Ба шарофати сиёсати хирадмандонаю дӯстпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ҳасанаи ду ҷумҳурӣ сол ба сол рушд ёфта истодааст. Дар партави ҳамин гуна муносибатҳои бародарона 15-17 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анҷумани дуюми ректорони мактабҳои олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар анҷуман ва ҷаласаҳои пленарии он масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои олии ҳар ду кишвар, таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷойи кор, хусусиятҳои ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон, тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кишоварзӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар анҷуман, инчунин, маросими ба имзорасонии шартномаҳои ҳамкорӣ байни мактабҳои олии ҳар ду мамлакат баргузор гардид.
Дар доираи анҷуман иштирокдорон аз шаҳри Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд боздид намуданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»