Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории вараҷа

№ 24.04.2024

Беморие, ки боиси марги зиёд мегардад

25-уми апрел Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди вараҷа (малерия) таҷлил карда мешавад.

Мудири шуъбаи бемориҳои сироятии калонсолони шаҳри Турсунзода Усмон Аслонов бар ин назар аст, ки мавсими гирифторшавӣ ба бемории вараҷа аслан ба моҳҳои май-июн рост меояд.

Ба гуфтаи мутахассиси соҳа ҳарчанд баъди соли 1995 ҳолатҳои гирифторшавии сокинони кишвари мо ба бемории вараҷа ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, аммо сайёҳоне, ки дар ҳамин айём аз кишварҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, Африка ва ҷумҳуриҳои  Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон ба Ватани мо меоянд, имкон дорад, интиқолдиҳандагони эҳтимолии ин беморӣ бошанд.  Бинобар ин, чунин нафарон бояд аз ташхиси эпидемиологӣ гузаранд.

У. Аслонов масъалаи ба пуррагӣ аз байн бурдани касалии вараҷаро дар кишвар ба се омили асосӣ нисбат медиҳад: аввалан, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дуюм, ҷудо шудани маблағҳо ва сеюм, роҳандозии низоми пайгирии ҳолатҳои алоҳида.

Ёдовар мешавем, ки вараҷа бемории вазнин буда, боиси марги одамони зиёд мегардад ва ҳамасола 240-250 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало шуда, дар саросари ҷаҳон то 300 ҳазор нафар аз ин маризӣ ба ҳалокат мерасанд. Интиқолдиҳандагони аслии беморӣ хомӯшакҳои ҷинси Anopheles (лотинӣ Anopheles — бефоида, беарзиш) мебошанд. Бахусус, кӯдакони то панҷсола ба таври зиёд қурбонии вараҷа мешаванд. Бузургтарин марказҳои вараҷа имрӯз дар кишварҳои Африқои ғарбӣ Малӣ, Гвинея, Нигерия, Гана ва ғайра мебошанд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»