8-уми майи соли 2024 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия бо роҳбарии муовини Раиси Думаи давлатӣ Кара-Оол Шолбан мулоқот ва масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи парлумониро баррасӣ намуданд.
Маҳмадалӣ Ватанзода иброз намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Федератсияи Россия яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, мубодилаи сафарҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
Тоҷикистон барои тақвияти робитаҳои дуҷониба дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла табодули сафарҳои кории ҳайатҳои парлумонии ҳар ду кишвар ва роҳандозии дипломатияи байнипарлумонӣ, аҳамияти зарурӣ медиҳад.
Иброз гардид, ки фаъол будани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ дар ҳайати парлумонҳои ҳар ду кишвар омили асосӣ ва муҳим барои густариши равобити дуҷониба дар ин самт аст. Бо истифода аз фаъолияти ин гурӯҳҳо мо метавонем қадамҳои ҷиддитар дар муносибатҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бардорем.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ