Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Одил Рено-Бассо

№54-55 (4794-4795) 01.05.2024

830-юми апрели соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Меҳвари асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба оид ба рушди нақлиёти шаҳрӣ, барномаҳои сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳр, фароҳамсозии шароит баҳри бунёди ояндаи беҳтару устувор барои шаҳри Душанбе ва сокинони он, сохтмони роҳу эстакадаҳо ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб муфид ташкил дод.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мавзуъҳои марбут ба ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои навро низ баррасӣ намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд. Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ муҳокима гардиданд.

www.dushanbe.tj