Ҳамовозӣ ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Беҳтарин инсон нафърасон аст

№54-55 (4794-4795) 01.05.2024

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ҳоле сурат гирифт, ки дунё дар вазъи тағйироти босуръати пешгӯинашаванда қарор дошта, инсоният ба ҳамзистии мусолиматомез ва дурӣ ҷустан аз зиёдаравию исрофкорӣ, пешгирии ифротгароии динию терроризм ва дигар ­аъмолу одатҳои бад аз ҳар вақти дигар ниёзи бештар пайдо кардааст.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рӯзадорию парҳезгорӣ таваҷҷуҳ намуданд. Инсони ворастаю комилро мебояд, ки дар ҳар давру замон ва тамоми ҳолату вазъият парҳезгор бошад, яъне, нигоҳ доштани ин мизон дар ҳама кору фаъолият калиди муваффақиятҳои ӯст. Ба таъкиди Пешвои миллат: «…ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок дош­тан, гузашт кардану бахшидан, босабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад».

Мағзшӯӣ, шомилшавӣ ва иштироку даст дош­тани баъзе зодагони мамлакат дар амалҳои террористии ҷаҳону минтақа давоми солҳои охир боиси ташвиши ҷиддӣ ва латма бар ҳувияту шарафи миллат ва давлатдории муосир буда, дар ин ҷода аз усулҳои наву корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маълумотнокии васеи аҳолӣ, бахусус ҷавонон, бояд кор гирифта шавад, зеро ба қавли коршиносон, терроризму экстремизм аз мушкилоти сиёсии ҷаҳон замина гирифта, бо тарҳрезӣ ва роҳандозии инқилобҳои ранга дар давлатҳои мухталиф решаи он устувортар хоҳад шуд. Дар ин росто омили асосӣ агар аз як ҷиҳат, фақру бенавоӣ ва бесаводӣ бошад, паҳлуи асосии масъала дахолати беруна ба фаъолияти давлатҳои соҳибихтиёр, тарғиботи беасос ва мағзшӯии мардум, зӯран тағйир додани сохти конститутсионии кишварҳо, тамомияти арзӣ, барҳам задани суботи сиёсӣ ва истиқлоли онҳо мебошад.

Пешвои миллат дар ин маврид ҳам равшану кушод иброз доштанд: «Дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллати тоҷик фоҷиаву рӯйдодҳои сахту сангине сабт гардидаанд, ки бартарӣ пайдо намудани мафкураи тундрави динӣ, таассубгароӣ ва сиёсисозии ақидаҳои динӣ омили асосии онҳо буд. Барои мисол, сарнавишти давлати Сомониёнро мегирем. Тибқи маълумоти аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид. Рӯҳониёни асолату ҳувиятбохта барои дастгирии бегонаҳо, ки ҳадафи ғасби давлати миллии тоҷиконро дош­танд, замина муҳайё карданд».

Кӯшишҳои беисти табаддулоти давлатию зиддиконститутсионӣ дар мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ низ кам набуданд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони зиёд аз дасти иғвоангезону бехирадон, фаъолияти сусти институтҳои дахлдори давлатдорӣ ва бетарафию бешарафии қисме аз волидону аҳли зиё раҳгум шудаанд. Маҳз, моддиётпарастӣ, канор гирифтани наслҳои ояндасоз аз китобхонӣ, маърифат­омӯзӣ ва дурӣ ҷустан аз илму адаб теъдоде аз эшонро бо ҷаҳолату хурофотпарастӣ мувоҷеҳ сохт.

Роҳбари давлат аз хулосаи донишмандону коршиносон ва мутахассисони исломшинос мисол оварданд, ки тайи чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геополитикӣ тат­биқи барномаҳои «исломи сиёсӣ» мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна лоиҳа ва нақшаҳои муғризонаю манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад.

«Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст», — таъкид намуданд Роҳбари давлат.

Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд, ки «Беҳтарин инсон касест, ки ба халқ нафърасон бошад». Яъне, на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъа­шон ба пайвандону наздикон, ҳамсояҳою ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва дили ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки халқи мо ба ҳар кору фаъо­лияти созанда, бунёдкорию созандагӣ қодир аст. Гузашта аз ин, тавре Пешвои миллат борҳо таъкид мекунанд, Ватани моро ба ҷуз худамон каси дигар ободу пешрафта намесозад. Аз ин ҷиҳат, ташаббускорӣ дар ҳар шуғлу кор, ботаваҷҷуҳ будан дар фаъолият ва обод кардани як гӯшаи меҳан худ нафъе барои ҷомеаю меҳан аст.

 «Дур нест рӯзҳое, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт месозем, зеро халқи мо — мардуми сарбаланди Тоҷикистон барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!», — хулоса карданд Роҳбари давлат.

Аз ин рӯ, дар вазъияти хеле мураккаб моро зарур аст, ки ба қавлу амал, ҳарфҳои хирадмандонаи Пешвои миллат ва ояндаи дурахшону пурсаодати неки Ватан умед баста, ақлу идрок, фаҳмишу дониш ва тавоноии хешро ба аъмоли ваҳдатбахшу созанда равона намуда, дар ин масир ҳамаи талошҳоро ба харҷ диҳем.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»