Имсол, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат «Соли маърифати экологӣ» эълон гардидааст, ки ин тадбир аз ҷумлаи иқдомҳои созанда маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад. Амалӣ гаштани ин нияти нек аз масъулиятшиносию ғамхории ҳар як шаҳрванди пойтахт вобаста аст. Дар қарор қайд шудааст, ки: «Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 900 рӯзи ободонӣ амалӣ карда шавад».
Бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади беҳтаршавии муҳити экологӣ ва ҳифзи муҳити зист тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд. Чунончи, ба наздикӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе боз як теъдод электробусҳои тамғаи «Акиа Неру» пайдо шуданд, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудааст. Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур додаанд, ки ширкатҳои мусофирбарии пойтахт пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронда шаванд. Истифодаи васеъ аз электробусҳо ва дигар намуди нақлиёти барқӣ имкон медиҳад, ки хориҷ ва паҳн гардидани газҳои гулхонаӣ кам ва тозагии ҳаво таъмин карда шавад.
Агар шаҳрвандон ба ҷои мошини сабукрави шахсиашон ҳар чӣ бештар аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд, танбашавии роҳҳо низ хеле кам мешавад. Дар ин бобат кишварҳои гуногун баҳри ҳифзи муҳити зист аз ифлосшавии нақлиётӣ чораю тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд. Ба наздикӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иқдоми фаъолони экологиро дар бораи дар шаҳри Тошканд ҳар моҳ баргузории «Як рӯзи бемошин» дастгирӣ кард. Ин иқдом бо мақсади тозагии муҳити атрофи пойтахти мамлакат роҳандозӣ гардид ва дар моддаи 27-и фармони Президенти ин мамлакат «Дар бораи барномаи давлатӣ оид ба ҷорӣ кардани стратегияи «Ӯзбекистон-2030» дарҷ гардидааст. Маҳдудкунии теъдоди мошинҳо ба нақлиёти ҷамъиятӣ, махсус ва умури фавқулода дахл надорад. Дар ин рӯз, тавре дар ҳуҷҷат қайд мешавад, масъулон ба дигарон ибрат нишон дода, ба ҷойи корашон бояд бо нақлиёти ҷамъиятӣ биёянд. Барои пешгирии ифлосшавии ҳаво аз 1 марти соли ҷорӣ дар соатҳои сермошинӣ ҳаракати нақлиёти боркаш ва гаронвазн ( зиёда аз 10 тонна) манъ карда шуд.
Алҳол марҳилаи нави созандагӣ дар шаҳри Душанбе оғоз гардидааст. Тавре иттилоъ дода будем, 23-юми феврали соли 2024 ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ гардид. Тибқи ин лоиҳаҳо, дар баробари бунёди иншооти соҳаи маишӣ, фароғатию дилхушӣ, хонаҳои истиқоматӣ сарсабзу кабудизоркунии маҳалу хиёбонҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Шинонидани дарахтони ҳамешабзу зебо, гулу буттаҳои ороишӣ ба ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии шаҳр мусоидат менамояд. Дар ин радиф ба роҳ мондани истифодаи ҳар чӣ бештари нақлиёти барқӣ бо мақсади кам кардани зарари нақлиёт дар назар дошта шудааст.
Душанбе қалби Тоҷикистон, маркази илму фарҳанг ва боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист ва бояд иқдомҳои шоистаро ҷонибдорӣ карда, дар рушду нумӯи он саҳмгузорӣ намоем. Барои баланд бардоштани маърифати экологӣ дар боғчаю таълимгоҳҳои миёнаи умумӣ ва олӣ бояд мунтазам дарсҳои махсус роҳандозӣ шаванд. Ба ин восита дар қалби наврасону ҷавонон ҳисси ғамхорӣ нисбат ба табиат ва муҳити атроф бедор мегардад.
Калонсолонро низ зарур аст, ки ба тарбияи маърифатии насли наврас ҳамеша таваҷҷуҳ намоянд, пеш аз ҳама, худ намунаи ибрат бошанду фарзандонро насиҳат кунанд, ки нисбат ба неъматҳои табиат, тозагии обу ҳаво ва ҷонварону наботот ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Ташкили озмунҳои экологӣ аз ҷониби вазорату идораҳои марбута ба тарғиби донишҳои экологӣ ва инъикоси васеи мавзуи экологӣ мусоидат менамояд. Дар воситаҳои ахбори омма, бахусус шабакаҳои телевизионӣ, таҳияи барномаҳои экологӣ бо наворҳои ҷолиб ташкил карда, роҷеъ ба ҳайвонот, табиати зебои кишвар, иқдомҳои башардӯстона дар ин самт филмҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳунариро пешкаш намоянд.
Дар тарбияи экологии насли наврас оила нақши муҳим мебозад. Маҳз, дар оила тасаввуроти аввалини кӯдак дар бораи муҳити атроф, обу дарахтон, растанию ҳайвонот пайдо мешавад. Бинобар ин, падару модарон ва дигар калонсолони оила ба ин паҳлуи тарбияи фарзандон бояд таваҷҷуҳ кунанд ва дар ниҳоди онҳо нисбати мавҷудоти табиат ва обу ҳаво ҳисси ғамхорию меҳрубониро бедор намоянд.
Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» қабул гардид, ки принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад. Дар моддаи 1-и қонуни мазкур қайд шудааст, ки мақсади асосии ин санади меъёрии ҳуқуқӣ фаро гирифтани шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа бо донишҳои умумии экологӣ, мусоидат намудан ба ташаккули тарбия ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи инсон, аҳли ҷомеа ва муҳити зист, ташаккули шахси ҳаматарафа инкишофёфта мебошад. Татбиқи ин қонун ва амалӣ гардидани иқдомҳои зикршуда ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳифзу беҳтар шудани муҳити атроф ва боз ҳам сарсабзию хуррамии пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»