Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

№122 (3268) 17.10.2014

1

Шонздаҳуми октябри соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо баргузории маросими истиқболи расмӣ дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар ин ҷо ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва навозандагони Оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Меҳмони олимақом  — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани Сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони ҳар ду давлат аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва саломи меҳмони олимақом ба сарбозони тоҷик ва ҳамчунин бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии афсарону сарбозони Горди фахрӣ ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстона ва густариши робитаҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.

www.president.tj