Ин чӣ шӯру мубтало, ё раб, макун,
Мазҳабеам бахшу даҳмазҳаб макун.
Дар ҷаҳони муосир баррасии ҳаракатҳои нави исломӣ зарурияти таърифи истилоҳии мафҳумҳоро ба вуҷуд овардааст. Яке аз ин истилоҳҳо ҷараёни ифротгарои «Салафия» мебошад. Дар фаҳмиши луғавӣ ва маъноии худ мафҳуми «салафия» аз феъли арабӣ – масдари «салафа» дар шакл ва ҳолати аввала будан» асос ва бунёду реша дорад. Дар меҳвари чунин тасаввурот андешае меистад, ки гӯё дар тӯли асрҳои сипаришуда ислом сахт таҳриф шуда, ба он унсурҳои нави нолозим ворид гардидааст, ки моҳиятан бо таълимоти нахустини дини ислом ва суннати «салафи солеҳ» – «ниёгони накуном» ихтилоф доранд. Сарварони ин ҷараён ба он ақидаанд, ки мусулмонони ҳақиқӣ ба исломи поки замони зиндагии Муҳаммад (с) бозгашт намоянд.
Таҳлил ва мушоҳидаҳои рафтору амалу кирдор ва нияту мақсадҳои саркардаҳо ва ҳамаи аъзои фаъоли ҷараёни «Салафия» оқибати нохуби сиёсӣ — ҷамъиятиро махсусан, дар ҷомеаи исломии ҷаҳонӣ ба бор оварда, шаклгирии ҳаводиси сиёсӣ — иҷтимоиро дар баъзе мамолики исломӣ боиси хунрезӣ ва нокомии зиёди аҳли ҷомеаи онҳо мегардонад. Муҳаққиқи варзида К. Абдулҳаев дар мақолааш бо номи «Таносуби аҳдофи динӣ ва сиёсӣ дар фаъолияти «Салафия» чунин таъкид намудааст: «Зарур ба таъкид аст, ки баъзе аз афроди каҷбину каҷназар, ҳомии муллову чун мулло ҳилагар, ҳомии дину аз дин фарсахҳо бехабар, дар илму сиёсат тасодуфию раҳгузар, аз барои як танқиди сатҳӣ кинагиру кинавар бар он назаранд, ки дар мақолаи илмӣ овардани баъзе аз лаҳзаҳои фаъолияти ашхоси мавриди таваҷҷуҳро амали зиёдатӣ ва нолозим медонанд». Дар пасманзари тасдиқи пурра ва ҳаматарафаи ин гуфтаҳо таъкид менамоем, ки натиҷаи фаъолияти ҳама гуна равия ва ҷараёнҳои тундгарою террористӣ, ба мисли «Салафия» ва зерсохторҳои ин ҷараёни ба қавли К. Абдулҳаев «худкома», ба монанди «Аҳли ҳадис», «Девбандиҳо», «Ҷамоати исломӣ», «Ихвон — ул — муслимин», «Таблиғи ҷамоат», «Толибон», «Лашкари таййиба», «Ваҳҳобия» ва дигарон, вайронкорӣ ва бенизомӣ дар ҷомеаи исломӣ буда, бадбахтона, ҷомеаи исломиро ба қисматҳо пора — пора менамоянд.
Ҳамин тариқ, бо чунин роҳу рафтори ҷаҳолатпеша ва бесаводонаю беандеша, ҷараёни ифротгарои «Салафия», дар ҳақиқат ҳам, омиле мебошад, ки ваҳдати сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва динии ҷомеа, маҷрои осоиштаи равандҳои демократияро дар баъзе кишварҳои махсусан мусулмоннишин, мутаассифона, зери хатари ҷиддӣ гузошта буд ва гузошта метавонад.
Имрӯз ҳам ифротгароёни исломӣ дар бораи ақоиду амалу рафтору кирдори инсонии адлу инсоф, диндорӣ, бунёди «ҷомеаи исломӣ», гуманизму инсонпарварӣ шиорпартоӣ менамоянд. Ифротгароёни исломӣ мафҳумҳои ахлоқиро бо ақлу дидаи худ шарҳ дода, мазмуну муҳтавои чунин ақидаю рафтори маҳдуди ғайриилмӣ ва ғайришаръии худро асоснок карданӣ шуда, ба ҳамагон одамгариву инсондӯстиро талқин менамоянд, дар ҳоле ки онҳо худ дар роҳи нодурусти ҷаҳонфаҳмӣ ва ихтилофоти назар қарор доранд. Ифротгароёни исломӣ тибқи ақидаю диди худ ба ҷанги зидди пайравони динҳои дигар даъват карда, мусулмонони бо онҳо шарикнабударо маҳкум менамоянд. Ҳатто, экстремистони муосир ҷомеаро ба ду гурӯҳ: исломӣ ва ғайриисломӣ ҷудо карда, ҷомеаи ғайриисломиро ҷоҳилӣ медонанд ва чунин меҳисобанд, ки ислом ва ҷоҳилия низомҳои тамоман бо ҳамдигар зид буда, байни ин низомҳо ягон созиш ва мусолиҳа вуҷуд дошта наметавонад. Чунин ақида ва тезиси пешниҳоднамудаи Сайид Қутб, яке аз асосгузорони ҷараёни «Салафия», дар ҳақиқат, ақида ва тезиси барғалате беш нест. Маҳз, чунин ақидаи барғалатро пешвои мазҳаби ҳанафиёни ҷаҳон Имоми Аъзам нодуруст ҳисобида, бар замми он хунрезӣ ва тарғиби афкори ҷоҳилиятро дар дини мубини ислом рад намуда буд.
Дар асоси таҳлилҳои расмии институтҳои алоҳидаи давлатӣ, ғояҳои равияи «Салафия»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан хатмкардагон ва муҳассилини муассисаҳои таълимии динӣ — радикалии давлатҳои исломӣ паҳн карданд.
Онҳо бо мақсади зиёд намудани тарафдорони худ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби волидайн ва ёру бародарон, наздикон, ҳамсоягон, ҳамсинфон, савдогарони бозору дӯконҳо, баъзан муҳассилини муассисаҳои таълимии миёна ва олии кишвар, ҳатто, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, хизматчиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, духтурон ва дигар ашхос кӯшишу ғайрати беандоза намуда, то андозае ба ин ҳадафи разилонаашон ноил гардиданд. Дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи сарулибос ба бар кардан ва алалхусус, намозгузории чунин ашхос, ба ҳамагон маълум гардидааст. Қисмати зиёди намозгузорони масҷидҳои ҷумҳурӣ бо чунин ашхос борҳо даст ба гиребон низ шуда буданд. Суханронии чунин ашхос, махсусан, дар маъракаҳои тӯю сури одамон низ ба мушоҳида расида, рафтору кирдори онҳо пардапӯшона ҷараён мегирад ва мутаассифона, то ҳол пурра аз байн нарафтааст.
Таҳлил ва мушоҳидаҳои ҳамарӯзаи мутахассисон тасдиқ менамояд, ки мақсад ва мароми роҳбарон ва аъзои фаъоли равия ва ҷараёни «Салафия» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва ҷалб намудани аҳолӣ ба сафҳои худ ва дар рафти чунин даъватҳо паст задани таълимоти мазҳаби ҳанафӣ бо барангехтани кинаю адоват ва низоъҳои динӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, роҳбарон ва аъзои ҷараёни «Салафия» ақидаҳои худро, ки ба таълимоти мазҳабҳои суннатии дигари дини ислом мухолиф дониста мешаванд, тарғиб ва бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» рафтор намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо ҳар роҳу восита рафтору идеяи салафиро ташвиқ ва паҳн намоянд.
Мувофиқи талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нияту ақидаҳои нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб менамоянд ва ё барои ба таври зӯрӣ сарнагун намудани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Бо назардошти ин ва дигар ҳолатҳои фаъол гаштани пайравони равияи «Салафия» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани ҳолатҳои барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва мазҳабӣ дар асоси аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 январи соли 2009 фаъолияти ҷараёни «Салафия» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардид ва мавҷи нави паҳншавии ин ақида дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.
Таҷрибаи талхи таърихи давлатдории навини Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ба арсаи сиёсат қадаммонии роҳбарону аъзои фаъоли пайравони ҷараёни ифротгарои «Салафия» ва шохаи дигари он «Ваҳҳобия» таҳти роҳбарӣ ва назорати «Ҳизби наҳзати ислом» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна рӯзҳои мудҳишу сахтеро дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ ба сари давлат ва мардуми азияткашидаи кишвар ба бор овард.
Амин ЗУҲУРОВ,
корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия