17-уми майи соли 2024 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ бо директори минтақавӣ оид ба рушди инсонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Михал Рутковский мулоқот намуданд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки тӯли зиёда аз 20 сол Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба обу иқлимро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бомуваффақият пеш мебарад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 5 қатъномаро марбут ба масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо қабул намуд. «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015», Соли байналмилалии «Ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими кишвари мо мебошанд.
Қабули қатъномаҳои мазкур имкон дод, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, бахусус мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва нестшавии пиряхҳо, бештар ҷалб гардида, барои ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешида шаванд.
- Мо аз Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии ҳаллу фасли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён менамоем. Умед дорем, ки ҳаҷми маблағгузориҳо ба Тоҷикистон барои амалӣ сохтани лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ вобаста ба пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим зиёд карда мешаванд.
Боиси қаноатмандист, ки рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷонибаамон басо гуногунҷанба буда, соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, обу энергетика ва коҳиши сатҳи камбизоатиро дар бар мегирад, — таъкид гардид дар мулоқот.