Сухан бигӯ, лек бо андеша, зеро пайомади суханҳои носанҷида хайр нахоҳад буд.
***
Гуноҳ макун, садақаю хайру саховат кун ва аз ҳеҷ матарс.
***
Дар ҳеҷ манзилгоҳе худро муқимӣ ва абадӣ машумор, ҳеҷ кори дунё абадӣ нест.
***
Кам бихоҳу кам талаб куну аз ҳадду ҳудуд берун марав, мардумозорӣ макун.
***
Зиёд талабид, камаш деҳ, кам талабид, зиёдаш деҳ.
***
Хонаи бе зан мурдахона аст.
***
Баъд аз баландиҳо пастиҳо сар мешаванд, баъд аз пастиҳо баландиҳо маълум мегарданд.
***
Роҳе, ки интиҳояшро намедонам, нимаш тай шуд. Аз роҳе, ки ҳам аз ҷангал мегузашту ҳам аз баҳр, зинда баромадам…
Оқибат худро байни ситораҳо, дар осмони беохир дидам.
***
Оне ки намедонад, ки намедонад, ҳамеша пургӯӣ менамояд.
***
Торикӣ дар равшанӣ нопадид мешавад.
***
Аз қадимулайём торикӣ бо рӯшноӣ ҳамроҳанд. Торикӣ бе рӯшноӣ зиста наметавонад. Рӯшноӣ ба торикӣ бояд тоб орад.
***
Як умр меҷӯӣ, меҷӯӣ. Киро? Худро.
Вале афсӯс, худро надида, ношунида ва нофаҳмида олами рӯшанро тарк мекунӣ. Инро мехоҳӣ ё на, ба ту вобаста нест.
***
Борҳо ниҳоли умрамро аз решааш канда сӯзондаанду ман борҳо аз хокистари хеш чун Қақнус эҳё шудаам.
***
Дар дунё одамҳои бад низ лозиманд.
- Чаро?
- То ки одамони нағз маълум шаванд.
Аз китоби «Розҳо», ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо