Ҳифзи пиряхҳо иқдоме, ки ниҳоят муҳим аст

№54-55 (4794-4795) 01.05.2024

Бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдоми ниҳоят муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Ёдоварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (28 декабри соли 2023) аз ҳифзи пиряхҳо бесабаб нест. Маҳз, пиряхҳо манбаи асосии оби нӯшокӣ, обшор намудани замин ва дигар эҳтиёҷот, на танҳо барои Тоҷикистон, ҳамчунин, кишварҳои минтақа маҳсуб меёбад. Дар шароити кунунӣ бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва дигар омилҳо талабот ба об торафт бештар мегардад. Дар ин маврид ҳифзи захираҳои об ва истифодаи босамари он ба масоили муҳим барои кишварҳои минтақа табдил ёфтааст.

Захираҳои обӣ барои Тоҷикистон боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки кишвари мо дорои захираҳои бои энергетикӣ мебошад. Дар рӯди Вахш силсиланеругоҳҳои зиёд бунёд ёфтааст, ки эҳтиёҷоти дохили кишварро таъмин ва барои ба хориҷ ба фурӯш баровардани неруи арзони барқ заминаи мусоид фароҳам меорад. Махсусан, бунёди иншооти муҳими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва паси ҳам ба кор андохтани чархаҳои он моро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ торафт наздик месозад.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона шудааст. Амалисозии чунин нақшаҳо имкон медиҳад, ки неругоҳҳои фаъолияткунанда муддатҳои тӯлонӣ барои мардум ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат хизмат намоянд.

Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки соли 2025 чархаи сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор диҳад. Бо ин мақсад ҳоло дар ин иншооти муҳими аср корҳои бунёдкорӣ бомаром идома дорад.

Аз ин ваҷҳ, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи об дар шароити кунунӣ хеле муҳим маҳсуб меёбад. Ташаббус ва саъю кӯшиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намудани соли 2025 хеле бамаврид буда, шаҳодати он аст, ки ин абармард хатарҳои амалкарди баъзе кишварҳоро ба амнияту суботи ояндаи сайёраи Замин хуб дарк менамоянд.

Умеда ЭМОМАЛИЗОДА,

муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансур