Муаррифии «Харитаи электронии шаҳри Душанбе»

№53 (4793) 29.04.2024

123126-уми апрели соли 2024 бо ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» аз тарафи КВД «Шаҳри ҳушманд» муаррифии лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» доир гардид.

Дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи дастури навбатии роҳбарияти шаҳр лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар озмун ширкатҳо барои омода намудани лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» ҳуҷҷат пешниҳод намуданд ва лоиҳаи гурӯҳи ширкатҳои ЭРА бо пешниҳоди бартарияти инноватсионӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қабул гардид. Зимни муаррифии лоиҳаи мазкур гуфта шуд, ки ин навоварӣ ва лоиҳаи инноватсионӣ талаботи замони нав буда, марҳила ба марҳила ба рақамикунонии ҳама соҳаҳо хоҳем гузашт.

Бояд гуфт, ки лоиҳа «Картография»-ро дар бар гирифта, дар он корҳо оид ба муайянсозии ҳудуди шаҳр, таҳияи харитаи дученакаи шаҳр, омода намудани қабати нармафзор барои харита, тавлиди маҷмӯи ибтидоии инфрасохтор ва амсоли онҳо амалӣ карда мешаванд. Хусусият ва тарҳрезии система, ки дар он тадқиқоти тамоми муассисаҳои давлатӣ, ташаккули шартҳои техникӣ барои сохтани система, талабот ба қисми нармафзори комплекс, ташаккули маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ барои маҷмӯи барномавӣ-техникии «Smart city Dushanbe» роҳандозӣ шудаанд, барои осон ва беҳбуд бахшидани кор мусоидат менамояд.

Лоиҳаи мазкур ҳамчун таҷдиди рақамии тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хизмат расонида, барои сокинон ва меҳмонони пойтахт роҳнамои хуб хоҳад буд.

Дар чорабинӣ ҳозирин барои боз ҳам мукаммал сохтани лоиҳаи мазкур фикру ақида ва пешниҳодҳои ҷолибу самараоварро баён намуданд.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»