Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо иқдоми соҳибкор Амрохон Чориев фабрикаи парандапарварӣ бунёд гардид.
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо фаъолияти фабрика шинос гардида, ба сохтмони марҳилаи дуюми он ҳусни оғоз бахшиданд.
Гуфта шуд, ки самти фаъолияти фабрикаи парандапарварӣ истеҳсоли гӯшти мурғ буда, айни замон барои забҳ 10 ҳазор сар мурғ омода мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони фабрикаи парандапарварӣ соли 2022 оғоз гардида, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ 17 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»