Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, бо таҳия ва қабули қонунҳои устувор фаъолона иштирок менамояд.
Аз ҷумла, бо таваҷҷуҳ ва пайгирии яке аз ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Маҷлиси намояндагон азм дорад Форуми байналмилалии парламентӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон»-ро баргузор намояд.
Бо ин мақсад 30-юми апрели соли 2024 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории форуми мазкур баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки форум 10 июни соли 2024 дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-11 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гузаронида мешавад.
Баргузории форум бо ҳамгироии ташкилоти Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD) пешбинӣ шуда, дар кори он намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва аъзои парлумонҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Дар идомаи ҷаласа раиси кумитаи тадорукот барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани форум самтҳои фаъолият ва вазифаҳои аъзои кумитаи тадорукотро мушаххас намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ