БАҲОР

№37-38 (4777-4778) 28.03.2024

Баҳор мерасад, баҳори нозанин,

Баҳори пурлатофату ба дил қарин.

 

Шукуфа ноз мекунад ба шохи гул,

Бунафша дар либоси поку махмалин.

 

Дилам навор мешавад ба дурҳо,

Ба субҳи кӯдакии накҳатофарин.

 

Садои нарми модари фариштаам,

Ба гӯш мерасад чу сози хуштанин.

 

Ба алла менавозад аз ҷигар маро,

Гаҳе пур аз суруру гаҳ ҳазин-ҳазин.

 

Падар ба зери сояи ниҳоли тут,

Нишаста бо шаҳомати азалгузин.

 

Ниҳонӣ сила мекунад сари маро,

Ба зери лаб каломи хубу дилнишин.

 

Зи кӯча мерасад сафои баччагӣ,

Зи боғ пайки гулшукуфти ёсамин.

 

Мусичае ба сақфи ҳавлии падар,

Дубора бол мекушояд аз замин.

 

Гули дарахти себ мужда медиҳад,

Ба дида аз баҳори тозаву навин.

 

Вале дилам, дили ба ғусса моилам,

Чаро ҳамеша оҳ мекашад ғамин?

 

Баҳор, шодии маро дубора ор,

Зи субҳи кӯдакии накҳатофарин.

Сапедаи МУҲАММАД