Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди 90-ум аз таъсиси шаҳри Душанбе

№123 (3269) 21.10.2014

90

Ҳаждаҳуми октябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» ба истиқболи солгарди 90-ум аз таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони мақомоти олии қонунбарор ва ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистон, меҳмонони воломақоми хориҷӣ ба толор оғоз ёфт. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷамъомади тантанавиро ифтитоҳ намуда, сухани табрикиро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дод.

Сарвари давлат аз таърихи пурифтихори бостонӣ ва муосири мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз бо сарфарозӣ ёдовар шуда, солгарди 90-уми пойтахти кишвар-шаҳри сарсабзу муаттари Душанберо ба кулли мардуми ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт.

Бо ёдоварӣ аз ҳамсолии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони замони Шӯравӣ изҳори шукру сипос карда шуд, ки дар он замон деҳаи Душанбе ба ҳайси пойтахт интихоб шуда, дар муддати кӯтоҳ ба шаҳри зебо ва маркази маъмурию фарҳангии Ватани азизи мо табдил ёфт.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки шаҳри Душанбе дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон симои комилан наву муосир касб намуда, имрӯз дили ҳар бинандаи онро бо зебоиву озодагии худ тасхир мекунад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки шаҳри Душанбе дар эҳё ва таҳкими Ваҳдати миллии Тоҷикистон саҳми арзандаи таҳсин гузоштааст ва изҳори боварӣ карда шуд, ки оянда ҳам пойтахти дилорои мо рисолати ваҳдатсозии худро бо сарбаландӣ адо мекунад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба санъату фарҳанги шаҳрсозию пойтахтдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар таҳия ва сохтмони кӯчаю хиёбонҳо ва биноҳои нав аз навтарин дастовардҳои меъморию бинокории ҷаҳони муосир истифода бояд кард, то ки шаҳри Душанбе боз ҳам ободу зебо шуда, ба ҳайси пойтахти давлати Тоҷикистон садсолаҳои дигар ба наслҳои оянда хизмат кунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзоиши бесобиқаи аҳолии пойтахт ва шумораи воситаҳои нақлиёт ва ҳам фарсудашавии шабакаҳои коммуникатсионию коммуналӣ ва дигар воситаҳои хизматрасониро аз мушкилоти асосии пойтахт номида, таъкид дошт, ки барои ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда чораҳои муассир бояд андешида шаванд.

Дар охир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин, сокинони пойтахт ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо гузашти 90 сол аз таъсиси шаҳри Душанбе табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ин шаҳри зебо ва сокинони сарфарози он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдату ягонагии аҳолии кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши намоёни худро оянда ҳам мегузоранд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин  вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Виктор Шрейдер,  Президенти Ассамблеяи байналмилалии шаҳрҳо-пойтахтҳо Владимир Селеванов, ноиби мири шаҳри Москва — пойтахти Федератсияи Россия Владимир Лебедев ва ноиби мири  шаҳри Бишкек — пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон Марс Саккараев суханҳои табрикӣ баён доштанд.

Тантанаҳои бахшида ба солгарди 90-уми таъсиси шаҳри Душанбе бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт.

www.president.tj