Пистазори Фаррух Шодиев, деҳқони таҷрибадор аз ноҳияи Ҷайҳун, ки 12 гектарро дар бар мегирад, нашъунамои хуб дошта, ҳамасола аз ин ҳисоб манфиати зиёд ба даст меорад.
- Зимистони соли 2009 мақсад гузоштем, ки боғи писта бунёд намоем. Нияти нек зуд амалӣ гардид. Соли 2010 дар заминаи хоҷагии ёрирасони ширкати «Салоса» парвариши пистаро ба роҳ мондем. Донаҳои беҳтарини пистаро интихоб карда, нахуст онҳоро дар дохили гармхона дар халтачаҳои махсус шинондем. Чун ниҳолакони писта сесола шуданд, онҳоро ба ҳавои кушод кӯчонда пайванд кардем. Бо гузашти беш аз 10 сол боғи мо ба ҳосил даромад, — изҳор кард ӯ.
Тавре Фаррух Шодиев гуфт, дар аввал аз камтаҷрибагӣ қисме аз дарахтони писта хушк шуданд. Вале ноумед нагардида, дар натиҷаи омӯзиши пайваста, ба назар гирифтани маслиҳати мутахассисони соҳа муваффақ гашт. Айни замон дар боғи ӯ беш аз 1500 дарахти писта, аз қабили навъҳои «Аҳмадӣ», «Акбарӣ» ва «Фандуқӣ», парвариш мешаванд, ки ба иқлими ноҳияи Ҷайҳун мутобиқ мебошанд. Аз ҳама бештар навъи пистаи «Аҳмадӣ» маъмул буда, ҳосилнокиаш зиёд ва серхаридор аст. Ба гуфти Фаррух Шодиев, харидорон ҳар як килограмм пистаро 170 сомонӣ мехаранд.
Чун боғи Фаррух Шодиев ҳосилдеҳ шуд, ин деҳқони серталош дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд соҳиби дастгоҳу таҷҳизоти пистатозакунӣ гардид. Акнун ҳосили боғи хешро баъд аз ҷамъоварӣ бо истифода аз дастгоҳҳои наву замонавӣ коркард мекунад.
Фаррух Шодиев нақша дорад, ки масоҳати пистазорро зиёд намояд. Аллакай беш аз 50 ҳазор ниҳоли пистаро омода кардааст, ки соли оянда қисме аз онҳоро пайванд карда, боғи нав бунёд менамояд. Ҳамчунин, мехоҳад фурӯши дарахти пистаро ба роҳ монад.
- Аз ин ҳисоб низ фоидаи хуб ба даст овардан мумкин. Арзиши як дарахти бепайванд 30 сомонӣ буда, дарахти пайвандӣ 170 сомонӣ нарх дорад. Дарахте, ки пайванд мегардад, ҳамаи хусусиятҳояш омӯхта мешавад. Тавсия медиҳам, ки пистапарварон ҳатман аз дарахти пайвандӣ истифода намоянд, — гуфт ӯ зимни суҳбат.
Барои ҳосили хуб гирифтан, пеш аз ҳама, иқлим бояд мувофиқ бошад. Барои пурра мағз гирифтани писта дар давоми сол тақрибан 40 рӯз ҳавои гарми аз 40 дараҷа боло лозим аст. Чун ноҳияи Ҷайҳун минтақаи гарм ба ҳисоб меравад, парвариши писта дар ноҳия мувофиқ ба иқлим аст.
Агар аз ҳазор дарахти боғи Фаррух Шодиев ҳар сол 10 килограммӣ ҳосил рӯёнида ва бо арзиши 170 сомонӣ фурӯхта шавад, пас ҳисоб кунед, ки ӯ ҳамасола чӣ қадар фоида ба даст меорад. Аз ин лиҳоз, ин таҷриба намунаи ибрат буда, рушд додани он муфид аст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»