Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёдро пеш гирифт, ки асосҳои он возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани мақом ва нақши занон дар ҷомеа, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, таҳким бахшидани мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда диққати ҷиддӣ зоҳир мешавад. Асосҳои ҳуқуқии сиёсати мазкурро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ташкил медиҳанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда конвенсияҳои байналхалқӣ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбизи занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан»-ро ба тасвиб расонд.
Баъд аз содир гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», қабул гардид, ки ба марҳилаи сифатан болоравии мақоми занон дар кишвар оғоз бахшид.
Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва 2021-2030), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (солҳои 2007-2016, 2017-2022 ва 2023-2030) қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.
Яке аз омилҳои муҳими таъсиргузор ба ин раванд маърифатнокии занон ба шумор рафта, дар ин радиф барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таълиму тарбияи духтарон, ба таҳсил фаро гирифтани онҳо, омода намудани кадрҳои аз лиҳози зеҳнӣ ташаккулёфта таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бо ибтикори Роҳбари мамлакат баҳри дастгирии давлатии духтарони болаёқат ва ҷалби онҳо ба таҳсил квотаҳои президентӣ таъсис ёфта, аз соли 1997 то соли 2021 тибқи он 13384 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани стипендия, идрорпулиҳо барои духтарон, таъсиси марказ барои духтарони ятим ва ҳифзи саломатии занон мавқеи муҳимро касб намуд.
Дар натиҷа, мавқеи занон аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд.
Ҷомеа ба занону бонувони орифаву отифа, дорои эҳсоси баланди ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯсту ботаҳаммул, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор ниёз дорад. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои зикршуда курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таҳти унвони «Духтарони пешво», «Зан — роҳбар», «Зан — сарвар», «Мактаби сарварони ҷавон», «Зан ва сиёсат» ташкил шуда, занону духтарони зиёд ихтисосашонро такмил доданд.
Барои муназзамии фаъолият ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба занон Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои минтақавии он дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд.
Ҳамин тариқ, бо шарофати сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занону бонувон дар умури давлатдорӣ фаъолона иштирок доранд, ки ин нишонаи соҳибиззату соҳибэҳтиром будани онҳо дар ҷомеа мебошад.
Мавлуда ҶАЛИЛОВА,
мутахассиси пешбари Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон