Ҳисор. Литсейи касбӣ-техникӣ соҳиби бинои нав мешавад?

№41 (4781) 03.04.2024

№41 3-4Дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва талаботи тағйирёбандаи бозори меҳнат зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ такмили ҷиддӣ ва навовариҳои пайвастаро тақозо дорад.

Дар чунин муассисаҳо мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат бояд омода шаванд. Аммо Литсейи касбӣ-техникии №1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, бинои асосӣ надошта, дар шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 ҷойгир аст. Мушкилоти дигари муассиса надоштани устохонаи муҷаҳҳаз ва хобгоҳ мебошад. Ҳоло дар муассиса 390 нафар аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе таҳсил доранд. Ба онҳо 35 омӯзгори соҳибтахассус аз рӯи ихтисосҳои челонгарӣ, таъмиргари муҳаррики мошин, таъмиргари қисмҳои барқии автомобил, кафшергари барқу газ, ронанда, тракторчӣ, мошинисти техникаи кишоварзӣ, технологияи компютерӣ, муҳосибӣ таълим медиҳанд. Ҳамчунин, дар муассиса курсҳои кӯтоҳмуддати сохтмончӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ амал менамоянд. Шогирдон дар 13 синфхонаи қисман муҷаҳҳаз нозукиҳои касби интихобкардаашонро меомӯзанд. Вале боиси нигаронист, ки техникаҳои муассиса кайҳо корношоям гаштаанд.

Тавре аз суҳбат бо Миҷгона Раҳимӣ, директори литсейи мазкур, маълум шуд, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода аз мушкилоти муассиса огоҳанд.

- Роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст ба хотири баланд бардоштани нуфузи таҳсилоти касбию техникӣ бинои замонавии литсейи касбӣ-техникиро бо устохонаҳои муҷаҳҳаз ва хобгоҳ сохта ба истифода диҳад. Устодони муассиса дар яке аз суҳбатҳо, ҳамчунин, аз роҳбарияти шаҳр хоҳиш карданд, ки барои аз тавозуни литсей баровардани даҳҳо техникаи корношоям мусоидат намояд, — афзуд М. Раҳимӣ.

Оғози соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори нав — Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Миҷгона Раҳимӣ таъсиси сохтори зикршударо барои самарабахш роҳандозӣ намудани фаъолияти зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат муҳим арзёбӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, роҳбарияти кумитаи навтаъсис дар бобати мушкилоти муассиса маълумот дорад ва тасмим гирифтааст баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мусоидат намояд.

Масъулин мушкили Литсейи касбӣ-техникии №1, воқеъ дар деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисорро дар фурсатҳои наздиктарин бартараф месозанд ё не? Мавзуъро ҳатман пайгирӣ менамоем.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»