Дар шаҳру деҳи Ватан,
Дар ҷодаҳои Меҳан,
Кормандони алоқа,
Дар хизматанд, аҳсан!
Ҳам Хатлону Бадахшон,
Ҳам Ҳисору Зарафшон,
Пайваста бо мавҷи сим,
Ақсои Тоҷикистон.
Дар гармою дар сармо,
Дар кӯҳу дашту саҳро,
Беминнату беиллат,
Ҳал кунад мушкили мо.
Алоқачии тоҷик,
Бошад ҳамеша содиқ.
Кор кунад аз дилу ҷон,
Барои Тоҷикистон.
Хадамоти алоқа,
Ёрирасони мо шуд.
Алоқаи босифат,
Ҳузури ҷони мо шуд.
Сафар ҲАЙДАР