Донистан муҳим аст

ҲАНГОМИ СЕЛУ ОБХЕЗӢ ЧӢ БОЯД КАРД?

№ 01.05.2024

Соли равон дар натиҷаи боришоти зиёд ба заминҳои кишт ва манзили як қатор сокинони деҳоти ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва шаҳри Ваҳдат зарар расид. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо риоя намудани бархе чораҳои эҳтиётӣ метавон ҳаҷми зарарро кам ва саломатии худу аҳли хонаводаро ҳифз кард.

Ташкилоти ҷамъиятии «Парастор» бо ин мақсад дар доираи лоиҳаи «Таъмини бехатарии бонувони деҳот аз офатҳои табиӣ» бо дастгирии Бунёди вокуниши фаврӣ (UAF) чанде пеш дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо бонувоне, ки узви ҷамъиятҳои баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба оқибатҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим мебошанд, машғулият гузаронид.

- Мо узви гурӯҳҳои экологӣ, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва дигаронро, ки таъсиррасон ҳастанд, ба машғулиятҳо ҷалб намудем. Дар асоси нақшаи тарҳрезишудаи амал оид ба мутобиқшавӣ ба  тағйирёбии иқлм ба ҳар як иштирокчии лоиҳа «Дастури омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода» ва сумкаи махсус барои нигоҳ доштани дорую ҳуҷҷатҳо зимни селу обхезӣ супурда шуд,- иброз намуд директори ташкилот Раъно Қосимова.

Иштирокчиёни машғулият бо чӣ гуна  истифода бурдан аз захираҳои иттилоотӣ барои сари вақт огоҳ намудани аҳолӣ зимни сар задани  офатҳои табиӣ, истифодаи технологияи IT  барои огоҳ шудан аз  вазъи обу ҳаво, табодули иттилоот бо ниҳодҳои маҳаллие, ки метавонанд кумаки техникӣ расонанд, ошно шуданд. Сӣ нафар  иштирокчиёни лоиҳа барои вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои  фавқулода ва расонидани кумак дар ҳолати сар задани мушкилӣ шомили гурӯҳи сафарбаркунанда гардиданд.

Раъно Қосимова  зикр намуд, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани хавфи селу обхезӣ, пеш аз ҳама, ҷамоати деҳот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии шаҳру ноҳия ва ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаро хабардор бояд кард. Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои вазнин дар деҳаҳо гурӯҳҳои наҷотдиҳанда омода намудан лозим аст. Ситоди маҳаллии ҳолати фавқулода ташкил намуда, ба таҳлука набояд роҳ дод. Дар сурати таҳдиди хавф шиноснома, шаҳодатномаи кӯдакон ва дигар  асноди зарурию ашёи  қиматбаҳоро бо худ гирифта, муташаккилона аз мавзеи хатарнок берун баромадан лозим аст. Дар ситоди ҳолатҳои фавқулода бояд захираи оби тоза, қуттичаи тиббӣ барои ёрии таъҷилӣ, фонус, гӯгирд, чароғакҳои каммасрафи ҷайбӣ ва захираи озуқаворӣ муҳайё бошад.

Ташкилот тасмим гирифтааст, ки чунин  машғулиятҳоро дар шаҳри Ҳисор, ноҳияи Варзоб ва бо гурӯҳи рӯзноманигорон (барои инъикоси дурусти ҳолатҳои фавқулода) баргузор намояд.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»