Дар Хатлон 2624 иншооти ҷашнӣ бунёд шуд

№ 01.04.2024

Давлаталӣ Саид27-уми марти соли 2024 Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар иҷлосия ду масъала — рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 7 июни соли 2022, №184 “Дар бораи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 “Оиди омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳисоботи сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 майи соли 2021, №142 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021, №145 “Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи якум муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода баромад намуда изҳор дошт, ки аз 6260 иншооти бунёдшаванда, ки ба истиқболи ҷашни фархунда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст, то 1 марти соли равон 2624 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар иншооти сохташуда 2714 ҷои кор муҳайё гардид, ки 42,2 фоизи нақшаи бунёди иншооти ҷашниро дар бар мегирад.

Зикр гардид, ки аз ҷамъи умумии иншооти дар нақшабуда 576 адади он коргоҳу корхонаҳои саноатӣ буда, то инҷониб 333-тои он бунёд шудааст.

Муовини раиси вилоят дар идома афзуд, ки аз 760 иншооти соҳаи маориф 318 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз 477 муассисаи соҳаи тандурустӣ бошад, 114-тои он бунёд гардид.

-         Аз 179 иншооти соҳаи фарҳанг 22 адад, аз 261 иншооти варзиш- 44, аз 289 иншооти соҳаи кишоварзӣ -110 ва аз 55 иншооти соҳаи сайёҳӣ 25 адади он сохта ба истифода дода шуд, — гуфт А. Қурбонзода.

ИҷлосияАз рӯйи масъалаи дуюми иҷлосия ҳисоботи сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шунида шуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда суханронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

“Садои мардум”