣ орзу менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худ Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик мегӯям. Ин ид, ки мардумони мо таҷлилаш мекеунанд, рамзи фаро расидани баҳори деринтизор ва бедории табиат мебошад.

Наврӯз нишонае  аз анъана ва арзишҳои фарҳангии муштараки мардумони мо мебошад. Итминон дорам, ки муносибатҳо миёни ду кишвар дар руҳияи эътимоди байниҳамдигарӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таҳким ва таъмиқ хоҳанд ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо сиҳатмандии комил, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, Бародари азиз, Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Худо ҳифзашон кунад)

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Бо камоли мамнуният Шумо Ҷаноби Олиро ба муносибати Иди Наврӯз аз самими қалб табрику таҳният намуда, ба Шумо сиҳатии комил, саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми кишвари Тоҷикистони бародар рушду шукуфоии беш аз пешро таманно дорем.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, дуруду эҳтиромоти самимии моро бипазиред».

Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

www.president.tj