Аз байн рафтани баъзе пиряхҳои бузург то соли 2050

№51 (4791) 24.04.2024

Омили устувории табиат ин ҷанбаро зери суол мебарад

ФЕДЧЕНКОДу даҳсола мешавад, ки Тоҷикистон ва ­Роҳбари он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сатҳи  байналмилалӣ вирди забони ҷаҳониёнанд. Ахиран СММ бо пешниҳоди Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуд ва тибқи қатъномаи ин созмони бонуфуз,  ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мешавад. Пиряхҳо дар ҳаёти инсоният чӣ аҳамият доранд ва чаро Пешвои миллат ду даҳсолаи охир таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба масъалаи мазкур ҷалб менамоянд?

Пиряхҳоро манбаи оби ошомиданӣ мепиндорем, аммо тибқи хулосаи коршиносон, онҳо манбаи мувозинат ё омили устувории табиат низ мебошанд. Ташвишовар он аст, ки дар ҷаҳон бар асари гармшавии глобалӣ пир­яхҳо босуръат об мешаванд. Яъне, сол аз сол захираи оби ошомиданӣ маҳдуд мегардаду мувозинати табиат ноустувор. Ин омил ба соҳаи кишоварзӣ, ки сарчашмаи даромади сеяки аҳолии сайёра мебошад, бетаъсир нахоҳад монд. Бад шудани сифати оби ошомиданӣ, солимии инсон, баландшавии оби дарёҳо, ҳарорати ҳаво ва офатҳои табиӣ аз таҳдидҳои дигаре мебошанд, ки ояндаи босаодати инсониятро зери суол мебаранд.

 ВАЗЪИ ПИРЯХҲОИ БУЗУРГИ ҶАҲОН ЧӢ ГУНА АСТ?

Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи пиряхҳои бузурги ҷаҳон чандон хуб нест. Дар асоси пажӯҳиши наве, ки ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо IUCN анҷом дод, баъзе пиряхҳои бузург то соли 2050 комилан аз байн хоҳанд рафт. Дар ин хусус созмон дар сомонаи худ «unesco.org» иттилоъ додааст. Тавре дар хабар таъкид мешавад, дар ҳудуди 50 мероси фарҳангии ЮНЕСКО пиряхҳо ҷойгиранд. Онҳо тақрибан 66,000 км2 масоҳат дошта, 10 дарсади умумии пиряхҳои Заминро ташкил медиҳанд. Ба инҳо, аз ҷумла, пиряхҳои балантарин (дар паҳлуи Эверест), дарозтарин (дар Аляска) ва охирин пиряхҳои боқимонда дар Африқо шомил мебошанд. Пажӯҳиши коршиносон муайян намуд, ки ин пиряхҳо аз соли 2000 аз таъсири партовҳои СО2 (гази оксиди карбон), ки боиси болоравии ҳарорат мегардад, бо суръати ташвишовар об мешаванд. Ҳар сол 58 миллиард тонна обро аз даст медиҳанд, ки ин ба яксола оби истеъмоли сокинони Фаронса ва Испания баробар аст. Бо вуҷуди ин, муҳаққиқон бар он назаранд, ки аз се ду ҳиссаи ин талафотро захира кардан мумкин аст, ба шарте афзоиши ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ нисбат ба давраи пеш аз саноатӣ аз 1,50 С беш набошад.

Хабари интишорнамудаи сомонаи «ferra.ru» низ нигаронкунанда аст. Сомонаи мазкур бо истинод ба далелҳои пажӯҳишгарон иттилоъ додааст, ки 1400 пиряхи Швейтсария (аз рӯи масоҳат пиряхҳои ин мамлакат тақрибан нисфи тамоми Алпҳои Аврупоро ташкил медиҳанд) бар асари тағйирёбии иқлим беш аз нисфи ҳаҷми худро аз даст додаанд. Муҳаққиқон тахмин менамоянд, ки ин пиряхҳо тӯли 85 сол — то соли 2016 ду маротиба, аз он замон то инҷониб, беш аз 12 дарсад коҳиш ёфтаанд.

ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧӢ ҲОЛАНД?

2824173752880c1832a2ba279d42c923Кишвари мо дар Осиёи Марказӣ маркази бузурги пиряхҳо ба шумор рафта, пиряхҳо 60 дарсади оби минтақаро дар худ нигоҳ медоранд. Агарчи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил диҳад ҳам, раванди гармшавии глобалӣ ба пиряхҳои Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст. Ин далел гувоҳи он аст, ки партови газҳои гулхонаӣ аз қаламрави як кишвар метавонад боиси баланд шудани ҳарорат дар кишвари дигар гардад. Бино ба иттилои Абдулҳамид Қаюмов, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои назди АМИТ, ба ин сабаб пиряхи  Якарчаи  минтақаи  Варзоб коҳиш ёфта,  раванди мазкур идома дорад. Болои пиряхи РГО (ҷамъияти географии Россия) ҳавзи калон пайдо шудааст, ки сабаби он гармшавии ҳарорати ҳаво арзёбӣ мегардад. Он бояд зери назорати ҳамарӯза қарор бигирад, зеро РГО пиряхи ҳаракаткунанда ба шумор меравад ва лағзишҳои босуръате дорад, ки метавонад садди дарёҳо шуда, сабаби обхезӣ гардад. Пиряхҳои Помири Шарқӣ, аз сабаби он ки ҳарорат дар ин минтақа кам  тағйир меёбад, нисбатан кам коҳиш ёфтаанд. Масалан, обшавии пиряхи  Зулмат нисбатан кам ба назар мерасад.

- Соли 2021 якҷо бо намояндагони институтҳои  бонуфузи  ИМА, Фаронса, Австрия ва Швейтсария ба пиряхҳои Қизилсу ва Баралмоси болооби дарёи Сурхоби минтақаи ноҳияи Лахш экспедитсия ташкил намудем. Ҳодисае, ки диққати олмонро ҷалб намуд, ин канда шудани ҳавзи қисми болоии пиряхи Баралмос мебошад. Ин пирях то соли 2010 дар се — чор сол як бор канда мешуд. Мутаассифона, солҳои охир кандашавии ҳавзҳои болои он зиёд ба чашм мерасад. Масалан, танҳо соли 2021 ҳавзҳои ин пирях се маротиба канда шуданд, — иброз намуд А. Қаюмов.

Ба иттилои ӯ, яке аз ҳавзҳо 14-уми июли соли 2021 канда шуд, ки ин ҷараён  ҳамагӣ 15 дақиқа идома ёфта, дар ин муддат оби ҳавзи пирях  3 метр паст шуд. Ҳаҷми об зиёд набуд, аммо хисороте, ки ба хоҷагии халқ овард, қариб 20 миллион сомониро ташкил медиҳад. Он қариб 500 метри шоҳроҳеро, ки аз ноҳияи Лахш мегузарад, валангор кард. Пайдоиши ҳавзи болои пирях ва кам шудани забонаи он нишони коҳиш ёфтани пирях дар натиҷаи тағйирёбии иқлим мебошад.

Тавре экспедитсияҳо муайян намуданд,  болои пиряхҳои дар баландии аз 3500 метр поинтар аз сатҳи баҳр ҷойгирифта  ҳавзҳои зиёд пайдо шудаанд. Ба ҳисоби миёна 350-400 ҳавз ба қайд гирифта шудааст, аммо ба  андешаи мутахассисон ин шумора зиёдтар мебошад.

Муайян гардида, ки пиряхҳои болооби дарёҳои Ғунд ва Зарафшон нисбат ба пиряхҳои  Помири Шарқӣ бештар коҳиш ёфтаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиряхҳои Помири Шарқӣ, ки нисбатан дар баландӣ ҷойгиранду ҳаҷман калон, кам коҳиш меёбанд. Яъне, онҳо ба тағйирёбии иқлим устувортаранд, аммо пиряхҳое, ки поинтар ҷойгиранду масоҳаташон аз 1 километр хурдтар аст, таъсири тағйирёбии иқлим дар онҳо бештар мушоҳида мегардад. Олимон муайян намуданд, ки баъзе пиряхҳо  қисм-қисм ҷудо шуда, пиряхҳои алоҳидаро ташкил кардаанд.

- Аз сарчашмаҳои илмӣ маълум аст, ки дарозии пиряхи Федченко дар давраи «яхбандии Лахш» 170 километр буд, аммо баъдан он ба 100 пиряхи алоҳида тақсим шуда, ҳоло дарозии қисми асосиаш 76 километр мебошад. Пиряхҳои Майхура — Зиддӣ  нисбат ба солҳои пешин зиёдтар коҳиш ёфтаанд, — афзуд А. Қаюмов.

ҲАМИН ТАВР…

Обшавии пиряхҳо мушкили кишвари алоҳида набуда, масъалаест, ки ҳалли он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду даҳсола аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ­масъала ҷалб менамоянд. Дар доираи «Соли байналмилалии ҳифзи пир­яхҳо» қарор аст кишварҳои алоҳида барои ҳифзи пиряхҳо корҳои зиёде анҷом диҳанд, ки муҳимтарини он кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоса, дар самти ҳифзи пир­яхҳо, ки на танҳо ба ҳалли мушкилоти об, балки ба ҳифзи табиат низ марбутанд, ҳадафҳои гуманис­тӣ дар пай доранд. Ин ташаббусҳо танҳо ба хотири наҷоти сайёра ва сокинони он рӯи кор омадаанд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»