Зиндагиномаи мардони фидоӣ пур аз корнамоӣ, бурду бохт ва талош аст. Авроқи рангини зиндагии фарзандони фарзонаи миллат маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид. Акнун рӯзноманигорону пажӯҳишгарон имконият пайдо намуданд, ки ба мавзуъҳои таърихӣ, муаррифии чеҳраҳои миллат назари нав дӯхта, нақши симоҳои мондагорро пурра муайян намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корномаҳои фарзандони Тоҷикистонро намунаи олии садоқат ба Ватан арзёбӣ намудаанд: «Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиҳои фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад».
Зиндагиномаи қаҳрамони мо низ пур аз саҳифаҳои рангини корнамоиҳои бемисли як тоҷикписар аст, ки дар сохтмони нахустин хоҷагиҳои коллективӣ нақши мондагор гузоштааст. Собиқадори меҳнат, собиқ раиси Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон зиндаёд Ғоибназар Паллаев аз нахустин фотеҳони водии Вахш мебошад. Рӯзгору сарнавишти ин марди накуном рангин аст. 20-уми майи соли 1929 ба дунё омадааст. Падараш Палла-полвон, аз одамони барӯманд буда, Ғоибназарро аз кӯдакӣ дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудааст. Ғоибназар соли 1948 мактаби миёнаи шаҳри Хоруғро хатм карда, ба шаҳри Душанбе меояд ва таҳсилро дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон идома медиҳад. Баъд аз хатми донишгоҳ соли 1954 як муддат дар ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ) кору фаъолияти пурсамар дошт. Сипас, чун ҷавони кордону ташаббускор, директори «МТС»-и ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) таъин гардид. Моҳи феврали соли 1958 дар шаҳри Москва дар анҷумани пешқадамони соҳаи кишоварзӣ ширкат намуда, бо туҳфаи хотиравии Ҳукумати ИҶШС сарфароз гардид.
Дар он солҳо аллакай роҳбарият дар симои ӯ роҳбари кордону оқилро диданд. Ин буд, ки соли 1959 муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шуд ва то соли 1961 дар ин вазифаи масъулиятнок фаъолият намуд. Баъдтар, котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Ашт, сипас, котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) интихоб шуд. Соли 1977 Ғоибназар Паллаев котиби якуми Кумитаи ҳизбии вилояти навтаъсиси Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) таъин гардид.
Бо роҳбарии вай корҳои хайру мондагор ба анҷом расид. Симои шаҳр дигар шуда, нахустин биноҳои маъмурӣ, иншооти кишоварзӣ ва мактабҳои миёнаву олӣ қомат афрохтанд. Ҳамон солҳо кӯчаҳои Қӯрғонтеппа аз нав тарҳрезию асфалтпӯш гаштанд. Бинои алоҳидаи театру омӯзишгоҳи кишоварзӣ бунёд шуд. Ободӣ дар самти эҳёи марказҳои фарҳангию маъмурӣ ва тандурустӣ ҷоннок гашт. Қасри фарҳангу боғи истироҳатӣ ободу зебо шуда, ҷои истироҳату дӯстдоштании мардум гардид. Бо талошу заҳматҳои ӯ дар як муддати кӯтоҳ водии Вахш ба минтақаи пешрафтаи кишоварзӣ табдил ёфт. Акнун кишоварзони Вахш сокинони шаҳрро бо маҳсулоти полезӣ ва мевагӣ таъмин менамуданд.
Соли 1980, замони роҳбарии Ғоибназар Паллаев вилояти Қӯрғонтеппа ба давлат 480 ҳазор тонна пахта супорида, нақшаро пеш аз муҳлат барзиёд иҷро кард. Вилояти Қӯрғонтеппа ду маротиба ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии сотсиалистӣ шуда, бо нишони Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи шаҳри Москва сазовор гардидааст. Ғоибназар Паллаев ҳамон сол бо ордени Ленин сарфароз гардид.
Фаъолияти ҷамъиятӣ ва роҳбарии Ғоибназар Паллаев доманадор ва серпаҳлу буда, номбурда дар тамоми ҷанбаҳои меҳнат ва роҳбарӣ аз худ намунаи баланди инсондӯстӣ ва серталабӣ нишон додааст. Пеш аз нафақа (соли 1990) раиси Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон буд. Аз соли 1990 то дами марг раисии Кумитаи якдилӣ ва ҳамраъйии халқҳои Осиё ва Африқоро дар Тоҷикистон ба зимма дошт.
Дар замони соҳибистиқлолӣ барои гиромӣ доштани хотираи ин марди наҷиб тадбирҳои зиёд амалӣ шудааст. Хизматҳои чандинсолаю бенуқсони собиқадори ҷангу меҳнат зиндаёд Ғоибназар Паллаев бо ду ордени Ленин, медалҳои «Барои ғалаба ба Германияи фашистӣ», «Барои шуҷоат» ду ордени «Нишони фахрӣ», медали «Ветерани меҳнат» ва Ифтихорномаи КМ ПК Тоҷикистон қадр шудааст.
Фарзандону пайвандонаш номбардори номи неки волидайн буда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият доранд. Онҳо идомабахши роҳи падар буда, хотираи ӯро пос медоранд.
Маҷид Салим,
нависанда