Душанбе шаҳри сабз, маскани сидқу вафо буда, дар ҳалқаи кӯҳҳои Ҳисор чун диёри мардони сарбаланд пойбарҷо истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайвастаи Раиси ҷавони шаҳр, Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳои пойтахт ривоҷи тоза ёфт. Дар Маромномаи сокини пойтахт омадааст: «Ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ, об, фазо, барқ, боғу дарахтзор ва гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт ва иншоот расидан ва ба онҳо ғамхорона муносибат намудан, ободию озодагии пойтахт ва маҳали зистро таъмин кардан аз муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандӣ мебошанд. Зимнан, сарсабзу хуррам гардонидани шаҳр аз оину суннатҳои азалии миллат ва одоби ҳамидаи мардуми мост».
Ин шаҳри сулҳофар замоне дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор дошт ва дар тӯли таърихи беш аз дуҳазорсолаи худ роҳи пуршараферо тай намудааст.
Соли 1939 нахустин маротиба дар соҳили дарёчаи Душанбе ковишҳои археологӣ гузаронида шуд ва бостоншиносон даҳҳо номгӯи олоти сангиро пайдо намудаанд, ки ба асрҳои дуюм ва сеюми то милод тааллуқ доштанд. Баъдтар дар асоси ҳафриёти бостоншиносон равшан гардид, ки аввалин шаҳре, ки ба қарнҳои IV-II пеш аз милод мансуб аст, дар соҳили рости дарёи Варзоб, дар масоҳати 25-30 гектар вуҷуд дошт. Шаҳрак аз диж, шаҳристон ва никропол (қабристон) иборат будааст. Тибқи маъхазҳои таърихӣ, дарозии қалъа 150-300 метрро ташкил намуда, атрофи онро девори сангине мепечонд. Қобили зикр аст, ки то миёнаҳои асри V водии Ҳисор як қисми давлати Эфталитҳоро ташкил медод. Дар ҳамин давра дар водии Ҳисор ду вилоят: Аҳорун ва Шумон будааст. Бо номи Шумон Душанбе дар таърихномаҳо қайд шудааст. Номи имрӯзаи Душанбе бори аввал соли 1676 дар номаи ба подшоҳи Россия Ф.А Романов фиристодаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ёд шудааст. Он давра Душанбе ва водии Ҳисор ба ҳайати хонигарии Балх шомил мешуд. Маъхази дигар — «Таърихи Убайдуллохон»-и Мирмуҳаммад Амини Бухороӣ мебошад, ки дар он муборизаи хунини мардуми Душанбе ба муқобили зулми Манғития дар охири асри XVIII тасвир шудааст.
Табиатшиноси рус В.И Липский, ки барои омӯзиш соли 1897 омада буд, навиштааст: «Сокинони Душанбе ба мо муносибати самимона ва дӯстона доштанд. Мардуми одии он тамоман таассуби динӣ ва миллӣ надоранд. Онҳо аз мо, ки дар байнашон зиндагӣ менамудем, ҳазар накарда, аз як дастархон ва аз як зарф хӯрок мехӯрданд».
Соли 1869 ба Осиёи Миёна олими машҳури рус А.П. Федченко сафар намуда, солҳои зиёд ба омӯзиши муҳити зист, набототи ин минтақа машғул гаштааст. Сипас, вай қомус ва харитаеро соли 1872 мураттаб намуд, ки дар он Ҳисору номи Душанбе зикр гардидааст. Соли 1887 капитани артиши Россия Лилиентал Душанберо шаҳри дорои 700 хонавода ва соли 1894 афсари дигари артиши Россия пас аз сафараш ба Душанбе шаҳрро дорои бештар аз 500 хонавода маънидод намудаанд. Моҳи октябри соли 1907 дар натиҷаи заминларза деҳаи Қаратоғ, ки мавзеи истироҳатии беки Ҳисор буд, валангор гашта, мардуми аз офати табиӣ саломатмонда ба Душанбе кӯч мебанданд. Он вақт аҳолии Душанбе 1000 хонаводаро ташкил медод.
Соли 1924, вақте ки Душанбе маркази давлати тоҷикон интихоб мешавад, дорои мавзеъҳои ҳозираи Сариосиё, Қарияи боло, Шоҳмансур, Қарияи Миршикор буд. Дар Душанбе бори аввал биноҳои замонавиро ба тариқи ҳашар соли 1929 сохтаанд. Бинои идораи Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 1930 қомат афрохт.
Аз рӯзҳои нахустини эҳёи пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнй, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, М. Шогадоев, Б. Ғафуров, М. Турсунзода, С. Улуғзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ ва дигарон бунёдгузори илму фарҳанг буданд.
Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ симои Душанбе ба куллӣ дигар шуд. Дар он кӯчаю хиёбон ва биноҳои замонавӣ қомат афрохтанд. Пайкараҳои муҳташами шоҳ Исмоили Сомонӣ, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, китобхонаи бузурги миллӣ ба Душанбе ҳусни дигар зам намуданд. Пойтахти тоҷикон шаҳри сулҳ эълон гардид.
Ҳоло дар Душанбе ба ифтихори 35-солагии истиқлолияти давлатии кишвари азизамон корҳои созандагӣ идома доранд. Кас ба биноҳои наву хуштарҳи пойтахт нигариста мафтун мешавад. Хиёбонҳои шаҳр басо дилрабост. Толорҳои театр, синамо, кохҳои Наврӯз, Ваҳдат шукӯҳу шаҳомати хос доранд. Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чун ёдгории бегазанд пойтахтро ҳусни тоза бахшидааст.
Гулгашти сабзгуна ва пур аз гулу буттаҳои хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ зебою пурнакҳат ба чашм мерасад. Биноҳои баландошёна, таълимгоҳҳои муосир ва боғу марказҳои фарҳангӣ самараи истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Дар ду бари Қасри миллат Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтаанд ва Парчами давлатии мо дар ҷаҳон баландтарин Парчам мебошад.
Дар тӯли ин солҳо пойтахт аз як деҳаи назарногир ба шаҳри азими саноатӣ-иҷтимоӣ табдил ёфта, маркази баргузории вохӯрии сарварони давлатҳои бузурги дунё ва Анҷумани тамоми тоҷикони ҷаҳон гардидааст.
Донишманди шинохтаи Эрон доктор Нотили Хонларӣ 45 сол пеш таассуроти аввалинашро аз шаҳри Душанбе чунин нигоштааст: «Касе, ки дар урдубиҳишт ба ин ҷо сафар кунад, ба он «Гулшаҳр» ном хоҳад дод, зеро ки дар фурудгоҳу хиёбон, боғу хона ҳама ҷо гул аст». Воқеан, шаҳри Душанбе макони гулу буттаҳои нодиру ҳамешасабз гаштааст. Агар дар Боғи ботаникии пойтахт нодиртарин долу дарахтони дунё сабз шуда бошанд, қад-қади кӯчаю хиёбонҳои Душанбешаҳрро гулу буттаҳои сабзгуна оро додаанд.
Ҳамин тавр, шаҳри Душанбе на танҳо маъвои писандида ва маркази фарҳангӣ аст, балки як шаҳри овозадори саноатӣ-иқтисодӣ мебошад.
Пойтахти тоҷиконро аз ғарб дарёи пуртуғёни Душанбе, аз шимол қаторкӯҳҳои сарбаланд ва аз шарқу ҷануб дарёи нуқрафоми Кофарниҳон иҳота кардааст. Душанбе дар фазои сулҳу осоиштагӣ назаррабоӣ дораду оғӯши худро ба рӯи меҳмонон мекушояд. Ба гуфтаи шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ:
Эй Душанбе, боз кун оғӯши хеш,
Меҳмону мизбон ояд ҳаме,
Меҳмон гуфтам, ғалат гуфтам, бубахш,
Меҳмон не, мизбон ояд ҳаме.
Маҷид Салим,
нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон