ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар соли 2023 ва семоҳаи якуми соли 2024 ба хотири барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, азнавтаҷҳизонӣ, тармиму навсозии таҷҳизоти амалкунанда фаъолиятро идома дода, барои афзун намудани истеҳсоли алюминийи аввалия ва зиёд намудани маҳсулнокии электролизёрҳои амалкунанда тадбир андешида истодааст. Ин нуктаро масъулини ширкат 15-уми апрел ба рӯзноманигорон, ки бо сафари сайёҳӣ (пресс-тур) ба тамошои ин корхонаи азими саноатӣ омада буданд, зикр карданд.
Шиносоии рӯзноманигорон бо фаъолияти заводи алюминий аз сехи рехтагарӣ оғоз ёфт. Тавре сардори сех Шодибек Хӯҷов иттилоъ дод, алюминий дар шакли моеъ тавассути миксерҳо ба ин ҷо интиқол ёфта, қолабрезӣ мешавад. Дар сехи мазкур зиёда аз 200 нафар кор мекунанд. Бино ба гуфти номбурда, имрӯз дар ширкат сабикаҳои хурд, шакл, сими алюминий, дастаҳои алюминий, варақаҳои алюминий ва сабикаҳои силиндршакл истеҳсол мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда дорои сифати баланди эътирофшуда ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазири А7, А5 А5е ва А0 мебошад.
Директор оид ба иқтисод ва ҳайати кормандони ширкати мазкур Павел Дик доир ба фаъолияти корхона иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, соли 2023-юм 77 электролизёр бо харҷи зиёда аз 105 миллион сомонӣ ба кор андохта, инчунин, барои корандозии 25 электролизёр мавод харидорӣ шудааст.
Маҳсулнокии миёнаи ҳар як электролизёр аз 975 то 1034 кг афзоиш ёфта, сифати алюминийи истеҳсолшаванда беҳ шуд. Агар дар соли 2022 асосан алюминийи навъи АВ97 истеҳсол мегардид, пас дар семоҳаи чоруми соли 2023-юм 100 дарсад алюминийи баландсифати навъҳои А7, А5 ва А0 истеҳсол шуд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2024-ум 96 электролизёр бо сарфи 146,2 миллион сомонӣ таҷдид шавад.
Дар ин давра истеҳсоли алюминийи аввалия дар соли 2023-юм 66 649 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 4606 тонна зиёд мебошад.
ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар соли 2023 уҳдадории андозии худро иҷро карда, аз андоз қарз надорад. Гардиши савдои хориҷии ширкат дар соли 2023-юм 244,4 миллион доллари ИМА арзёбӣ гардид.
Бино ба гуфти Павел Дик, ширкат дар бобати истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигаронидашуда самаранок фаъолият бурда, истеҳсоли онро тадриҷан зиёд мекунад.
Сехи маводи оташбардор ва сохтмонӣ фаъолияти пурмаҳсул дошта, маҳсулоти он ҳалқаи муҳими баргузории тармими мукаммали таҷҳизоти ҷамъият маҳсуб меёбад, ки қаблан аз хориҷи кишвар дастрас мешуд. Сехи мазкур хиштҳои оташбардори навъҳои ШБ, МКРА, мертели МШ-28, ВГ-50 ва ғайра истеҳсол менамояд.
- Ширкат дар семоҳаи якуми соли равон корхонаҳо ва истеъмолгарони дигари дохилиро бо 2883,5 тонна алюминий ба маблағи 70,4 миллион сомонӣ таъмин намуд, — зикр кард ӯ.
Бино ба иттилои масъулин, айни ҳол дар ширкат 4800 нафар кор мекунанд, ки музди меҳнати онҳо ба ҳисоби миёна 2583,29 сомониро ташкил медиҳад. Маоши кормандони баландихтисос 4000 сомонӣ аст.
Инчунин, рӯзноманигорон осорхонаи ширкатро тамошо карданд.
Қобили зикр аст, ки сохтмони корхона соли 1965 шурӯъ ва аввалин корпуси он марти соли 1975 ба кор дароварда шудааст. Иқтидори солонаи он истеҳсоли 517 ҳазор тонна алюминийи аввалия буда, яке аз корхонаҳои бузургтарини истеҳсоли арзиз дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»,
Душанбе — Турсунзода – Душанбе