Ҳамовозӣ ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Созандаи ҳаёти зебову зиндагии гуворои хеш бошем

№47 (4787) 15.04.2024

53576769389_14c12bdd1e_oБарои ҳимояи ин сарзамини муқаддас омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагии осуда дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин дар ҷомеа ҳамовозии ҳамаҷониба пайдо намуд.

Пешвои миллат, ки аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон хуб огоҳ ҳастанд, дар ибтидои мулоқот иброз доштанд, ки вазъи ноороми ҷомеа, муносибати давлатҳои абарқудрат, ҷангҳои идомадошта дар як қатор давлатҳо аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба қадри сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромӣ расанд, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро ҳифз ва афзун намоянд. Гузашта аз ин, марҳилаи кунунии давлатдорӣ аз мо ҳушёриву зиракӣ, садоқат ба Ватан ва оштинопазирӣ нисбат ба зуҳуроти номатлубро талаб менамояд.

Дар робита ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон Сарвари давлат зикр намуданд, ки барои мардуми кишвар баҳри амалӣ намудани ҳама рукнҳои дини мубини ислом аз ҷониби давлат шароиту имконият пурра муҳайё буда, фақат аз эътиқодмандон шукргузорӣ, самимият ба Ватан, роҳ надодан ба бегонапарастӣ ва дурӣ ҷустан аз ифротгароӣ, фарҳанги бегона ва хурофотпарастӣ талаб карда мешавад.

Чун дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX бинобар носипосӣ ба сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ ва бинобар роҳ додан ба хатои сиёсӣ истиқлолияти давлатӣ зери хатар монд, мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар сафи пеши ин фоҷиа рӯҳониён ва нафарони дар хориҷи кишвар таҳсил ва дастургирифта қарор доштанд. Ин ашхос як гурӯҳ шаҳвандони аз сиёсат дурро ба майдон кашида, таҳти шиорҳои исломӣ ба табаддулоти давлатӣ равона намуданд ва бо коштани тухми низоъ ва кина дар байни аҳолӣ сабабгори оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Ватанамон шуданд. Вазъият ба ҳадде расида буд, ки падар ба писар ва бародар ба бародар бегона гардида, бо баҳсҳои сиёсии тезутунд дар сангарҳои алоҳида қарор мегирифтанд ва ба сари ҳамдигар санги маломат андохта, ҷони ширини худро қурбон мекарданд.

Ҳамаи ин ношукрӣ нисбат ба тинҷию амонӣ имкониятҳои ҳукумати ҳамонвақтаро барҳам дода, пешрафти иқтисодии мамлакатро даҳсолаҳо ба таъхир андохт. Бо сабаби он ки сохтори давлатдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавқеашро аз даст дода буданд, ҳатто хатари порча–порчашавӣ ва аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд.

Хушбахтона, дар Ватани азизи мо ақли солим ғалаба кард. Дар рӯзҳои аввали баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шурои Олии тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, чунин иброз намуданд: «Минбаъд Тоҷикис­тон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ пеш меравад» ва ин пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар моддаи якуми Конститутсия ифодаи худро ёфт.

 Дар замони соҳибистиқлолӣ мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем, иқтидори мудофиавии мамлакат афзуд, сулҳу ваҳдат таҳким ва сатҳи зиндагонӣ баланд гардид, камбизоатӣ хеле коҳиш ёфт, нуфузи сиёсии давлат афзуд, Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ гардид ва дар ин самт панҷ пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон вобаста ба обу иқлим аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин муддат, инчунин, мо анъанаҳои неки ниёгонро эҳё намудем, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада эҳё гардиданд, дар рӯҳияи эҳтиром ба суннатҳи исломӣ ҳар сол дар мавридаш идҳои Рамазон ва Қурбон таҷлил мегарданд. Мо ба бузургони миллат, аз ҷумла Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Носири Хусрави Қабодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, арҷгузорӣ намуда, ашъори ибратбахши онҳоро нашр ва ба хотири эҳтиром ба дини мубини ислом Қуръони каримро се маротиба ба забони тоҷикӣ чоп ва ба аҳолӣ дастрас намудем. Дар баробари ин, ба хотири тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, донистани таърихи миллат, фарҳанги бою ғании миллӣ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бознашр ва дастраси аҳолии кишвар гардид.

Ҳамаи ин ташаббускориҳо ва иқдомҳои муҳим аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба мардуми кишвар буда, аз мо, шаҳрвандон, сипосмандӣ ва эҳтиром ба ин хоку сарзаминро талаб менамояд.

Инчунин, ба хотири он ки 99 фоизи аҳолии кишвар пайравони дини мубини ислом ва 60 фоизи мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби Имоми Аъзам мебошанд, ба арзишҳои созандаю инсонпарварона арҷ мегузорем. Баҳри амалӣ намудани ниёзҳои исломӣ дар ҷумҳурӣ Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ва Донишкадаи давлатии исломӣ фаъолият мекунанд, вале, мутаассифона, дар бисёр маврид аҳолӣ рӯзҳои вазнини солҳои 90-уми асри XX-ро фаромӯш мекунанд. Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда, тӯйҳои исломӣ ва арӯсию домодии миёншикан, хурофотпарастӣ, хароҷоти маросими таъзия ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ расондааст. Бинобар ин, ба хотири дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ, бартараф намудани исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда дар тӯю маъракаҳо ва дигар маросим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бараи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба танзим медарорад.

Гузаштаро набояд фаромӯш кард. Калонсолон нағз дар ёд доранд, ки то даврони соҳибистиқлолӣ барои адои заруриятҳои динӣ имкон ва иҷозат набуд. Дар мамлакат ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ ва 15 калисо, фаъолият дошт. Мардум пинҳонӣ адои намоз менамуданд. На ҳар кас ба ҳаҷи фарзӣ ва ё умра рафта метавонист, вале бо вуҷуди чунин маҳдудият дар он замон на ифротӣ буду на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ миқдори масҷидҳо зиёда аз чор ҳазор адад буда, ба 2000 нафар як масҷид рост меояд. Ин нишондод дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 3-3,5 ҳазор нафар як масҷид буда, дар дигар давлатҳо зиёда аз 5-6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 250 000 нафар ҳаҷи фарзӣ ва зиёда 400 000 нафар умраро адо намудаанд. Танҳо дар соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони мо маросими ҳаҷ ва умраро адо намудаанд, ки маблағи сарфшуда 1 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ бо ин мақсад 12 миллиард сомонии аҳолӣ сарф гардидааст. Ҳол он ки айни ҳол дар 80 мамлакати ҷаҳон мардум аз норасоии маҳсулоти хӯрокворӣ азоб мекашанд ва мо бояд ба ҷои ин хароҷотҳои беҳуда баҳри таъмини зиндагии хуб диққат дода, ақаллан барои ду соли оянда захираи маҳсулоти хӯрок­ворӣ дошта бошем.

Давлати мо давлати адолатпарвар аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 17 маротиба қонуни авф ба тасвиб расида, зиёда аз 170 ҳазор нафар маҳбус аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҷазо озод гардиданд. Бинобар пушаймонӣ аз кирдори худ нисбати 1640 нафар аз хориҷи кишвар ба Ватан баргаштагон парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ карда шуд.

Оё ҳамаи ин аз баракати соҳиб­ихтиёрии давлат нест? Оё ҳамаи ин ғамхорӣ дар ҳаққи мусулмонони кишвар нест? Оё ҳамаи ин пешравиҳо ва ғамхориҳо қобили дастгирӣ ва эҳтиром нест? Вале боиси таассуф ва нигаронии ҷиддист, ки бар ивази ин қадар ғамхорию дастгириҳо таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастию зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта дар ҷомеаи имрӯза рӯз ба рӯз густариш ёфта истодааст.

 Ҳоло Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дорад. Марҳилаи амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар давоми 33 соли истиқолият аҳолии кишвар аз 5 ба 10 миллион нафар расида, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот хеле ободу зебо гардиданд. Хурсандибахш он аст, ки ҳоло 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Саҳми ҷавонон дар таъмини пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва ободонии кишвар назаррас аст.

Мутаассифона, бо ҳамин қадар пешравиҳо фазои ҷомеаи моро як гурӯҳ хоинони миллат ноором кардан мехоҳанд. Мақсади онҳо амалӣ намудани дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон, талқини урфу одатҳои бегона, тарғиби пӯшидани сатру ҳиҷоб, ҷорӣ намудани фарҳанги бегона, ба хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ ҷалб намудани қишри каммаърифати аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, буда боиси афсӯс аст, ки ин гуна амалҳои ношоиста ва нангин аз ҷониби ҳаммиллатони мо ташкил карда мешавад.

Рушди ҷомеаи имрӯза аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва соҳибкорони муваффақ вобастагии зиёд дорад. Бо ҳамин мақсад ба муносибати 30-юмин солгарди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Дар баробари ин, ба хотири пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва исрофкорӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки дар муддати ду моҳи оянда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро боз­бинӣ намуда, барои вайронкунандагони ин ду қонун ҷазоҳои сахттар пешбинӣ карда шавад. Инчунин, аз ходимони дин даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар сафи пеш бошанд.

Ҳамин тавр, ҳама дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин мулоқот раҳнамои фардои нек ва дастури саривақтӣ буда, баҳри анҷом додани корҳои хайру савоб, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятиму бепарастор, сарфаю сариштакорӣ, танзими маъракаю маросим, амалӣ намудани ҷавҳари Қуръони карим аз мо масъулияти дучанд талаб менамояд.

 Мақсад аз ин мулоқот ҳидояти мардум ба роҳи нек, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, хизмат ба Ватан, ҳифзи сулҳу суботи кишвар ва якпорчагии он, вусъат додани бунёдкорию созандагӣ баҳри ноил шудан ба зиндагии шоиставу пурсаодат буда, барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва талқини шаҳрвандон ҷиҳати расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини пешрафти мамлакат ва амалисозии ормонҳои миллӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

Мурод ШУКУРЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент