19-уми майи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ҳамасола дар ҷумҳурии мо бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дави миллӣ баргузор мегардад.
Дави миллӣ, аслан дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.
Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тавассути кӯчаҳои Карамов — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» баргузор гардид. Дар ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ибрози андеша намуданд.
Дар доираи Дави миллӣ танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 55 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 1600 нафар иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо Дави миллӣ воситаи сарҷамъии миллат, дӯстию рафоқат ва воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба шаҳрвандон мебошад. Имрӯзҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда, варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Сохта ва ба истифода додани иншооти гуногуни варзиш ва муваффақиятҳои бузурги варзишгарони мамлакат аз рушду нумӯи варзиш дарак медиҳад.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»