Душанбе — шаҳри умеду орзуҳо

№123 (3269) 21.10.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 90 — солагии ба мақоми пойтахт соҳиб шудани шаҳри Душанбе

 18 октябри соли 2014

 суханрони

Дӯстони азиз!

Меҳмонони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Миллати тамаддунсози мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ фарҳанги ғаниву рангини маънавию моддӣ, афкори камназири фалсафӣ, адабиёти оламшумул, санъати нодири шаҳрсозӣ ва ҳунармандиву меъмориро ба вуҷуд оварда, ба ганҷинаи тамаддуни башар саҳми басо арзишманд гузоштааст.

Мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки амалҳои созандаву бунёдкорона ва эҷодкориву офарандагӣ фазилати муҳимтарину хосаи миллати тоҷик буда, ҳунару санъати шаҳрсозиву шаҳрдории тоҷикон аз умқи асрҳо сарчашма мегирад.Дар ин росто, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон 90 сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта, ҳамчун мавзеи куҳанбунёд ва айни замон ҷавон дар радифи шаҳрҳои бостониамон дар ҳаёти мардумамон нақши муассир гузоштааст.

Имрӯз, ки ҳамаи мову шумо ба ифтихори гиромидошти 90 — солагии мақоми пойтахтро гирифтани шаҳри умеду орзуҳои тамоми тоҷикон ҷамъ омадаем, кулли мардуми тоҷик ва меҳмонони шаҳри зебои Душанберо бо ин санаи фархунда самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини пойтахт суботу оромӣ, файзу баракат ва ба шаҳри ҳамешасабзамон пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад.

Аз ҷумлаи ифтихороти мо дар замони соҳибистиқлолии Ватани муқаддасамон аст, ки муҷассама ва маҷмааи ёдгории асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон — Исмоили Сомонӣ ба муносибати 1100 — солагии давлатдории аҷдоди некномамон — Сомониён ҳамчун тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи таҳкими ваҳдати милливу эҳёи Тоҷикистон маҳз дар майдони марказии шаҳри Душанбе гузошта шуд.

Дӯстони азиз!

Ҳарчанд ки оғози давраи рушди Душанбе ҳамчун шаҳр асосан ба нимаи аввали асри бистум баробар омадааст, вале ин мавзеъ бо иқлими мусоид ва мавқеи мувофиқи ҷуғрофии он чун макони зисту фаъолияти одамон таърихи басо тӯлонӣ дорад. Бостоншиносон аз ҳудуди шаҳри Душанбе бозёфтҳои таърихиеро ба даст овардаанд, ки ба ҳазорсолаҳои чоруму сеюми то мелод, яъне ба асри неолит тааллуқ дошта, олимон ин давраро дар таърих «маданияти Ҳисор» номгузорӣ кардаанд.

Аз ҷумла деҳаи қадимае, ки дар мавзеи ба ҳам омадани рӯдҳои Лучобу Душанбе ҳафриёт шудааст, далели гуфтаҳои боло мебошад.Инчунин аз ҳудуди шаҳри Душанбе асбобу олоти сангиву мисӣ ва бозёфтҳои нодири давраи асри биринҷӣ ба даст омадаанд, ки аз таърихи куҳан доштани шаҳри Душанбе далолат мекунанд.

Дар давраҳои баъдӣ ҳудуди имрӯзаи Душанбе ба ҳайати мулки Шумон шомил буда, бо ташкили давлати Сомониён дар баробари минтақаҳои дигари он мавзеи Душанбе ва водии Ҳисор низ ривоҷ пайдо кардааст. Ҳар ҳафта рӯзи душанбе дар ин ҷо калонтарин бозори минтақа барпо мешудааст ва Душанбе ном гирифтани он низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.

Номи Душанбе бори нахуст моҳи декабри соли 1676 дар номаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи давлати рус Романов зикр гардида, дар он оид ба сокин будани аҳолӣ дар мавзеи Душанбе маълумот дода шудааст. Инчунин ҳанӯз чандин аср пеш аз ин олим ва муаррихи ибтидои асри ҳаштум Маҳмуд ибни Валии Балхӣ доир ба иқлими мусоид, олами наботот ва ҳайвоноти мавзеи Душанбе ва атрофи он маълумоти фаровон додааст.

Душанбе то замони шӯравӣ як деҳаи хурде буд, ки ҳудуди он аз Боғи ботаникӣ — имрӯза Боғи Ирам то Хонаи радио тӯл мекашид.

Сокинони таҳҷоии Душанбе бо шуғли кишоварзиву чорводорӣ, ҳунарҳои чармгариву кулолгарӣ, заргариву мисгарӣ, оҳангариву дуредгарӣ ва кафшдӯзиву ресандагӣ маъруф будаанд ва ба шаҳрҳои бузургу пешрафтаи он замон рафтуомад доштаанд.

21-уми августи соли 1924 аъзои комиссияи тақсимоти ҳудудиву миллии Осиёи Миёна ба хулоса омаданд, ки деҳаи Душанбе маркази Вилояти Мухтори Тоҷикистон муайян карда шавад.

Ҳамин тавр, 14-уми октябри соли 1924, баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, деҳаи Душанбе пойтахти он эълон гардид.

Дар замони шӯравӣ шаҳри Душанбе тадриҷан васеъ шуда, ободу зебо мегардад ва ҳамчун пойтахт симои худро пайдо карда, сол аз сол ба маркази сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон табдил меёбад.

Ҳозирини арҷманд!

Қобили зикри махсус аст, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст.

Дар ин муддати на чандон тӯлонӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ, аз қабили Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва бинои муҳташами Кохи Наврӯз эъмор гардида ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуданд.

Ҳамчунин қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, бунёд гардидани Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи Наврӯзгоҳ, Боғи «Пойтахт» барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва Маркази ҳамноми тиҷоратӣ аз қабили ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯйи санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо ба ҳисоб мераванд. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин бунёдкориву ободкорӣ, инчунин садҳо иморатҳои таъиноти гуногун бо заҳмати шабонарӯзии мутахассисону коргарони ватанӣ бунёд гардидаанд.

Ҳамзамон бо ин, шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои гуногун ба бисёр дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ва шоёни таҳсин ноил шудааст. Барои тасдиқи ин суханҳо таваҷҷуҳи шуморо ба рақамҳои зерин ҷалб мекунам. Маҷмӯи маҳсулоти умумии шаҳри Душанбе соли 2013 дар муқоиса ба соли 2000-ум 22 баробар афзуда, қариб ба 9 миллиард сомонӣ расидааст.Танҳо дар ҳафт соли охир шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Душанбе 290 адад афзудааст ва шумораи умумии онҳо соли гузашта ба 438 расида, мутаносибан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз як миллиард сомониро ташкил додааст.

Ҳамчунин танҳо дар давоми соли гузашта дар пойтахт аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиявӣ ба маблағи беш аз ду миллиард сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2004-ум даҳ баробар зиёд мебошад. Дар ин давра сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ду баробар зиёд гардида, соли сипаришуда 205 ҳазор метри мураббаъро ташкил додааст. Ҳамзамон бо ин, таъмиру таҷдиди роҳҳои пойтахт босуръат идома дошта, дар ҳафт соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин мақсад зиёда аз 15 баробар афзудааст.

Шаҳри Душанбе дар зарфи 90 сол ба маркази бузурги илму маърифат, шаҳри ормону орзуи миллионҳо нафар тоҷикони бурунмарзӣ табдил ёфта, ҳамчун макони баргузории чорабиниву ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ, симпозиуму конфронсҳо ва мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони кишварҳои гуногуни олам эътибори хоса пайдо кардааст.

Воқеан, пойтахти Ватани маҳбубамон дар ҷодаи ташаккулёбӣ ва ба ҳам омадани неруҳои созандаи кишвар нақши муассир дорад, зеро таҳкими суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа худ кафили осоиши тамоми қаламрави мамлакат мебошад.

Имрӯз шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо, Ташкилоти байналмилалии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ буда, бо 15 шаҳри Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, минтақаҳои Осиё ва Африқову Амрико муносибатҳои дӯстонаву бародарона барқарор намудааст. Шаҳри Душанбе ҳамчунин дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг бо як қатор шаҳрҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла шаҳри Москва, ҳамкориҳои судманд дорад.

Соли 2012 маҳз бо дарназардошти ҷавобгӯ будан ба талаботи институтҳои Созмони Милали Муттаҳид шаҳри Душанбе дар радифи шаҳрҳои бузурги дунё ба мукофоти олии ин созмони бонуфуз — Ҷоизаи Шаҳри сулҳи ЮНЕСКО сарфароз гардонида шуд. Шаҳри Душанбе дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши арзанда дорад ва итминон дорам, ки минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро тавсеаву густариш мебахшад.

Хотиррасон кардан бамаврид аст, ки шаҳри Душанбе макони зиндагиву фаъолияти ҳазорон шахсиятҳои маъруф, аҳли илм ва адабу санъати тоҷик, аз ҷумла қаҳрамонони Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ҳар яки онҳо барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз ва шаҳри Душанбе, инчунин ҷиҳати пуштибониву муаррифии шоистаи халқи тоҷик азму талошҳои фидокорона анҷом додаанд. Имрӯз дар пойтахт неруҳои асосии илмиву техникӣ ва фарҳангиву адабии мамлакат муттаҳид гардида, дар рушду тараққиёти илму фарҳанги ватанӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон фаъолона саҳмгузорӣ менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки мушоҳида мекунем, шаҳри Душанбе сол аз сол ободу зебо ва ҳудуди он васеъ мегардад.Ҳамзамон бо ин, ҳамаи мо ва дар навбати аввал масъулони шаҳрдориро зарур аст, ки барои таъмини зиндагии орому осудаи сокинон, фаъолияти босамари корхонаву муассисаҳо ва будубоши мусоиду бофароғати меҳмонон тамоми шароитро муҳайё созем.

Мо бояд дар пойтахт чунин фазоеро фароҳам оварем, ки ҳар як меҳмон имконияти ошноии ҳамаҷониба пайдо кардан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии мардуми куҳанбунёдамонро дошта бошад ва муҳаббату меҳмоннавозӣ, муносибати дӯстона ва хайрхоҳонаи моро эҳсос намояд.Дар ин раванд, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки пойтахт симо ва оинаи давлату миллат мебошад ва барои покизаву пурҷило нигоҳ доштан ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он ҳамаи сохтору мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳар як сокини пойтахт масъулият доранд.

Таҷрибаи ҷаҳонии шаҳрдорӣ, алалхусус бунёди пойтахти давлатҳои куҳанбунёду пешрафта, нишон медиҳад, ки шаҳр ва хусусан пойтахт бояд инъикоскунандаи беҳтарин хусусиятҳову унсурҳои меъмории миллӣ бошад, яъне, симои миллӣ дошта бошад. Ҳамчунин фаромӯш набояд кард, ки пойтахт, пеш аз ҳама, маркази маъмурии давлат аст. Бинобар ин, иншооту биноҳои бунёдшаванда бояд ба талаботу меъёрҳои муосир ҷавобгӯ бошанд.Зарур аст, ки ин масъалаи муҳим таҳти назорати доимии Агентии сохтмон ва меъморӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта бошад.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар дурнамои наздик барои рушду тараққиёти пойтахт баъзе мушкилоте ба вуҷуд меоянд, ки бояд аз ҳоло ҷиҳати ҳалли онҳо андеша кунем ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоем. Аз ҷумла, баъзан мавридҳо, бинобар норасоии нақлиёти мусофирбар ва танзими нокифояи ҳаракати воситаҳои нақлиёт, сокинони пойтахт ба мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Аз сӯи дигар, танҳо шумораи воситаҳои нақлиёти шахсии сокинони пойтахт дар соли 2013 беш аз 57 ҳазор ададро ташкил додааст, ки назар ба соли 2004 наздики ду баробар зиёд мебошад ва ин масъала низ бояд назорат ва танзим карда шавад, то ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва амнияти сокинону меҳмонони пойтахт таъмин гардад.

Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, бо дарназардошти афзоиши аҳолии пойтахт, биноҳои маъмуриву истиқоматии баландошёна ва воситаҳои нақлиёт ҷиҳати васеъ намудани роҳу пулҳо, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо, инчунин дигар шабакаҳои муосири коммуникатсиониву хизматрасонӣ, барқу обрасонӣ, бунёди истгоҳҳои шабонарӯзӣ барои воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Тибқи маълумот, ҳоло шумораи аҳолии кишвар ба 8,5 миллион наздик расида, шумораи сокинони пойтахт, бо дарназардошти вуруду хориҷшавии ҳамарӯзаи меҳмонон, қариб як миллион нафарро ташкил медиҳад.Дар шаҳри Душанбе ҷавонону толибилмони зиёд аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъ омада, барои омӯзиши илму дониш ва дарёфти шуғл талош меварзанд. Яъне, пойтахт маркази илму маърифат ва донишу фарҳанг мебошад.

Тибқи маълумот, қариб 38 фоизи аҳолии пойтахтро ҷавонони то синни 40 – сола ташкил медиҳанд, ки онҳо дорои неруи тавонои зеҳниву ақлонӣ буда, дар раванди корҳои созандагиву ободонии пойтахт ва кишвари азизамон саҳмгузорӣ карда истодаанд.

Масъалаи дигаре, ки бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта бошад, риояи фарҳангу одоби шаҳрнишинӣ, яъне тозаву озода нигоҳ доштани хонаву маҳалли зист, иштироки фаъолонаву ғамхорона дар корҳои ободонии пойтахт ва эҳтиёт кардани ҳар як буттаву дарахти сарсабзи он, инчунин сарфаю сариштакорӣ аз ҷониби сокинони пойтахт мебошад.

Бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳалли бисёр масъалаҳои вобаста ба рушди пойтахт аз эҳсоси масъулиятшиносӣ, қобилияти ташкилотчигиву роҳбарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, сатҳи донишу кордонӣ ва муносибати дилсӯзонаи ҳар як сокини пойтахт ва албатта, роҳбарону масъулони сохторҳои гуногуни шаҳрдорӣ вобастагӣ дорад.

Дар ин росто, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав ва дар онҳо фароҳам овардани ҳамаи шароити замонавӣ, ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои кории иловагӣ барои сокинони пойтахт аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад.

Такроран иброз медорам, ки дар ҳамаи равандҳои созанда ва умуман дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат пойтахт нақши муассир мебозад.Бовар дорам, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар мавқеи пешоҳангиро нигоҳ медорад.

Пойтахти маҳбубамон дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар самти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили муассисаҳои иҷтимоӣ, тозаву озодагии кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғу майдонҳо ҳамеша барои дигар шаҳру ноҳияҳо намунаи ибрат бояд бошад, зеро аз қадимулайём рисолати пойтахт чунин буд ва дар оянда низ чунин хоҳад монд.

Итминон дорам, ки ҳамаи мо ва пеш аз ҳама, сокинони пойтахт дар ҳамбастагӣ қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро бо дарки масъулияти баланд ба хотири ояндаи неки Ватан, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои олии халқу давлатамон иҷро хоҳем кард.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо заҳмати софдилона ва ҳиммати аҳлона пойтахти маҳбубамонро ободу пешрафта гардонем, шуҳрати онро боз ҳам афзун намоем, ба хотири таъмини суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун азму талош варзем, инчунин кӯшиш кунем, ки иҷрои ин корҳои хайр вазифаи муқаддас ва пурифтихори ҳар як шаҳрванди пойтахт гардад.

Дар фарҷом бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори таҷлили 90-солагии соҳиби мақоми пойтахти кишвари маҳбубамон гардидани шаҳри Душанбе самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар ва ҳар оилаи пойтахти зебоямон фазои орому осуда, баракати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзумандам.

Ҷашни камолоти пойтахт муборак, ҳамватанони азиз!