Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик бо харҷи 1 миллиону 184 евро сарф шуд, навсозӣ гардид. Тавре сардухтури беморхонаи ноҳия Орзубек Аззизода иттилоъ дод, баъд аз навсозӣ ҳуҷраҳои кории табибон ва утоқҳои беморон бо мизу курсиҳои замонавӣ, рахти хоб, роҳаткурсиҳо ва дигар лавозимоту таҷҳизот таъмин шуданд.
Ҳоло дар беморхона 22 табиби маълумоти олидор, 202 ҳамшираи тиб фаъолият менамоянд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»