Ташаббусҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба тадбирандешӣ водор месозанд

№59-60 (4799-4800) 13.05.2024

Обшавии босуръати пиряхҳо, ки бар асари тағйирёбии иқлим ба вуҷуд омадааст, ба зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бо назардошти ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи тағйирёбии иқлим» ҷиҳати пешгирӣ намудани тағйирёбии иқлим иқдомҳои саривақтӣ ва ниҳоят муҳимро амалӣ намудааст.

Боиси ифтихори тоҷикону тоҷикистониён аст, ки дар ду даҳсолаи охир зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо пешоҳанги ҳалли масоили глобалии марбут ба обу иқлим эътироф гардид. Маҳз бо ибтикори Сарвари башардӯсту ташаббускори мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эъломияву қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2018 — 2028 «Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои рушди устувор», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар доираи он 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-ум пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, бо қатънома соли 2025- ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кард. Ин пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 154 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Қабули чунин як қатънома боиси сарфарозии ҳар як фарди тоҷик ва аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад. Дар асоси ин қатънома ташаббусҳои Президенти кишвар, аз ҷумла эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», дар наз­ди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо, аз ҷониби давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳиб­истиқлол ба 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи ҳифзи муҳити зист шомил буда, ба ҳайси узви фаъоли созмонҳои минтақавию байналмилалӣ рисолати хешро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шарафмандона амалӣ менамояд.

Истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардондани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин асос, ҳамгироӣ нисбат ба масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав бошад, дар «Барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2025» пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмӯъ, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ буда, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, институтҳои минтақавию байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳонро водор менамояд, ки ба мушкилоти марбут ба об боз ҳам бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

М. САЛОҲИДДИНЗОДА,

корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон