Рӯзҳои 2-3-юми майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд Форуми III байналмилалии сармоягузории Тошканд баргузор мегардад, ки дар он аз 84 кишвар 2500 намоянда ширкат хоҳанд кард.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ, инчунин, намояндагони созмонҳои бузурги байналмилалӣ, ба монанди СММ, Созмони кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт (ОПЕК), Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Бонки аврупоии рушд иштирок мекунанд.
Дар доираи форум баргузории 40 чорабинӣ, аз ҷумла ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ, мизҳои мудаввар, ҷаласаҳои пленарӣ, муаррифӣ ва ба истифодадиҳии як қатор лоиҳаҳо пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд яке аз чорабиниҳои муҳими иқтисодӣ на танҳо барои Ӯзбекистон, балки барои тамоми минтақа мебошад. Доираи фарогирии он сол то сол васеъ мегардад. Агар дар соли нахусти баргузории он (соли 2022) 1000 нафар намояндагон аз 56 кишвар ширкат варзида бошанд, соли сипаришуда ин рақам ба 70 кишвар ва беш аз 2000 нафар иштирокчӣ расид. Дар доираи Форуми II байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки 27- 28 апрели соли 2023 баргузор гардид, 164 шартномаи сармоягузорӣ ба маблағи 11 миллиард доллар ба имзо расид.
Дар чорабинии имсола намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони кишварамон ширкат хоҳанд кард. Умед аст, ки ширкат дар чунин чорабинии бонуфуз боиси таҳкими робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаю ҷаҳон ва дарёфти сармоягузорон ба лоиҳаҳои муҳими иқтисодии мамлакат хоҳад гашт.
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
иштирокчии форум.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»