1-уми апрел дар маркази ноҳияи Муъминобод гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, собиқадорон, раиси ноҳия Сайвалӣ Амирализода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
- Ҷавонони ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод дар баробари ҷавонони дигар шаҳру навоҳӣ хизмати Модар — Ватанро қарзи фарзандии худ дониста, дар ҳифзу нигоҳдошти марзу буми он ҳемеша содиқанд, — гуфт раиси ноҳия зимни сухани табрикӣ.
Саидҷон Исломзода, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, дар суҳбат гуфт, ки дар ин рӯз 136 нафар ҷавонони ватандӯсти ноҳия аз комиссариати ҳарбӣ қадамзанон бо шиору овезаҳои ватандӯстӣ ба чорабинии маркази ноҳия омаданд.
Бори аввал аст, ки ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дар рӯзи якуми даъват иҷро намуд.
Бояд гуфт, ки ба ҳар як даъватшаванда сару либос тақдим гардида, ба онҳо дастархони идона ороста шуд. Инчунин, ба 48 нафар ҷавононе, ки курси семоҳаи ронандагиро ба итмом расонида буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Дар охир даъватшавандагон бо дуои пирони рӯзгордида ба хизмати Ватан раҳсипор гардиданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»