Тоҷикистон — ташаббускори ҳифзи «Лабораторияи табиӣ»

№53 (4793) 29.04.2024

1687309677_happylove-top-p-samii-bolshoi-lednik-v-tadzhikistane-krasi-50Хабаре, ки миллати тоҷикро бори дигар хушнуд гардонд, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома оид ба эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад. Ин ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он 14 декабри соли 2022 аз тарафи 153 давлати дунё дастгирӣ ёфт. Инчунин, минбаъд ҳар сол 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» таҷлил мешавад.

Ба туфайли хусусияти орографӣ ва иқлимӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази калони яхбандии минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар адабиёти илмӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ­пиряхҳо чун «лабораторияи табиӣ» дониста мешаванд. Яъне, онҳо ҳассостарин объекти табиӣ буда, ҳамчун индикатори арзёбии паёмадҳои тағйирёбии иқлим хизмат мекунанд.

Бояд зикр кард, ки дар кишвари офтобрӯяи мо ба ғайр аз 947 дарёи дарозиашон аз 10 км зиёд 1300 кӯл, 11 обанбори калон ва зиёда аз 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст.

Масоҳати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,4 ҳазор км2 буда, 6 дарсади масоҳати кишварро ташкил медиҳад, ки асосан дар минтақаи Бадахшон ҷойгир мебошанд. Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулёбии оби калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ Амударё ва ҳавзаи баҳри Арал нақши асосӣ доранд, чунки зиёда аз 60 дарсади захираҳои оби кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбад. Инчунин, 60 дарсади захираҳои обии минтақа дар ҳудуди кишвари мо ҷойгир мебошанд. Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи кишоварзӣ, гидроэнергетика ва соҳаҳои саноатии ба онҳо алоқаманди ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши аввалиндараҷа доранд.

Боиси таассуф аст, ки солҳои охир тағйирёбии глобалии иқлим ба пиряхҳо, ки осебпазиртарин объектҳои обӣ мебошанд, таъсири манфӣ расонид. Мо шоҳиди босуръат об шудани ях дар Арктика, Антарктида, Гренландия ва ғайра шуда истодаем. Кишвари мо ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пайомадҳои равандҳои умумиҷаҳонӣ истисно нест. Гармшавии иқлим, ки бахусус, дар фасли гармо бештар ҳис карда мешавад, дар манотиқи баландкӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Помир, Зарафшон, Ҳисору Олой ва ғайра сабаби обшавии босуръати пиряхҳо гашта истодааст. Мувофиқи маълумоти илмию расмӣ, аз соли 1930 то ҳол масоҳати умумии яхбандии кишвар аз 1/3 ҳисса кам шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) чунин зикр намуданд: «Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад».

Биноан, маҳз бо пешниҳодҳои Сарвари давлати мо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ доир шуданд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории як қатор кишварҳои ҷаҳон Маҷмаи кулли СММ «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» (2005-2015), «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» — ро эълон намуд. Аз ин хотир, мизбони қисми зиёди конфронсу ҷамъомадҳои сатҳи баланди байналмилалӣ маҳз Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Инчунин, дар вохӯрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд раисии Бунёди байналмилалии наҷоти Арал аз соли 2020 то 2023 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ин фонд интихоб шуданд. Дар ин замина, бо андӯхтани таҷрибаи зиёд оид ба масъалаи мавриди назар ва роҳандозии дипломатияи об Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар самти истифодаи оқилонаи об ташаббусҳои навро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ намояд.

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқоти нахустини Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардад, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад ва «Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шавад.

Пештар аз ин, барои ҳифз ва нигоҳдории ­пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардид. Дар доираи ин ташаббусҳо нахустин маротиба дар назди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази яхшиносӣ таъсис дода шуд. Таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» (марти соли 2018) аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯйдоди фараҳбахш ва ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Таъсиси марказ имкон фароҳам овард, ки дар самти омӯзиши пиряхҳо таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии ҷавобгӯ ба сатҳи ҷаҳонӣ гузаронда шаванд. Муассисаи мазкур ба Системаи ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо, инчунин, ба Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба криосфера (қабати яхини Замин) шомил гардидааст.

Дар маҷмӯъ, ин иқдомҳо барои ташаккули маърифати экологии аҳолӣ ва дарки аҳамияти об дар рушди устувори «иқтисоди сабз» саҳми бориз гузоштанду мегузоранд.

Эҳром АБДУҒАФФОРЗОДА,

сармутахассиси котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон