Чоруми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии муҳити зисти Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Коршиносон ва мутахассисони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои марбут ба рушди мониторинги муҳити зист дар ИДМ, рафти кор дар лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи мониторинги муҳити зист»-ро муҳокима намуданд. Лоиҳаи «Тавсияҳо ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (ҳукумат) оид ба татбиқи сиёсати экологии давлат дар сатҳи маҳаллӣ», масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинги обҳои зеризаминии фаромарзӣ дар доираи Созишномаи байниҳукуматии Беларусу Россия ва ба амал баровардани назорати экологӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ баррасӣ шуданд.
Раиси Шурои коршиносон, ноиби президенти Академияи илмҳои Федератсияи Россия Степан Калмиков натиҷаҳои чорабинии байналмилалии «Рушди устувори манотиқи кӯҳистон»-ро ҷамъбаст намуда, дар бораи рафти иҷрои тавсияҳои форум, инчунин, омодагиҳо ба семинари мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки дар назар аст моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шавад, маълумот дод.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон