Абдураҳмон Абдуманнонов аз назари дӯстӣ ва бародарӣ
БОЗ ХАБАРИ ХУШ
Пагоҳӣ қатӣ дар ҳуҷраам ҷамъ омада будем. Ҳама мудирони шуъбаҳои нашриёт. Устод Қутбӣ Киром, мудири шуъбаи адабиёти классикӣ, даст бардоштанд, чизе гуфтанӣ буданд, ки садои занги телефон. Аз гӯшӣ овози вазир, ноҷур, хафанамо. Таъкид гардид, ки наздашон дароям. Чӣ гап? Тинҷӣ бошад?
Ба вазорат шитофтам. Дар қабулгоҳи вазир одам бисёр. Ман дар навбати аввал қабул мешудаам. Мушовирашон Мирзобадал дар паси дар, яке аз дӯстони банда.
- Маро ҷеғ заданд, намедонед барои чӣ? – аз ӯ пурсон шудам. Табъаш хира, сухане нагуфта аз ҷайбаш дору гирифт, ба таги забон монд. Дарро кушод, ки дароям. Баръакси ҳаррӯза вазир ба истиқболам аз паси миз берун баромад, курсиеро пеш кашид, нишастам. Наздам як пиёла чой гузошт. Баъд аз андаке хомӯшӣ гуфт, ки «як гап», намедониста, ки чӣ тарз ба ман бигӯяд.
Ниҳоят ба гап даромад. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш шуда, ки маро аз вазифаи директори нашриёт озод намоянд. Соатҳои ёздаҳ мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президент Абдураҳмон Абдуманнонов омада, рафиқи дигаре, ба ҷоям таъин мешудааст. Канӣ касе, ки барои аз вазифа мондан нохуш нашавад? Бароям ногувор. Дар фикр будам, ки чаро аз дастгоҳ фармоиш, ки маро аз вазифа гиранд, чаро? Бандаро медонанд, мешиносанд, камбудие нагузашта, ду рӯз пештар дар сафари Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳашон будам. Меҳрубонӣ, пурсупос, гуфтанд, ки ба нашриёт боз пул ҷудо мешуда аст.
Рӯзҳои аз вазифа барканор шуданам мегузаштанд, хафагӣ, маъюсӣ. Гоҳе миш-миш гӯё дар атрофи камина гап шуда. Маро ҷеғ мезадаанд, як умеде, агар шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад, мегӯянд. Кош ҳамин гапҳо рост, кош шамол бошад.
Дар Иттифоқи нависандагон маҷлис. Ҷои нишасти мою Абдураҳмон Абдуманнонов ва устод Муъмин Қаноат дар паҳлуи ҳам. Аз ҳамон рӯзи аз вазифа озод шуданам бо Абдураҳмон вонахӯрда будам. Саломуалайк кардем.
- Акаи Кароматулло, чӣ ҳол доред? Нағз ҳастед? — пурсон шуд.
- Медонед, аҳволам нағз, бисёр нағз, — киноя задам.
- Зиқ нашавед, ба сари одам ҳар хел рӯз меояд, шодию ношодӣ, — маро тасаллӣ дода, як чӣ медонистагӣ барин афзуд: — Ҳамааш нағз мешавад, ака, гап-гап. — Давомашро напурс.
- Чӣ гап? — пурсидам.
- Баъд мефаҳмед, — гуфт Абдураҳмон ва таъкид кард, ки лаб накушоям, хомӯш будан беҳтар.
Бо табъи хуш, чеҳраи кушод ба нашриёт бармегаштам. Дар роҳ бо як нафар корманди вазорат вохӯрдам. Ӯ ҳам хотири маро шод намуд. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои кории бандаро бурдаанд. Аз ин хуштар боз чӣ муждае? Аз дари идора даромадам, гуфтанд, ки аз дастгоҳ сим зада маро пурсидаанд. Дар паси дари ҳуҷраам варақе, ному рақами телефон. Сим задам, дар ҷустуҷӯи ман саргардон шуда будаанд. Соати даҳ бояд дар қабулгоҳи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир мешудаам, бо либосҳои расмӣ.
АЗ НОУМЕДӢ БА УМЕД Чеҳраи гандумгуну дили сафед
Воқеаи таърихӣ буда, ки як муддат мудирони шуъбаҳои фарҳанг ва иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ҳар ду узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Инҳо адибон Абдураҳмон Абдуманнонов ва Кароматуллоҳи Мирзо. Ва ин боз гувоҳие аз ғаморӣ, эҳтирому эътибори беандозаи Сарвари давлат ба мо — аҳли адабу фарҳанг аст.
Бародар Абдураҳмон аз ман пештар дар вазифаи мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ, баъд мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳ, банда ба ҷои вазифаи пешинаи вай.
Дар масъалаи ба ҷои касе ба вазифа омадан хушӣ ва нохушӣ. Нохуш оне, ки аз вазифа меравад, ранҷиш, дилмондагӣ. Аммо барои мо ин тавр набуд. Шояд худи Абдураҳмон маро ба ҷояш тавсия дода. Баъд аз вазифадор шуданам ба ҳуҷраам омад, ҳуҷрае, ки солҳо дар ин ҷо заҳмат мекашид, бо ҳамкорон одат карда ба мисли ёру бародар. Маро ба онҳо шиносонд, таърифу тавсиф, боз хоҳише хуб кор кунанд. Дар Иттифоқи нависандагон ҳам бо Абдураҳмон ҳамкор, дӯстони наздик будем. Аз рӯзи ба дастгоҳ омаданам меҳрубонтар, дар ҳоле ки ба атрофиён ҳанӯз ноошноам. «Корҳо хуб мешаванд»,- мегуфт. Маслиҳат мепурсидам, саволҳои беҳисоб, тоқат мекард. Ҳамеша чеҳра — кушода, ҷоннисор.
Аз хотирам намеравад. Рӯзи аввали ба вазифа омаданам қарибе гапшунав шуда будам. Ба маҷлиси Ҳукумат аз шуъба масъалае пешниҳод мешудааст, тағйиру иловаҳо ба як қарор вобаста ба иттилоот. Зафар Саидов котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он масъул буданд. Масъалаи омоданамуда муҳим, ба нақшаи маҷлиси Ҳукумат дохил. Сарвазир муҳтарам Оқил Ғайбуллоевич маҷлисро мегузарондааст. Вақти оғози маҷлис соати ду. Маводро ба шуъба баргардонданд, дар он имзои масъули масъала Зафар Саидов набудааст. Камбудии ҷиддӣ.
Оҷилан аз пайи пайдо намудани Зафар Саидов афтодем. Ба телефонаш занг болои занг, ҷавоб нест.
Абдураҳмон Абдуманнонов дар он лаҳзаҳо ҳамроҳамон. Аз мо бештар дар ташвиш. Мегуфт, ки ин хел воқеа нашуда, ки масъала дар муҳокимаи маҷлис, масъулаш ба он имзо нагузошта. Ӯ ноосуда, парешон, гӯё ҷои орамидан намеёфт. «Ман ҳозир, акаи Кароматулло, ман ҳозир», — гуфта аз ҳуҷраи мо баромад. Ба суроғу пай гӯё нишона ёфта. Зафар дар Варзоб, дар табобатгоҳи ҷумҳуриявӣ. Ӯро ёфта, имзояшро гирифтааст. «Акаи Кароматулло, зиқ нашавед», коғазҳоро ба пешам гузошт. Ҳамроҳ вориди маҷлисгоҳ шудем. Дар ҷойҳои муайяншудаамон паҳлуи ҳам нишастем, осуда шуда будем.
БАЪД аз ДАФН ҶАЗО
Роҳи мо аз паси дари ҳуҷраи муовини Сарвазир. Гоҳе, агар дарашон боз бошад, бо ёрдамчиашон Алиҷон Шоҳназаров вомехӯрдем, чеҳрааш кушода, меҳрубонона. Вақтҳои охир ҳангоми аз наздаш гузаштан пагоҳӣ қатӣ хабарҳои нохуш: «Устод Убайд Раҷаб аз олам гузаштаанд». Ё пас аз чанд рӯзи дигар: «Медонед чӣ? Собир Зикирзода қазо кардаанд, раҳматӣ одами хуб буданд» .
Пагоҳии шанбеи 22.01.2005, дар нимроғ, баъд кушода шуд. Алиҷон тарафам омад, овозаш парешон.
- Медонед-чӣ, акаи Кароматулло? — бо табъи хира ба гап даромад.
- Нохушӣ. Муовини вазири фарҳанг Моҳирхӯҷа Султонзода нобуд шудаанд.
- Наход? — боварам намеомад.
- Соати даҳ ҷаноза, — Алиҷон таассуф мехӯрд, ғамгинтар шуда буд.
- Ҳайф шудааст, сад ҳайф, — бо дили пуралам ба роҳам қадам мондам. Дари ҳуҷраамро кушодам, телефон пайи ҳам занг мезад.
- Шунидед, акаи Кароматулло? — овози андуҳгинонаи Абдураҳмон Абдуманнонов.
- Чӣ кор мекунем? Меравем? — пурсидам.
- Нарафта намешавад. Лекин дина роҳбари дастгоҳ гуфта буданд, ки имрӯз вохӯрӣ.
- Вохӯрӣ бо хориҷиён?
- Вазифаи шуъбаи мо, — гуфт Абдураҳмон.
- Ҷавоб гирифтанамон лозим.
- Медонам, нарафта наметавонем, наравем, чӣ мегӯянд? Бачаҳояшон ҳеҷ гап не, лекин ба рӯи модараш чӣ хел нигоҳ мекунем? Ҳар боре хонаашон равем, ба мою шумо кампир ҳазор бор мемираду мезиҳад. «Шумо бачаҳом, ба қатори Моҳирхӯҷаам». Ҷаноза меравем. — хулоса намуд Абдураҳмон.
Бесабаб не. Абдураҳмону Моҳирхӯҷа ҳамкурс будаанд, бародар барин. Ҳарду олим, ҳампеша. Моҳирхӯҷа аксар аз Абдураҳмон маслиҳат мепурсад, баъд корҳояшон ҳамеша алоқаманд. Абдураҳмон мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенту Моҳирхӯҷа муовини вазири фарҳанг. Баъд пайвандии дигар, ки Моҳирхӯҷа ба маъракаҳояш ҳамеша Абдураҳмонро алоҳида ҷаҳд менамояд. Хурсандиҳо дар рӯи ҳавлӣ, рақсу суруд. Тавонанд – натавонанд, ҳама дар рақс, аз ҷумла вақтҳои дастҷунбониҳои Моҳирхӯҷа Абдураҳмон ҳам бо ӯ дар рақс. «Абдураҳмон, ту ҳам бачамӣ», — модар дастҳои ӯро мебӯсид.
Банда бо Моҳирхӯҷа аз дигар ҷиҳат қарину ошно, ӯ донишҷӯ буду ба газетаҳо мақола менавишт, назди ман ба редаксияи «Тоҷикистони советӣ» меомад, мақола меовард, мақолаҳояш чоп мешуданд. Шиносоии банда бо Моҳирхӯҷа боз сабаб дошт. Дар бораи модараш очерк навишта будам, Хосият Султонова аслан аз Бухоро ба Тоҷикистон омада. Омӯзгори хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, дар замони шуравӣ бо ордени Ленин шарафманд гашта, соҳиби чандин нишону ифтихорномаҳо, аз омӯзгорони аввалин дар ҷумҳурӣ, аз ҳисоби бонувон, соҳиби 12 фарзанд. Се бача аз шавҳар, нуҳтои дигар ҷигарбандони худи модар, нигоҳубин барои ҳамаи фарзандон бетафовут, ҳамаашон барояш як хел азиз, як хел тарбият ёфта, ба камол расиданд. Имрӯз бо ҳам хоҳару бародар, маълумоти олидор, Моҳирхӯҷаю Пӯлодҷон номзадҳои илм. Марги Моҳирхӯҷа дар пирӣ ба сари модар кӯҳи ғам.
Абдураҳмону банда дар паҳлуи модар. Ҳа, ҳамин тавр, роҳбари дастгоҳ моро ҷавоб надоданд, гуфтанд, ки фақат як соат, равему биёем. Вохӯрӣ бе иштироки мо намегузаштааст.
***
Ҳавлии Моҳирхӯҷа. Аз он садои оҳу афғон ба фалак, гиряву нола. Баробари ба дарвоза қадам мондан назари модари ӯ ба ману Абдураҳмон афтод, гоҳе ба худу гоҳе аз ҳуш мерафт, рӯ ба мо овард «Бачам, Абдураҳмон, устод Кароматулло, биёед, Моҳирхӯҷаи додаратон маърака дорад, маъракаи хайрбод, аз ман, аз хона меравад, ба по не, ба сар меравад.
Бинедаш, «дидорҳо ба қиёмат», гӯед. Дар паҳлуи ман бошед, қуввату мадори дили ман шавед, аз пояи тобуташ бардоред. Сари манзилаш намеравам, дар хиҷолат мемонад, дастҳо пеши бар ба пешвозам намехезад. «Биёед, оча, ҷон, очаҷон, биёед!» намегӯяд. Инсоф кунад, маро ҳам ба наздаш барад, тезтар барад». Модар бехудона чиҳое мегуфт, аз мо, аз «меҳмонҳо»-и бачааш Моҳирхӯҷа назар намеканд. Намегузошт лаҳзае аз ӯ дур бошем. Дигар ку хаёле, ки аз рӯи талаби роҳбари дастгоҳ мо аз назди модар зудтар бархезем. Мо гирифтори нолаю оҳу афғони модари бародарамон Моҳирхӯҷа. Пояи тобуташ дар дастамон, ҳамроҳаш мо дар гӯристон, дар назди манзили абадии ӯ, рӯзи офтобӣ, мисле баҳор, дар гирду атроф сабза дамидааст, сабза сар аз хок бароварда, вале бародари мо Моҳирхӯҷа ба хок меравад. Болои гӯраш хок мепартофтем. «Хайр, бародари азиз, хайр, Моҳирхӯҷа», — мегуфтем.
Вақте ба дастгоҳ баргаштем, рӯз қарибе бегоҳ. Вохӯрӣ бо хориҷиҳо кайҳо гузаштааст. Рӯзи дигар, пагоҳӣ қатӣ роҳбари дастгоҳ моро наздаш хонд, аз қошу қавоқҳояш барфу борон не, жола меборид. Ба мо ҷазо эълон намуд ва аз мукофоти ҳармоҳаамон маҳрум кард.
Кароматуллоҳи Мирзо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон