Чоруми апрели соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи назоратӣ-буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои таъмини молии фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, аз ҷумла маблағгузории ҷории фаъолияти АБ ИДМ, ташаккул ва иҷрои буҷети ассамблея, лоиҳаи санадҳои меъёрии маҳаллӣ, инчунин, қарорҳои Шурои АБ ИДМ оид ба масъалаҳои молиявии фаъолияти АБ ИДМ, баррасӣ шуданд.
Мувофиқи низомнома дар бораи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ натиҷаҳои кори комиссия барои соли 2023 ҷамъбаст гардид.
Дар интиҳо иштирокчиёни ҷаласа нақшаи кори Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ барои соли 2024-ро баррасӣ намуданд.