29 март муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода дар маҷлисгоҳи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои “Таги тути калон”, “Хуҷанд” ва “Бофанда” вохӯрӣ намуданд.
Вакилон зимни вохӯрӣ иброз доштанд, ки бовуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаю нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозию ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст. Аз ин рӯ, таъкид доштанд, ки вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, анъана ва муҳимтар аз ҳама, ваҳдати миллӣ аст, ки халқи тоҷик солҳои 90-ум як маротиба оқибатҳои талху сангини нофаҳмию исломгароиҳоро паси сар намудааст.
Чунин вохӯриҳо дар маҳаллаҳои “Содирхон Ҳофиз”, “Тиллокон” ва беморхонаи клиникавии вилояти Суғд низ баргузор гардид.
М. МАҚСУДОВ,
“Садои мардум”