Чоруми майи соли 2024 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Олмон Насиба Содиқӣ бо ҳайати вакилони парлумони Олмон таҳти раёсати Манфред Грунд мулоқот намуд.
- Мо аз саҳмгузорӣ ва талошҳои шумо дар пешбурди ҳамкориҳои дӯстонаи байнипарлумонӣ изҳори сипос менамоем. Боиси зикр аст, ки аз давраи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии кишварҳоямон дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дуҷониба бемайлон рушд карданд, — гуфт дар мулоқот Насиба Содиқӣ.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд бо парламентҳои кишварҳои олам, аз ҷумла бо парлумони Олмон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ширкату тамосҳои пайвастаи намояндагони мардумӣ дар сатҳҳои гуногун метавонад барои наздик сохтани мавқеи кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак намоянд.
Чунин равобити неку оянданигаронаи Маҷлиси намояндагон бо парламенти Олмон ба рушду такмилу табодули таҷрибаҳои қонунгузорӣ мусоидат намуда, дар тақвияти ҳамкориҳои давлатӣ низ нақши созгор мегузорад.
- Муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон барои рушди муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, аҳамияти бузург доранд. Умед дорам, баргузории чунин мулоқотҳо натиҷаҳои мушаххасро доро буда, ба манфиати мардумони кишварҳои мо равона шудаанд, ки самти муҳимтарини афзалиятноки сиёсати байналмилалии мо минбаъд низ густариш ва рушди робитаҳои байнипарлумонӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин муносибатҳоро таҳким хоҳем бахшид, - изҳор намуд Манфред Грунд.