Яке аз донишмандони асрҳои миёнаи тоҷику форс, ки дар толори аҳли илми Созмони Милали Муттаҳид муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, Абурайҳони Берунӣ мебошад. Берунӣ дар илм чӣ таълифоту бозёфте намуда, ки боиси сабти номаш дар таърихи башарият шуд? Хидматҳои ӯ барои тамаддуни башарӣ кадомҳоянд?
Омӯзиши зиндагинома ва мероси илмии донишманди забардаст далолат медиҳад, ки ӯ дар илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ, нуҷум, география, этнография, геология, ботаника, антропология, таърих таҳқиқот бурда, бо кашфиёту назарияҳои саҳеҳи худ олами илмро мунаввар сохтааст. Коршиносон аз осори ками то замони мо омадарасидаи ӯ муайян намудаанд, ки номбурда ба атроф ва пайдоиши одаму олам назари олимона меафканд ва ба ҳар илме, ки рӯ овардааст, дар он ба бозёфти ҷолибу бемисл даст ёфта ё дар ин замина назари илмиву фалсафии худро мушаххас изҳор доштааст.
Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов осори илмии Беруниро беназир арзёбӣ намуда гуфт, ки то ҳол дар олами илм маълуму машҳуранд ва аҳамияти худро гум накардаанд. Чунончи, масоҳати Заминро бори нахуст ӯ муайян намуд ва он аз ҳисобҳои имрӯза, ки донишмандон анҷом додаанд, хеле кам тафовут дорад.
- Саҳми ӯ дар илми риёзӣ, хоса инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид сохтани назарияи ададҳои бутун низ бузург аст. Кашфиёти зиёди Берунӣ дар илми ҷуғрофия — пастиву баландиҳо ва умқи замин ва маъданҳои қаъри он дар он даврон беназир буданд. Албатта, ин ҳама дар илм кашфиёти ҷолиб ва заминаи хубе барои оянда гардид, ки дар асоси он донишмандон боз чандин бозёфти нави илмӣ намудаанд, — афзуд К. Олимов.
Дар хусуси дастовардҳои беназири ин нобиға, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд, назарҳо кам нестанд. Ҳатто андешае низ мавҷуд аст, ки курашакл будани Замин ва ғояи таълимоти офтобмарказӣ кашфиёти Берунӣ мебошад. Яъне, ӯро аввалин донишманде меҳисобанд, ки низоми геосентризмро (таълимоти юнониёни қадим дар бораи Замин, ки гӯё Замин маркази беҳаракати Коинот буда, Офтоб ва сайёраҳои дигар дар атрофи он давр мезадаанд) зери суол гузошта, низоми гелиомарказии оламро (таълимоте, ки Офтобро маркази ҳаракати сайёраҳо ҳисоб менамояд) пешниҳод кардааст. Ба андешаи аксар астрономи Лаҳистон Коперник муаллифи низоми гелиомарказӣ мебошад. Аммо Берунӣ садсолаҳо пеш аз Коперник илми нуҷумро омӯхта, дар ин бора андешаи илман асоснок пешниҳод намуда буд. Ин кашфиёт дар олами илм ниҳоят муҳим ва дорои аҳамияти хос буду ҳаст. Албатта, дар ин маврид имрӯз ҳарф задан боке надорад, зеро илм ва ҳам ҷаҳонбинии илмии ҷомеа то дараҷае рушд намуда, ки ин ҳама дар назар далели собитшудаи маъмул аст. Дар мавриди курашакл будани Замин ва гардиши он дар атрофи меҳвари худ ва Офтоб Берунӣ аввалин нафаре буд, ки масъалаи мавриди назарро аз олами ислом (чандин қарн пеш аз олимони Аврупо) пешниҳод намуда буд ва ин назарро баъзе аз олимони Ҳинд дар ҳамон замон дастгирӣ менамуданд. Ҳарчанд Берунӣ ғояи ҳаракатпазирии Заминро пешниҳод ва дастгирӣ карда бошад ҳам, зоҳиран аз ошкор гуфтани он меандешид, зеро муҳите, ки зиндагӣ ва фаъолият дошт, созгор набуд. Ифротиёни тангназари аз илм бехабар метавонистанд ӯро ба куфр маҳкум созанд, аммо доираи ашхоси пешқадам андешаву пешниҳодоти Беруниро ҳимоя ва ҷонибдорӣ менамуданд. Олимони Аврупо баъдтар, тавре муҳаққиқони таърихи илм собит сохтаанд, миёнаҳои садаи XIX ба тарҷума ва омӯзиши осори ӯ пардохта, ба ин восита аз бозёфти беназири илмиаш огоҳӣ ёфтаанд.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки соли 1018 Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Хоразмро забт намуда, Абурайҳони Беруниро ҳамроҳи сипоҳи худ ба Ҳинд мебарад. Ӯ дар ин кишвар бо донишмандони зиёде ошно шуда, ба омӯзиш ва пажӯҳиш мепардозад ва арзи ҷуғрофии 11 шаҳрро дар Ҳинд муайян месозад. Баъд аз ба зодгоҳаш омадан глобусро меофарад ва барои муайян намудани самти шаҳрҳо истифода мебарад.
Рӯзноманигор Далер Ҳасанзода, муаллифи силсилабарномаҳои «Нобиғаҳо»-и Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо», дар мақолааш «Саҳми тоҷикон дар кадводаи илм», ки соли 2020 дар маҷаллаи «Мероси ниёгон» ба нашр расидааст, доир ба дастовардҳои илмии Абурайҳони Берунӣ ба хонандагон чунин маълумоти ҷолиб пешниҳод намудааст: «Абурайҳони Берунӣ бо дониши фаровони хеш қитъаи Амрикоро дар шакли имрӯзааш муайян кард, ки дертар Христофор Колумб онро кашф намудааст. Вай бо омӯзиши шуои кураи Замин, ки то он замон дар ҳеҷ ҷойи дунё кашф нашуда буд, назарияи нав дар илм ба миён овард. Абурайҳони Берунӣ ҳазор сол пеш аз Эйнштейн ба вуҷуди зарраоти ташкилдиҳандаи нур пай бурда буд ва онро аъзои латифа ном ниҳод. Эйнштейн ин зарраҳоро фатон номид».
Муаллифони «Донишномаи озод» бо истинод ба далелҳои яке аз муҳаққиқони машҳури осори Берунӣ Зоҳидов В. Ю. маълумот пешниҳод менамоянд, ки «Берунӣ бисёр эродҳо оид ба андешаи ҳаракати Заминро рад намуда, исбот карда буд, ки чизҳои рӯйи Замин ҳангоми ҳаракати он намеафтанд, зеро тибқи амали қуввае аз маркази Замин чизҳо ба маркази Замин кашида мешаванд».Ин далел фикри баъдан пешниҳоднамудаи физики бузурги англис Исаак Нютонро дар мавриди қувваи ҷозибаи Замин ба ёд меорад.
Аз Берунӣ чун асосгузори антропология дар сарзамини Шарқ низ ёд менамоянд. Бино ба иттилои академик Кароматулло Олимов, бори аввал маҳз ӯ усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усулро метавон дар китобҳои «Осор-ул-боқия», «Мо-лил-Ҳинд» ва «Китоб-ул-ҷамоҳир-фи-маърифат-ил-ҷавоҳир» мушоҳида кард. Дар ин китобҳо сабабҳои пайдоиш ва фаъолияти ҷомеаро шарҳ дода, аз ҷумла, зарурати ба ҳам омадани одамон, қобилият ва ба ҳам эҳтиёҷ доштани онҳоро таъкид намуда мегӯяд, ки одамон дар тафовут аз ҳайвонот дар танҳоӣ вуҷуд ва фаъолият дошта наметавонанд. Сабаби тафовути пӯсти одамонро на ба ҳодисаҳои фавқулода, балки ба ҳолати минтақаҳои табиӣ, макон ва ҷойи зисташон алоқаманд медонад, ки аз нигоҳи илми муосир дуруст аст.
Абурайҳони Берунӣ, албатта, дастовардҳои муҳими дигари илмӣ низ дорад, аммо далелҳои зикршуда кофист, то хонанда ба саволҳои Берунӣ дар илм чӣ таълифоту бозёфт намуда, ки боиси сабти номаш дар таърихи башарият шуда ва хидматҳои ӯ барои тамаддуни башарӣ кадомҳоянд, посух гирад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»