Устод Айнӣ ва бозтоби ҳассосиёти замонӣ

№47 (4787) 15.04.2024

Ñ. ÀéíèҲамасола моҳи апрел (ба ифтихори рӯзи мелоди устод Айнӣ — 15-уми апрели соли 1878) дар ҳавзаҳои адабӣ ва мадании ҷумҳурӣ чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегарданд. Устод Айнӣ дар таърихи адабу фарҳанги муосири тоҷик бо андешаи равшани адабӣ-бадеӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳувиятшиносӣ, иҷтимоъгаройӣ ва фарҳанггустарӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ, қабл аз ҳама, ҳамчун чеҳра ва симои миллӣ дар ошкор сохтани камбуду навоқиси иҷтимоӣ ва ба истилоҳ, осебшиносии иҷтимоӣ, ки заминаи мушкилоту печидагиҳои дигари ҳаёти инсонӣ мегарданд, қадамҳои устувор бардоштааст.

Маълум аст, ки мубориза бар зидди хурофотгароиву тундравии мазҳабӣ дар ҳавзаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеаҳои ақибмондаи тоҷику форс ҳанӯз аз замони рӯйи кор омадани ислом оғоз шуда буд ва донишмандону равшанфикрони миллӣ тайи таърихи тӯлонӣ бо тоифаи хурофасозу таассубпарвар, ки дар институт ва ниҳоди рӯҳонӣ мунсаҷим шуда, дар симои шайх, зоҳид, обид, мулло, сӯфӣ, дарвеш ва амсоли инҳо зуҳур кардаанд, ҳамеша дар мубориза ва муқовимати фикрию идеологӣ қарор доштанд. Ин ҷо сухан сари муборизаи устод Айнӣ алайҳи хурофотпарастию ҷаҳолатписандӣ меравад ва мо хадамоти устодро дар раванди муқовимати фикрӣ иҷмолан бозгӯ месозем.

Омӯзишу таҳлили осори адабӣ-бадеӣ ва илмӣ-оммавии устод Айнӣ имкон медиҳад фазо ва шароити феълиро дуруст шиносем ва ба ояндабинии равандҳои сиёсию мафкуравии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ даст ёбем. Устод Айнӣ ҳанӯз аз овони наврасӣ ба мушкилоти хурофоту таассуб даргир шуд ва бо кумаку дастгирии бевоситаи падараш, ки аз ҳунарварони босаводи замон маҳсуб меёфт, ба муқаддимоти муборизаҳои фикрӣ ба муқобили мутаассибон ошно гардид. Ин масъала дар қиссаи «Мактаби куҳна», ки замони шуравӣ аз серхонандатарин китобҳои бадеӣ барои наврасону ҷавонон ба шумор мерафт, ифода ёфтааст.

Шароити номусоиди таълимӣ, иҷтимоӣ, эҷодӣ ва фикрӣ, ки тавлидгари афкори пӯсидаи хурофоти динӣ ва мазҳабӣ мебошанд, дар осори «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Ёддоштҳо» ва амсоли инҳо инъикос гардидаанд. Муҳимтар аз ҳама, устод Айнӣ ба сифати равшанфикри замон ва адиби навовари воқеъбин дар ташхиси мушкилоти фикрӣ ва ақидатии замон саҳми муносиб гузошта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти фикрию зеҳнӣ, ки аз хурофотпарастии мардум сарчашма мегирифт, иқдомоти ҷиддӣ гирифтааст. Махсусан, бовару эътиқод ба ҷину аҷина ва деву парӣ, ки асрҳо зеҳни насл­ҳои наврасу ҷавон ва бузургсолонро даргир сохта, боиси ҷиддитар шудани дардҳои иҷтимоӣ ва бемориҳои фикрӣ мегардид, устод Айниро ором намегузошт. Ин буд, ки устод барои рафъи мушкилот дар марҳилаи навини таҳаввулоти фикрию сиёсӣ (солҳои бистуму сиюми садаи бист) даст ба кор шуд ва чанд китоби мухтасар, вале дорои муҳтавои ҷиддӣ таълиф намуд, ки қисса-повести «Аҳмади девбанд» яке аз онҳост.

Дар замони шуравӣ қиссаи «Аҳмади девбанд»-и устод дар шикастани решаҳои бунёдии хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ байни наврасону ҷавонон, ҳатто насли миёнсолу солманд, нақши муҳим гузоштааст.

Қаҳрамони қисса Аҳмад ба сифати чеҳраи хирадпарвари насли ҷавони ҷомеаи тоҷик бо неруи хурофотситез ва амали созандааш таҷрибаи чандинасраи мазҳабиёни нуфуздори ҷомеаро фош сохт ва намунаи ибрат шуд. Ҳарчанд дар замони истиқлолият баъзе таълифоти Айнӣ, мисли «Мактаби куҳна», «Аҳмади девбанд», сарфи назар мешаванд ва онҳоро ба сифати асарҳои фармоишӣ унвон мекунанд, омӯзиши осори мазкур муҳимияти худ­ро аз даст надода, илова бар ин, дар шароити имрӯзаи афзун шудани хурофоту ифротгаройии динӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ заруранд.

Бозтоби таърихи пурмоҷарои тоҷик дар ду сада (асрҳои нуздаҳу бист) ва ташхису шиносоии уқдаву мушкилоти фикрию иҷтимоии миллат дар қолиби насри бадеӣ дар меҳвари умури адабӣ, сиёсӣ-мафкуравӣ ва рисолати нависандагии устод Айнӣ қарор дошт. Ба назари айнишиноси маъруф устод Соҳиб Табаров, дар осори Айнӣ, бахусус повести «Одина», романҳои «Дохунда» ва «Ғуломон», ҳаёти халқи тоҷик дар охири асри нуздаҳ ва ибтидои садаи бист тасвир ёфтааст. Агар дар повести «Одина» ҳаёти халқи тоҷик аз охири асри нуздаҳ то ғалабаи Инқилоби Сотсиалистии Октябр, дурусттараш, то ноябри соли 1918 тасвир ёфта бошад, романи «Дохунда» воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоию сиёсии аморати Бухороро аз охири асри нуздаҳ то ташкил шудани Ҷумҳурияти Шуроии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бар мегирад. Дар романи «Ғуломон» бошад, ҳаёти пурмашаққату пурзиддияти халқҳои тоҷик, ӯзбек, туркман ва дигарон аз солҳои 1824-1825 асри XIX то давраи коллективонидани хоҷагии қишлоқ – соли 1933 тасвир шудааст. Ба ин тартиб, устод Айнӣ қабл аз «Ғуломон» дар повестҳои «Ҷаллодони Бухоро», «Одина» ва романи «Дохунда» воқеаҳои таърихиро инъикос кардааст. Повести «Ҷаллодони Бухоро» асосан дар бораи воқеаи таърихие, ки моҳи март, аниқтараш 18-20 марти соли 1918, баъд аз «Воқеаи Колесов» ба вуқӯъ пайваста буд, маълумот медиҳад. Баъди «Ҷаллодони Бухоро» устод Айнӣ қиссаи «Одина»-ро менависад, ки на танҳо сароғози повестҳои адабиёти тоҷик, балки яке аз асарҳои ба назар намоёни насри бадеии адабиёти халқҳои Осиёи Миёна дар солҳои бистум ба шумор меравад. Дар романи «Дохунда» (1930) Айнӣ масъалаи муҳим ва доғи замон –хурофотписандӣ ва хурофазадагии ҷомеаро мавриди тасвир қарор дода, парда аз найрангу фиреби соҳибони шариат ва мазҳаб бармедорад. Аз тарафи дигар, ба воситаи хурофоту хушкандешӣ мутеъ кардан ва ба барда табдил додани мардум аз усулҳои маъмулии қишри рӯҳониёни вақт, ки сардамдорони режим ба ҳисоб мерафтанд, будааст. Айнӣ дар «Дохунда» аз васила ва усули бардасозии қишри рӯҳонӣ ва дарбори амирсолорӣ сухан ба миён оварда, тавассути хурофаҳои динию мазҳабӣ мутеъ ва фармонбардор кардани қаҳрамони асар Ёдгор ва дар симои ӯ тамоми мардуми заҳматкашу бепаноҳро нишон медиҳад. Намояндагони элитаи амирсолорӣ дар мисоли домулло-имом, ясавул, оқсақол, Қудрати самоворчӣ ва дигар калоншавандагони Сариҷӯй Ёдгорро аз гӯру қиёмат ва ҷазои дӯзах тарсонда маҷбур месозанд, ки хидматашро дар назди Азимшоҳ давом диҳад ва ба ӯ содиқона хидмат кунад.

Устод Айнӣ аз тариқи ҳунари воқеа­нигорӣ, тасвирсозӣ ва образофаринӣ сари мавзуъ ва масъалаҳои ҳассоси замонӣ, ки дар таъйини сарнавишти миллӣ саҳм гирифтаанд, тамаркуз карда, силсиламушкилотро як навъ решашиносӣ намудааст. Аз ҷумлаи мушкилоти вақти низоми амирсолорӣ зулму истибдоди ҳамагири дохилӣ ва қатлу куштори инсонӣ будааст.

Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар замони амирсолорӣ куштор ба дараҷае зиёд будааст, ки ҳатто Маҷиди Каҳкашонии дузд (яке аз персонажҳои «Ҷаллодони Бухоро» ва «Дохунда») ба дод омадааст. Аммо омилони куштори амирӣ бо шумули амиру қушбегӣ, қозию муфтиҳои дарбори амирӣ ва муллоҳою рӯҳониёни мансабдори вақт ҳила ва василаҳои нави одамкуширо ба истилоҳ, ихтироъ карда, мавриди истифода ва таҷриба қарор медиҳанд.

Мусалламан, мудир-омилони ҳукумати амирӣ бо табақаи равшангари ҷомеа, ки ангуштшумор буда, ҳамеша мавриди таҳқиру фишор қарор дош­танд, сахт мубориза мебурданд, зеро медонистанд, ки ин табақаи иҷтимоӣ бо донишу маърифати баланд садди роҳи хурофопароканию бедодгарии онон мешаванд.

Устод Айнӣ дар асараш «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» мушкилоти муҳимтарини фикрӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи онвақтаи Бухороро ба риштаи тасвир кашида, дар он бо тааммуқ ва тааммули амиқу дақиқ вазъи фикрию маърифатии минтақавиро ҷасурона мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бояд таъкид кард, ки китоби мазкур пеш аз инқилоби Бухоро (соли 1918) навишта шудааст ва онро наметавон тамғаи идеологӣ ё фармоишӣ-сиёсии шуравӣ зад. Дар ин китоб устод Айнӣ муҳимтарин заъфи ҷомеаи онвақтаро, ки дар хурофотзадагию бегонапарастӣ таҳаққуқ ёфта буд, дар нодонӣ, ҷаҳолат, бесаводӣ, таассубпарастӣ, залолат ва беэътиноӣ маънидод карда, роҳи раҳоӣ аз хурофоту таассубро танҳо дар равшан шудани фикру андешаи мардум (истилоҳан, «танвири фикрӣ») дидааст. Аз ин ҷост, ки китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-и устод Айнӣ беҳтарин бозгӯкунандаи вазъи хурофотии даврони амирсолорӣ мебошад. Ба таъбири дигар, устод Айнӣ ба воситаи ин китоб чеҳраи вожгунаи хурофоту таассуби асримиёнагиро, ки дар институти рӯҳониёни нуфуздор ва нухбагони бехабару фурсатталаби мазҳабӣ инъикос ёфта буд, фош намуда, танвири фикриро минҳайси муҳимтарин василаи раҳоӣ аз бунбастҳои хурофотӣ қаламдод кардааст. Ҷасорати илмию адабии устод Айнӣ дар баёни масъалаҳои марбут ба хурофот: таассуби шадиди рӯҳонияти аморат, бесаводии мардум, ҷаҳолати саросарӣ, бетарафии аксари зиёиён ва маърифатпарварони давр, муқобилияти бардавоми аҳли таассубу хурофот ва симоҳои мадумпарвари динӣ-мазҳабӣ, нифоқангезӣ ва шӯрандозӣ байни тоифа ва мазоҳиби динӣ (дар мисоли Мулло Қамари қазонӣ, Қозӣ Бурҳониддин ва амсоли инҳо) дар шароити имрӯза омӯзанда аст.

Ба таври куллӣ, омӯхтани мероси арзишманди устод Айнӣ ва дар заминаи бардошти фикрию эҷодӣ ҳадафмандона пайгирӣ кардану ислоҳ намудани уқдаву мушкилоти ҷомеа вазифаи пайравони ин шахсияти бузурги миллист. Махсусан, дар шароите ки аз ҳар ҷиҳат гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба давлату миллату амнияти миллӣ хатар эҷод мекунанд, омӯхтани осори пурарзиши устод Айнӣ ва бар ин асос, дар роҳи рафъи камбуду навоқиси фикрию иҷтимоӣ ва ахлоқию ҳувиятӣ гомҳои устувор бардоштан амри зарурӣ ва тақозои замонист. Бошад, ки аз ин вазъи ҳассос беосеб бадар оем ва бар мабнои омӯзишу мутолиа, донишу биниш, маърифату фазилат, таҷрибаву мушоҳида ва ташаббусоту ибтикороти рӯзмарра дар ташаккули тафаккури илмӣ-мантиқӣ, ҳувияту рӯҳияи миллӣ ва давлатдории дунявӣ саҳми муносиб гузорем.

Нозим НУРЗОДА,

пажӯҳишгар