Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Андоз аз арзиши иловашуда барои фурӯши боқимондаи коркарди зироати равғандиҳанда аз 10 ба 7 дарсад коҳиш ёфт

№37-38 (4777-4778) 28.03.2024

DSC_1832Бистуми марти соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 54 вакил ҳузур доранд.

Имкон фароҳам шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Юсуф Маҷидӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдуллозода, сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа нуҳ масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзномаи ҷаласа мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

7. Дар хусуси Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KULOB PETROLEUM LIMITED

8. Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди авру­осиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки авруосиёии рушд

9. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2023, №1020»

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» шурӯъ мекунем. Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» бо мақсади рақобатпазир намудани моли истеҳсоли ватанӣ ва коҳиш додани арзиши хӯроки чорво таҳия гардидааст.

Бо мақсади танзими андозбандии дохилии фурӯши равған ва боқимондаи коркарди истеҳсолоти он (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) мутобиқи қисми 1- уми моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» меъёри 10 — фоизаи андоз аз арзиши иловашуда муқаррар карда шудааст. Дар баробари ин, мутобиқи қисми 11-уми ҳамин модда воридоти чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин, ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда 50 дарсади меъёри муқарраргардида ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда шудаанд. Яъне, меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти хӯроки чорво 7 дарсад пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба имтиёзи дар қисми 1-уми моддаи мазкур барои истеҳсолкунандагони хӯроки чорво татбиқшаванда пасттар буда, рақобати носолимро ба миён овардааст. Дар ин замина, бо мақсади рақобатпазирии истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба қисми 1-уми моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» тағ­йирот пешбинӣ гардида, дар доираи он нисбат ба фурӯши боқимондаи коркарди зироати равғандиҳанда (кунҷора, шрот — хӯроки паранда ва чорво) меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 10 дарсад то ба 7 дарсад паст шудааст.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки рақобатпазирии корхонаҳои истеҳсолкунандаи зироати равғандиҳанда ҳифз гардида, дар навбати худ талаботи бозори дохилӣ бо ин намуди маҳсулот таъмин шавад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи истеҳсоли ватанӣ, ки ба тақвияти омилҳои афзояндаи маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ҳамчун нарх ва шуғл мусоидат менамоянд, кафолати иҷрои ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Аз ҷумла, бо мақсади танзими андозбандии дохилии фурӯши равған ва боқимондаи коркарди истеҳсолоти он (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) дар қисми 1-уми моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» меъёри 10 дарсади андоз аз арзиши иловашуда пешбинӣ карда шудааст. Мусаллам аст, ки аз 10 дарсад то ба 7 дарсад паст намудани меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои фурӯши боқимондаи коркарди зироати равғандиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) ба рушди саноатии истеҳсоли равған ва коркарди минбаъдаи он ба воридоткунандагон ва истеҳсолкунандагони ватании бахши хусусӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Он ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» оғоз менамоем. Сухан ба муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод дода мешавад. Марҳамат.

Абдулқодир МАВЛОДОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» бо мақсади тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии бамеъёрдарории истифода, ҳифзи наботот ва бартараф намудани мухолифат дар муносибатҳои байни истифодабарандагони муҳити зист, инчунин, бо мақсади мутобиқ сохтани қонуни амалкунанда ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз соли 2004, яъне баъд аз мавриди амал қарор додани он қабул гардидаанд, пешниҳод шудааст.

Олами набототи кишвар, хусусан, растаниҳои эндемикӣ ва растаниҳое, ки барои нигоҳдории устувории экосистемаҳо аҳамияти калон доранд, инчунин, олами наботот ҳамчун ашёи хом барои тайёр кардани доруворӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ боигарии кишвар ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 дар қатори дигар масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ва муҳити зист низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои муҳити зистро, бо назардошти пайомадҳои номатлуби тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ махсус таъкид карданд.

Бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки «Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040» қабул ва амалӣ карда шавад. Айни замон барномаи мазкур таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда, бешубҳа, барои нигоҳдорӣ ва танзими истифодаи объектҳои олами набототи кишвар мусоидат менамояд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вакилони мардумӣ дар таҳлил ва таҷдиди қонунгузории соҳа робитаи хуби ҳамкорӣ дорад ва лоиҳаи қонуни баррасишаванда низ дар ҳамкории судманд ва ба назар гирифтани таклифу пешниҳодоти коршиносон таҳия карда шудааст. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Вобаста ба назорати ҷамъоварии шираи камол чӣ чораҳо андешида мешавад?

Абдулқодир МАВЛОДОД: - Шираи камол дар қатори дигар растаниҳо зери назорати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҷамъоварии шираи камол дар асоси тавсияи илман асоснокшудаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва квотаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

РАИС: - Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шароф­зода дода мешавад.

Гавҳар ШАРОФЗОДА: - Ҳамасола дар оғози баҳор мардум ба фурӯхтани алафҳои кӯҳӣ машғул мешаванд. Мушоҳида мекунем, ки аксаран он алафҳо бо реша канда шудаанд. Оё дар ин самт корбарӣ мешавад, зеро агар кор чунин давом кунад, ба нобудии гулу гиёҳҳо оварданаш мумкин аст?

Абдулқодир МАВЛОДОД: — Чунин амал ба паст будани сатҳи маърифати экологӣ рабт дорад. Ҳамасола дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо  шаҳрвандоне, ки ба чунин амал даст мезананд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» мутобиқи талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Мирзоанвар Ахмедов, Зоир Раҳмонзода, Неъматулло Холбойзода ва собиқ вакил Зулфиқор Гулаҳмадзода пешниҳод шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» соли 2004 қабул гардида, ба он ду маротиба (солҳои 2007 ва 2008) тағйирот ворид шудааст. Пас аз қабули қонуни мазкур дар ҳаёти ҷамъиятию иқтисодӣ, идораи давлатӣ ва раванди такмили қонунгузории кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдорро ба қонунҳои амалкунанда ба миён овард. Бинобар ин, бо мақсади мутобиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки пас аз мавриди амал қарор додани он қабул гардиданд, пешниҳоди тағйиру иловаҳои мазкур мувофиқи мақсад дониста шуд. Аз ҷумла, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» номи санад бо ҳарфҳои калон ифода карда шуда, бо назардошти мутобиқ намудани моддаи 2 ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 3, 7, 8, 21 ва 24 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 13 ва 14 ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», моддаҳои 13 ва 17 ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», моддаи 25 ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», моддаи 28 ба талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 1, 3, 10, 12, 14, 21 ва 22 ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», дар матни он сархатҳо, қисмҳо ва моддаҳои алоҳида таҳрир карда шуданд. Зимни таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳодҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта шуд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» бо мақсади иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Тибқи фармони мазкур пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, тариқи ғайринақдӣ муайян шуд. Бинобар ин, дар доираи лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» тағйир ворид карда шуда, он имкон медиҳад, ки минбаъд маблағи хизматрасониҳои давлатии истифодаи чарогоҳҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Муҳтавои лоиҳаи қонуни мазкурро муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ шарҳ доданд ва такрор намудани онро зарур намешуморам.

Истифодабарандагони чарогоҳ, дар ҳолати ба иҷора додани чарогоҳ ба иҷорадиҳанда, тибқи меъёрҳои ҳар 5 сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як гектари чарогоҳ дар миқёси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои он муқаррарнамуда ва мутобиқи сатҳи таварруми соли гузашта ҳамасола индексатсия кардашаванда, андозро минбаъд тариқи ғайринақдӣ пардохт менамоянд. Тағйири мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ буда, он ба таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ нигаронда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зиёдулло Абдуллозода дода мешавад. Марҳамат.

Зиёдулло АБДУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш якуми сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати танзими заминаи меъёрии ҳуқуқии марказҳои инкишофи кӯдак, «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки тибқи талаботи он фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ то соли 2025 ба 30 дарсад ва то соли 2030 ба 50 дарсад расонда шавад, дода буданд, таҳия намудааст. Вобаста ба ин, зарурати ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба миён омадааст, ки дар ҳолати қабули он таъсиси шакли алтернативии таълиму тарбияи томактабӣ-маркази (гурӯҳи) инкишофи барвақтии кӯдак заминаи ҳуқуқӣ пайдо намуда, имкон фароҳам меорад, ки фарогирӣ бештар шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 2381 маркази рушди барвақтии кӯдак, 4527 гурӯҳ бо фарогирии 96153 нафар дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъсис дода шудааст, ки бе мақоми шахси ҳуқуқӣ фаъолият доранд. Маҳз ин мушкилӣ сабаб гардидааст, ки омӯзгорони марказҳои рушди барвақтии кӯдак аз имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла аз гирифтани музди меҳнат аз буҷети давлатӣ ва баромадан ба рухсатии меҳнатӣ, маҳруманд. Бо назардошти ин, дар қисме аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ як гурӯҳи инкишофи барвақтии кӯдак таъсис дода шудааст, ки он марказ буда наметавонад. Бинобар ин, дар баробари марказ гурӯҳи инкишофи барвақтии кӯдак низ номгузорӣ шудааст. Ҳадаф аз ворид намудани тағйирот низ ҳамин аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ марказ ва ё гурӯҳи инкишофи барвақтии кӯдак бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият карда тавонад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур «дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ» ба он хотир дарҷ гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки синфхонаи озод, таҷҳизот доранд ва бо мутахассис таъминанд, метавонанд марказ (гурӯҳи)-и инкишофи барвақтии кӯдак таъсис диҳанд. Бинобар ин, дар шароити Тоҷикистон, ки фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ беҳбудиро мехоҳад, ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ташкили маркази (гурӯҳи) инкишофи барвақтии кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Лоиҳаи пешниҳодшуда тибқи талаботи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа шудааст. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дода мешавад. Марҳамат.

Насиба СОДИҚӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ барои таъсиси шакли алтернативии таълиму тарбияи томактабӣ — Маркази (гурӯҳи) инкишофи барвақтии кӯдак таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мутобиқи иловаи қисми 18 ба моддаи 16, дар сохтори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ таълиму тарбияи томактабӣ дар шакли марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ташкил мешавад. Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдакро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Дар Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми марти соли 2024, №2072 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дар ҷаласаи васеи Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо мақсади иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 — юми июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур як қатор талабот оид ба раванди пардохт намудани маблағ ва пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт барои гирифтани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, қабули санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳинома, инчунин, барои додани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, қабули санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳинома тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳои дар замимаи қонуни мазкур пешбинигардида, тариқи ғайринақдӣ муайян карда шуда, инчунин, хатоҳои имлоӣ ва техникии дар меъёрҳои қонун мавҷудбуда бартараф мешаванд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зафар Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зафар АЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар асоси лоиҳаи қонуни мазкур як қатор талабот оид ба раванди пардохт намудани маблағ ва пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт барои гирифтани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, қабули санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳинома, инчунин, барои додани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, қабули санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳинома тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳои дар замимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» пешбинигардида тариқи ғайринақдӣ муайян карда шуда, тағйироти имлоӣ ва техникии дар меъёрҳои қонуни амалкунанда мавҷудбуда бартараф карда мешаванд. Дар ин замина, ба моддаҳои 13, 25, 26, 31, 33 ва 34 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» тағйироти дахлдор ворид мегардад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҳамзамон ҷиҳати такмили он таклиф пешниҳод гардид, ки қобили қабул дониста шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Т. Азимзода, Ҷ. Муртазозода, С. Тағойзода, Р. Шоҳмурод, С. Усмонзода ва Р. Раҷабзода таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои кодекси амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», инчунин, мутобиқ гардондани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои дастурии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия гардидааст. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур қисми 3 моддаи 463 кодекси амалкунанда дар таҳрири нав ифода мешавад, ки минбаъд барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар ҷойҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» манъ кардааст, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ таъйин мешавад. Бо мақсади ба танзим даровардани муомилоти маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо вайрон намудани талаботи муқарраргардида дар меъёрҳои кодекси амалкунанда зарурати ворид намудани тағйирот ба моддаи 4631 пеш омадааст, ки диспозитсияи қисми 1 моддаи зикршуда бо чунин мазмун, яъне «Барои фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили некотин бо истифодаи воситаҳои худкор, дастӣ ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд» ифода гашта, ҷазои маъмурӣ дар моддаи мазкур нисбат ба субъектони ҳуқуқвайронкунанда мушаххас ва пурзӯр мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст, мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KULOB PETROLEUM LIMITED» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дода мешавад. Марҳамат.

 

Шарифа ХУДОБАХШ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «KULOB PETROLEUM LIMITED» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «KULOB PETROLEUM LIMITED» аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуд. Он байни собиқ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдоршуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «KULOB PETROLEUM LIMITED» 13-уми июни соли 2008 имзо шудааст. Дар зермоддаи созишнома пешбинӣ гардидааст, ки ҷонибҳо ҳуқуқ доранд ҳама ё як қисми ҳуқуқу уҳдадорӣ ё манфиатҳои худро, ки аз талаботи созишномаи мазкур бармеояд, ба тарафи сеюм диҳанд.

Ширкати «KULOB PETROLEUM LIMITED» аз ин ҳуқуқҳои худ истифода намуда, соли 2012 бо ширкатҳои «Total E & P Tajikistan» ва «CNPC Central Asia B.V.» шартнома ба имзо расонд, ки дар натиҷа ширкатҳои номбурда тарафи созишнома ҳисобида шуданд. Бо сабабе ки аз соли 2014 то айни ҳол ширкати «KULOB PETROLEUM LIMITED» уҳдадориҳои худро иҷро накарда, дар амалӣ гардондани лоиҳа саҳм нагузошт ва маблағгузорӣ накард, тибқи тартибҳои муқарраргардида аз лоиҳа бароварда шуд. Баъдан, ширкати «Total E & P Tajikistan» дархост намуд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳо ва манфиати худро ба ширкати «CNPC Central Asia B.V.» пурра гузашт намояд.

Дар асоси талаботи созишномаи иловагии № 5, ширкати «CNPC Central Asia B.V.» ҳамчун аҳдкунандаи ягона дар лоиҳа боқӣ монд. Дар робита ба ин ва тибқи талаботи амалкунанда, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «KULOB PETROLEUM LIMITED» ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «KULOB PETROLEUM LIMITED» таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ пешниҳод шуд. Лоиҳаи мазкур дар ин марҳила ягона лоиҳаи соҳавии калон дар соҳаи нафту гази кишвар ба ҳисоб рафта, барои амали лоиҳа ширкати чинии «CNPC», ки яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, сеюмин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нафту газ мебошад, ҷалб шудааст. Ширкати мазкур дар 37 давлати ҷаҳон лоиҳаҳои нафту газ дорад.

Мақсади асосӣ гузарондани корҳои геологӣ-иктишофии майдонҳои нафту газдор дар минтақаи ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ва ба истифода додани конҳои нави нафту газдор ба ҳисоб меравад. Айни замон, ширкати «CNPC Central Asia B.V.» мақсад дорад, ки корҳои геологӣ – сейсмоиктишофӣ бо мақсади муайян намудани сохторҳои аз лиҳози мавҷудияти захираҳои саноатии нафту гази ояндадор, интихоби нуқтаи пармакунии чоҳи ҷустуҷӯӣ ва кашфи конҳои нави нафту газ дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии кишварро ба роҳ монад. Умед дорем, ки корҳои нақшавӣ дар доираи лоиҳаи мазкур натиҷабахш хоҳанд буд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Музаффарҷон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Музаффарҷон МАҲМУД­ЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «KULOB PETROLEUM LIMITED» 13-уми июни соли 2008 имзо шуда, бо назардошти созишномаҳои иловагӣ 1 — уми марти соли 2024 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардид.

Оид ба мақсад, муҳтаво ва рафти созишнома муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш пурра маълумот дод.

Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2024, №2075 созишномаи мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро ҷонибдорӣ намуданд. Созишномаи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KULOB PETROLEUM LIMITED» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнав­созии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд» шурӯъ мекунем. Аз рӯи мас­ъалаи мазкур сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки авруосиёии рушд» пешниҳод мешавад. Созишномаи мазкур 22 — юми ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёи рушд дар ҳаҷми 32 млн. доллари амрикоӣ имзо шудааст. Маблағи лоиҳа қарзи имтиёзнок мебошад. Муҳлати қарз 20 сол, аз ҷумла муҳлати имтиёз 8 сол, фоизи қарз 1 дарсад мебошад. Унсури грантии лоиҳаи мазкур 38,5 дарсадро ташкил менамояд, ки ба талаботи стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқ аст.

Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори низоми обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он дар ноҳияҳои Зафаробод ва Гулистони вилояти Суғд татбиқ мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он дар соли 2028 ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи мазкур асосан аз 4 қисмат иборат мебошад:

Қисмати 1. Азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд. Ҷоиз ба зикр аст, ки силсилапойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод солҳои 60-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, дар айни ҳол қисми зиёди таҷҳизоти он корношоям мебошад.

Дар назар аст, ки пойгоҳҳои обкашии бузурги горизонталӣ (ГНС-1 ва ГНС-2) дар ноҳияи Зафаробод пурра навсозӣ (модернизатсия) мешавад. Аз ҷумла, дастгоҳҳои обкашии он ба дастгоҳҳои обкашии замонавӣ иваз мешаванд. Дар натиҷа 33 ҳазор га замини кишоварзии ноҳия обёрӣ шуда, зиёда аз 4000 хоҷагии деҳқонии ноҳия фаъолияти молиявию иқтисодии худро устувор менамоянд. Аз ҷумла, 2378 га замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, ба гардиши кишоварзӣ ворид ва 43,2 млн. кВт/соат неруи барқ дар як сол сарфа мегардад.

Қисмати 2 ташкил намудани колоннаи сайёри механиконидашуда ва барқарорсозии пойгоҳи техникӣ, харидорӣ намудани таҷҳизот ва мошину механизмҳо барои сохтмон ва нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашро дар бар мегирад. Дар татбиқи қисмати мазкур корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

- азнавсозӣ ва барқарор намудани автобазаи фарсудашуда дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, харидорӣ намудани 31 мошину механизми махсус барои автобазаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

Қисмати 3 баланд бардоштани иқтидори институтсионалии кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони обро фаро мегирад. Дар татбиқи қисмати мазкур корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

- баланд бардоштани иқтидори кормандони идораи хоҷагии оби ноҳияи Зафаробод оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи дастгоҳҳои обкашӣ, баланд бардоштани иқтидори кормандони идораи автобазаҳо оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи мошину механизмҳои махсус, баланд бардоштани иқтидори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Зафаробод оид ба самаранок истифодабарии об.

Қисмати 4 татбиқи лоиҳаро муайян менамояд. Он аз ҷониби гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар назди Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ» — и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи қарзии мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки авруосиёии рушд 22 — юми ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Бояд қайд кард, ки созишномаи мазкур барои баланд бардоштани иқтидори низомҳои обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Маблағи умумии лоиҳа 32 млн. доллари амрикоии қарзи Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушдро ташкил менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Созишномаи зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки авруосиёии рушд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2023, №1020» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июни соли 2023, № 1020» бо мақсади иҷрои дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода аз 10-уми январи соли 2024, № 42 таҳия шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июни соли 2023, № 1020 қабул гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи мамлакат 22-юми июни соли 2023, № 1970 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шуда буд.

Мақсади қонуни мазкур иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, № 211 тасдиқ шудааст, муайян намудани асос­ҳо, тартиби муқаррар намудан ва амалӣ гардидани назорати маъмурӣ нисбат ба шахсоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудаанд, доғи судӣ доранд, инчунин, огоҳсозӣ ва пешгирии такроран содир кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар аз ҷониби онҳо мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» зарурат ба миён овард, ки Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 1993, № 117 «Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи назорати маъмурии мақомоти умури дохила ба шахсони аз ҳабс озодшуда» аз эътибор соқит шавад. Бинобар ин, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июни соли 2023 таҳти № 1020» таҳия ва пешниҳод шудааст. Тибқи лоиҳаи қарори зикршуда ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июни соли 2023, № 1020» тағйиру илова ворид гардида, матни қарор қисми 1 ҳисобида шуда, қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«2. Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1993, № 117 «Дар бораи тасдиқ кардани Низомномаи назорати маъмурии мақомоти умури дохила ба шахсони аз ҳабс озодшуда» (Ахбори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №17-18, мод. 383) аз эътибор соқит шавад.».

Лоиҳаи қарори зикршуда ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 7-уми июни соли 2023, №1020» овоз диҳед.

РАИС: Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2023, №1020» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев