Рӯзҳои 14-17 майи соли ҷорӣ дар мавзуи «Ҳифзи арзишҳои демократӣ: аҳамияти идоракунии бахши амният ва назорати парлумонӣ» дар шаҳри Брюссел аз ҷониби Маркази Женева оид ба идоракунии бахши амният дар доираи форуми «Ҳамкорӣ барои сулҳ» форуми парлумонӣ баргузор гардида истодааст, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон Толибхон Азимзода ва Ҳаёт Одинаев иштирок доранд.
Ҳадафи форум тавассути табодули афкор ва таҷриба баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии вакилони парлумонҳои кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ оид ба татбиқи фаъолияти қонунгузорӣ дар бахши амният, инчунин, паҳн намудани нормаҳо ва таҷрибаи пешқадам барои назорати парламентии ин соҳа мебошад.
Баргузории форум имкон медиҳад, ки дарсҳо, бозёфтҳо ва фаҳмиши коршиносони байналмилалии амният ва ҳамкорони парлумонии Иттиҳоди Аврупо бо мақсади дастгирии ислоҳоти маҳаллӣ, ки ба таҳкими нақши парлумонҳо дар идоракунӣ ва назорати бахши амният нигаронида шудаанд, муҳокима гарданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ